Истиқлол ва рушди иқтисоди миллӣ

Истиқлолият барои ҳар як миллат арзишмандтарин неъматест, ки тақдири таърихии онро муайян месозад ва роҳнамои рушди ояндааш мегардад. Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба марҳилаи нави таърихӣ ворид шуд, ки дар он мардум бо иродаи қавӣ ва ҳисси баланди ватандорӣ ба сохтмони давлати соҳибихтиёр, демократӣ ва ҳуқуқбунёд оғоз намуданд. Тайи 35 сол кишвар роҳи пурпечутоб, вале пурифтихореро тай намуд, ки дар он дастовардҳои бузург бо заҳмату талоши халқи шарафманд ба даст омадаанд.

Солҳои аввали истиқлол барои Тоҷикистон давраи бисёр ҳассос ва душвор буд. Бо вуҷуди ин, иродаи қавии мардум ва талошҳои роҳбарияти кишвар имкон доданд, ки суботу оромӣ барқарор гардида, пояҳои давлатдории миллӣ таҳким ёбанд. Ваҳдати миллӣ, ки ҳамчун омили асосии сулҳу субот пазируфта мешавад, ба халқи тоҷик имконият фароҳам овард, ки ба сӯи рушди устувор қадам гузорад.

Бо баробари ин, тӯли 35 соли истиқлолият Тоҷикистон дар самтҳои гуногун ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Дар соҳаи иқтисод тадбирҳои муассир андешида шуданд, ки ба рушди бахшҳои муҳими хоҷагии халқ, аз ҷумла энергетика, саноат, кишоварзӣ ва инфрасохтор мусоидат намуданд. Сохтмони роҳҳо, пулҳо ва нақбҳо имконият дод, ки минтақаҳои гуногуни кишвар бо ҳам пайваст шуда, шароити зиндагии мардум беҳтар гардад. Инчунин, татбиқи лоиҳаҳои бузурги энергетикӣ Тоҷикистонро ба як кишвари дорои имкониятҳои васеи энергетикӣ табдил медиҳад. Дар давраи баъд аз соли 2000 иқтисодиёти Тоҷикистон тадриҷан ба марҳилаи рушди устувор ворид гардид. Аз соли 2000 то солҳои охир суръати миёнаи солонаи рушди ММД дар сатҳи 6–8 фоиз нигоҳ дошта шудааст. Агар ҳаҷми ММД дар соли 2000 тақрибан 1,0–1,2 миллиард доллари ИМА-ро ташкил медод, пас то соли 2023 ин нишондиҳанда ба зиёда аз 11–12 миллиард доллар расидааст. ММД ба ҳар сари аҳолӣ низ аз тақрибан 180–200 доллар дар аввали солҳои 2000-ум то зиёда аз 1100–1200 доллар афзоиш ёфтааст.

Боиси зикр аст, ки соҳаи маориф ва илм низ дар ин давра рушд ёфт. Мактабҳо, донишгоҳҳо ва муассисаҳои илмӣ бо шароити муосир таъмин гардида, имкониятҳои таҳсил барои ҷавонон васеъ шуданд. Тарбияи насли наврас ва ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои фарҳангӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад. Зеро, маҳз ҷавонон ояндаи миллат буда, пешрафти минбаъдаи кишвар аз донишу малакаи онҳо вобаста аст.

Дар сиёсати хориҷӣ низ Тоҷикистон мавқеи худро ҳамчун давлати сулҳдӯст ва ҳамкор мустаҳкам кард. Кишвар бо давлатҳои гуногуни ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, дар ҳалли масъалаҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ саҳми арзанда мегузорад. Пешниҳодҳои байналмилалии Тоҷикистон дар самти обу иқлим эътирофи ҷомеаи ҷаҳониро ба даст овардаанд, ки ин аз нуфузи афзояндаи кишвар дар арсаи байналмилалӣ шаҳодат медиҳад.

Тазаккур бояд дод, ки ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон фурсати муносибест, ба роҳи тайнамудаи кишвар назар афканда, дастовардҳоро арзёбӣ намояд ва барои ояндаи дурахшон нақшаҳои нав таҳия намоянд. Ин санаи таърихӣ на танҳо рамзи озодӣ ва соҳибихтиёрӣ, балки нишонаи заҳмату талоши як миллат барои бунёди давлати ободу пешрафта мебошад.

Зеро, ҳисси ватандӯстӣ, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди ҷомеа бояд барои ҳар як шаҳрванд вазифаи муқаддас бошад. Танҳо бо кӯшиши муштарак ва ваҳдати комил метавонем Истиқлолияти худро ҳифз намуда, Тоҷикистонро ба як кишвари пешрафта ва шукуфон табдил диҳем. Ояндаи дурахшони кишвар дар дасти ҳар яки мост ва масъулияти мо дар назди наслҳои оянда аз он иборат аст, ки ин неъмати бузургро ҳифз ва рушд диҳем.

Фаромӯш набояд кард, ки нақши муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле муҳим ва таърихӣ арзёбӣ мегардад. Ӯ ҳамчун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ва Пешвои миллат дар таҳкими давлатдории навини тоҷикон ва рушди устувори кишвар саҳми калидӣ гузоштааст.

Ҳамин тавр, истиқлолияти давлатӣ барои Тоҷикистон на танҳо як дастоварди таърихӣ, балки сарчашмаи ифтихор ва нерӯи пешбарандаи рушди миллӣ мебошад. Дар тӯли 35 сол, кишвар бо вуҷуди ҳамаи мушкилот ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, заминаи устувор барои ояндаи дурахшон фароҳам овардааст. Имрӯз ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд бо ҳисси баланди масъулият ва муҳаббат ба Ватан барои таҳкими истиқлолият ва пешрафти кишвар саҳмгузор бошад.

Ҷураев Фаррух Маъруфҷонович

номзади илмҳои иқтисодӣ,

дотсенти кафедраи Иқтисодиёти корхонаҳо ва минтақа

You might also like