Илму маърифат – наҷот аз гумроҳӣ

Дар адабиёти ҳуқуқии кишвар иборае ҳаст, ки «хоҳеки озод бошӣ, ғуломи қонун бош». Албатта мо имрўз хуб дарк мекунем, ки ҳамаи самт ва фаъолияти шаҳрвандон дар асоси санадҳои меъёри ҳуқуқии амалкунандаи ҷумҳурӣ ба роҳ монда шудааст.

Мо ҳамон ҷуратеро мепиндорем, ки он баҳри рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии давлат равона шуда бошад ва ҳамон ҷасоратеро мехоҳем, ки он дар ҳифзи марзу буми миллат бар зидди ҳама гуна таҳдиду хатарҳо нигаронида бошад.

Мо хуб медонем, давлатҳои пешрафтаи дунё бо рушди маориф – илму техника ба дараҷаҳои баланд расиданд. Баланд бардоштани сифати таълим имрўз яке аз ҳадафҳои асоси  кишвар махсусан Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки ҳамгироии ҷавонон бо илму марифат ин раҳои ёфтан аз бесаводиву тангфикрии онҳо ба ҳисоб мервад.

Моро зарур аст, ки дар рушд ва такомули илму дониш ҳамаи чораҳои мушаххасро андешида бошем, на бо баҳсҳои сиёсие, ки идеалогия ва сиёсати хориҷӣ имрўз чӣ мехоҳад. Албатта донистани сиёсати имрўзаи ҷаҳон зарур ва мувофиқи мавқей. Ҳадаф дар он аст, ки мо – ҷавонон пеш аз ҳама мавқеи мафкураи сиёсиамонро нисбати вазъи имрўзаи ҷаҳонӣ мушаххасан муайян карда бошем. Аз бекорӣ бисёр фикрҳои нодаркор ва ҳатто зараровар ва дар айни замон зиддиятҳои манфиатҳо ба миён омада, барои қонеъ гардонидани талаботҳои иловагӣ дар руҳияти инсон ба вуҷуд меояд. Аммо аз таҷрибаи зиндагии ҳар як шахс маълум аст, ки дар ягон ҷо кори бе дарду осон нест, ки бар ивази он музди бисёре муайян карда шуда бошад. Терроризм ва экстремизм ҳанўз чун хатарӣ глобалӣ муаррифӣ шудааст ва ҳар гуна таҳлил ва омўзиши он як нитиҷаи ниҳоиро ба вуҷуд меоварад. Яъне расонидани зарар ба аҳолии осоишта, вайронкорию ғоратгарӣ ва дигар бисёр намудҳои зарарро мисол овардан мумкин аст, ки аз ҷониби онҳо нисбати қишри осоиштаи ҷомеа нигаронида шудааст.

Мутаассифона, фаъолияти онҳо дар ҳар гўшаву канори дунё ба амал омада истодааст, ки несту нобут ва решакан  намудани он яке ҳадафҳои асосии амнияти кишвар мебошад. Гурўҳҳои терористӣ мехоҳад аз рўи таҳлилҳои воқеии худ ҷомеаро ба худ ҷалб намояд. Лекин не, он душманони миллат нахоҳад ба мақсадҳои манфури худ расид. Имрўз мардуми мо тафаккури баланд, соҳиби илму маърифат ва ба ҳар гуна ҳолатҳои гуногун баҳои ҳуқуқӣ дода метавонанд. Мо 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳуриамонро дар соли 2019 ҷашн гирифтем ва дар ин сол 30-солагии онро бо як шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн хоҳем гирифт. Албатта ин маънои онро надорад, ки ташаккули таърих ва тамаддуни мо – тоҷикон аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ аст. Таърихи тоҷикон беш аз 5500 сола дошта, баҳри боз ҳам баланд бардоштани номи тоҷикон ва номи ватани азизамон Тоҷикистон мо то дараҷае кўшиш кунем ва дар арсаи байналмилалӣ Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас муаррифӣ намуда бошем.

Самадов Б. – н.и.ҳ., дотсент, мудири кафедраи

 ҳуқуқи соҳибкорӣ ва байналмилалии ДДҲБСТ

You might also like