ИШТИРОК ВА ҒОЛИБИЯТИ ДОНИШҶӮЁНИ ДДҲБСТ ДАР ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Санаҳои 29 март то 05 апрели соли 2026, дар асоси таклифномаи расмии Донишгоҳи технологияҳои иттилоотии Тошканд ба номи Муҳаммад Ал-Хоразмии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, бо иҷозати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии раёсати Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, гурӯҳи донишҷӯёни факултети технологияҳои инноватсионӣ ва баҳисобгирии бухгалтерӣ ҷиҳати иштирок дар форуми байналмилалии анъанавии донишҷӯён ба шаҳри Тошканд сафар намуданд.
Ҳайати донишҷӯён аз 4 нафар иборат буда, таҳти роҳбарии сардори раёсати ҳамкориҳои стратегӣ ва байналмилалӣ, н.и.ф., дотсент Шарипов Комилҷон Каримович иштирок намуданд. Дар ҷараёни форум донишҷӯён бо шароити таълим, имкониятҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва инфрасохтори муосири Донишгоҳи технологияҳои иттилоотии Тошканд шинос гардида, инчунин дар як қатор чорабиниҳои илмӣ, озмунҳо ва хакатонҳо фаъолона ширкат варзиданд.
Дар натиҷа, донишҷӯёни Донишгоҳ бо нишон додани донишу малакаи баланд сазовори сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ гардиданд, ки ин аз сатҳи баланди омодагӣ ва қобилияти рақобатпазирии онҳо дар арсаи байналмилалӣ шаҳодат медиҳад.
Қобили зикр аст, ки ҳамкориҳои дуҷониба миёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологияҳои иттилоотии Тошканд ба номи Муҳаммад Ал-Хоразмӣ дар асоси шартномаи ҳамкорӣ, ки санаи 16 апрели соли 2024 дар доираи Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба имзо расидааст, босуръат рушд ёфта истодааст. Дар ин замина, табодули академии донишҷӯён ба як ҷузъи муҳими ҳамкориҳо табдил ёфта, барои тайёр намудани мутахассисони рақобатпазир мутобиқ ба талаботи бозори меҳнати ҷаҳонӣ мусоидат менамояд.
Ҳамзамон, айни ҳол масъалаи таъсиси ихтисосҳои муштарак миёни ду Донишгоҳ мавриди баррасӣ қарор дошта, татбиқи он ба таҳкими бештари робитаҳои илмӣ-таълимӣ ва тавсеаи имкониятҳои донишҷӯён мусоидат хоҳад кард.
Ректори донишгоҳ Шероз Мӯминзода бо донишҷӯён мулоқот намуда, онҳоро барои иштироки фаъолона ва ноил гардидан ба дастовардҳои назаррас дар форуми байналмилалӣ табрик намуда, ба онҳо дар идомаи фаъолияти илмиву таълимӣ барору комёбиҳо таманно кард.
Раёсати Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон минбаъд низ ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълим, рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои такмили донишу малакаи донишҷӯён пайваста чораандешӣ менамояд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа


