Нақши ҷавонон дар таҳкими соҳибистиқлолии давлатӣ

Расидан ба соҳибистиқлолии давлатӣ, бунёди давлати миллӣ, мустақилона муайян намудани дурнамои рушди кишвар ва озодона интихоб кардани роҳи давлатдорӣ кори бисёр душор ва пурифтихор мебошад. Ҳадафи асосии талоши ҳар халқу миллат барои озодӣ, соҳибистиқлолӣ ин таъсиси давлати миллӣ ва идораи мустақилонаи давлатдорӣ ба ҳисоб рафта, танҳо бо роҳи соҳибистиқлолии давлатӣ метавон арзишҳои миллиро эҳё бахшида, симои миллатро дар арсаи байналмилалӣ сазовор муаррифӣ намуд. Дар умум метавон истиқлолиятро чун фароҳам шудани имконият барои расидан ба ормонҳои таърихии миллат маънидод намуд.

Чуноне, ки дар ин бора Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мефармоняд: «Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон аст».

26-соли соҳибистиқлолии давлатии Тоҷикистон дар назди таърих чандон давраи дурудароз ҳам набошад, вале дар ин фосилаи кўтоҳ кишвар ба дастовардҳои назарраси иҷимоиву иқтисодӣ ва сиёсиву фарҳангӣ ноил гардид. Дар пайроҳаи пур аз нишебу фарози соҳибистиқлолӣ саҳми ҷавонон, чун нерўи азими кишвар баробари дигар қишри ҷомеа бисёр назаррас мебошад. Зеро онҳо дар ҳақиқат дорои  имконияти бузурги зеҳниву ҷисмонӣ буда, соҳиби нерўи созандагиву бунёдкорӣ, илму дониш, донандагони забонҳои хориҷӣ ва технологияи замонавӣ мебошанд.

Мантиқан дар кишваре, ки аксарияти онро ҷавонон ташкил медиҳанд, ба эътибор нагирифтан ва пиёда накардани барномаву стратегияҳои дарозмуддат барои инкишофи ҳаёти иҷтимоиву иқисодӣ, баланд бардоштани донишу маърифат ва ҷалби онҳо ба корҳои бунёдкориву созандагии давлат оқибатҳои номатлуб дорад. Чуноне ки сиёсатшинос Миралиён К. қайд намудааст: «Ҷавонон ин гурўҳи иҷтимоӣ-демографии системафоранда, эҷодкор, фаъол ва қишри осебпазири аҳолӣ ба ҳисоб мераванд. Аз ҳамин лиҳоз дар кишварҳои пасошўравӣ ва ҳамчунин  давлатҳои дорои низоми иқтисоди бозорӣ, ҳангоми қабули қарорҳо оид ба масъалаҳои мубрам ба ҷавонон такя карда мешавад».

Мавриди зикр аст, ки дар давраи начандон тўлонӣ вобаста ба ҳифзи ҳуқуқҳои ҷавонон, ҷиҳати ҳалли масъалаҳои муҳими ҳаёти онҳо, инчунин татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, қабул гардиданд, ки татбиқи амалии онҳо ба болоравии нақши ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа мусоидат менамояд.

Назару интизорҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ аз ҷавонон бисёр нек ва баланд буда, бо ин мақсад Шўрои миллии кор бо ҷавонони назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Президенти кишвар ҳангоми ҷаласаи нахустини шўрои мазкур, мақому рисолати ҷавононро дар давлати миллӣ чунин таъриф намуданд: “Аз баракати истиқлолияти давлатӣ имрўз дидгоҳ ва ҷаҳонбинии ҷавонон бакуллӣ тағйир ёфта, сатҳи одобу маърифат ва муносибати онҳо ба зиндагӣ ва иштирокашон дар корҳои давлативу ҷамъиятӣ бамаротиб  беҳтар шудааст. Онҳо нисбат ба ҷавонони охири асри гузашта ба масъалаҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ назари ниҳоят фарох доранд. Баробари ин, ҷавонон дар раванди давлатсозӣ фаъолона иштирок карда, дуруст дарк менамоянд, ки ширкати фаъолона дар ин марҳалаи таърихӣ, пеш аз ҳама, ба манфиати худи онҳо мебошад ва фардо худашон ин давлатро роҳбарӣ ва ободу зебо мегардонанд”.

Бо назардошти аҳамияти боз ҳам бештар пайдо намудани масъалаи таълиму тарбияи наврасону ҷавонон, сафарбар намудани онҳо ба корҳои созандагиву бунёдкории соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 дар Тоҷикистон “Соли ҷавонон” эълон карда шуд, ки мантиқан ин сол бояд барои ҷавонон соле бошад, ки онҳо аз ҷиҳати сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ, фарҳангиву маънавӣ як қадам пеш раванд. Он дар роҳи ҳал намудани мушкилоти ҷавонон ва рушди онҳо кўмак намояд.

Имрўз дар ҳақиқат, замоне фаро расидааст, то бо истифода аз имконияту захираҳои нерўи инсонӣ иқтидори кишварро баланд бардошт. Зеро инкишофу муваффақияти давлат на танҳо аз захираҳои зеризаминӣ, балки бо захираи инсонӣ, ҳадди тавонмандӣ, маҳорати бунёдкориву созандагии шаҳрвандони он вобаста мебошад.

Ба андешаи мо, имрўз дар ҳолати маърифати дурусти моҳияти масъалаи нерўи ҷавонон метавон боз ҳам дар самтҳои гуногуни ҳаёти кишвар, аз он ҷумла, дар соҳаи варзиш, илм, ихтирооту навоварии техникӣ ба мувваффақиятҳои бештар ноил гардид. Таҷрибаҳо нишон додаанд, ки сифати нерўи инсонӣ ҳарчи баланд бошад, ҳамон қадар имконияти рушду инкишофи давлат бештар мегардад. Имрўз давлатҳои пешрафта ҳамон кишварҳое ҳисоб мешаванд, ки бо истифода аз нерўи инсонӣ ба дастовардҳои баланд ноил гардидаанд. Дар ин самт, яке аз масъалаҳои муҳим дар роҳи инкишофи нерўи ҷавонон – ин тарбияи тафаккури созанда ва бунёдкорӣ дар байни онҳо ба ҳисоб меравад.

Тафаккури созанда ҷузъи таркибии тафаккури давлатӣ қарор гирифта, дар байни аҳолии наврасу ҷавони кишвар тарбия ва тарғиб карда шавад. Ин чунин тафаккурест, ки ба рушди шахсияти ҷавонон, созандагиву бунёдкорӣ, таҳкими суботу оромӣ ва баланд бардоштани обрўву нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамояд.

Тарбияи тафаккури созанда ва бунёдкорӣ дар байни ҷавонон имкон фароҳам меоварад, нерўи зеҳниву ҷисмонии дуруст шинохта шуда, ба самти созандагиву бунёдкорӣ равона гардад. Меҳнатдўстӣ чун унсури асоси ин тарзи тафаккур дар роҳи бунёди зиндагии арзанда барои ҳар фарди ҷавон, саҳм доштан дар ободии ҷомеа, пешравии кишвар, ҳифзи суботу оромӣ ва ба рушди ҳамаҷонибаи давлату миллат замина мусоид мегузорад. Дар ҳақиқат, меҳнат ҳам шахсро тарбия мекунад ва ҳам ўро ба дастовардҳои баланд мерасонад. Ба андешаи донишмандон, «дар бунёд ниҳодани бинои рўзгор мақоми амал – меҳнату заҳмати шахсӣ ивазнопазир аст» [4,137]. Меҳнат на танҳо дар бунёди бинои рўзгор, ҳатто, дар ҷодаи ба сатҳи шахсият расидани ҳар нафар мақоми асосӣ дорад. Таҷрибаҳои бойи шахсиятҳои варзида ин ҳамон натиҷаи маҷмўи меҳнату заҳматҳое ҳастанд, ки дар давраи муайян анҷом додаанд.

Имрўз яке аз вазифаҳои асосии ҷавонон саҳм доштан дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва пояҳои давлатдории миллӣ буда, маҳз бо фаъолияти густурда, пеша намудани касбу кори гуногун, пайваста ба меҳнат машғул шудан ва бо доштани тафаккури созандаву ободкорона метавон ин рисолати таърихиро иҷро намуд.

Ба андешаи мо, ҷиҳати баланд бардоштани нерўи ҷавонон ва беҳбуд бахшидани саҳми онҳо дар рушди соҳибистиқлолии давлатӣ, мавриди амал қарор додани масъалаҳои зерин муҳим ба назар мерасад:

  1. Дар марказҳои шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳо таъсис додани Маркази рушди ҷавонони боистеъдод. Дар он марказҳо амалӣ намудани барномаи махсус таҳти унвони «Фарҳанги созандагӣ». Тибқи он ташкил намудани курси омўзишӣ барои ҷавонон ва баланд бардоштани нерўи зеҳнӣ ва фаъолнокии онҳо.
  2. Бо ҷалби олимон ва коршиносони соҳаҳои алоҳида ташкил кардани барномаҳои телевизионӣ доир ба мавзўи «Тафаккури созандагӣ ва фарҳанги меҳнатдўстӣ».
  3. Мунтазам тавассути телевизион намоиш додани фаъолияти босамари шахсони алоҳида, ин ё он гурўҳи иҷтимоие, ки дар ободиву бунёдкории ҷомеа ва пешрафти кишвар саҳмгузор ҳастанд. Аз ҷумла омўзгорон, табибон, олимон, соҳибкорон, варзишгарон, ва ғайра.
  4. Омўхтани паҳлўҳои гуногуни тафаккури созандагӣ, фарҳанги меҳнатдўстӣ ва тавассути ВАО ба мардум пешкаш намудани он.
  5. Аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикстон зиёд гардидани ҳаҷм ва шумораи грантҳои алоҳида барои лоиҳаҳои ихтироъкорӣ, бунёдкорӣ ва созандагии ҷавонон. Иштироки ҷавонон дар корҳои созандагӣ ва бунёди давлати навини миллӣ раванди мураккабу фарох ва гуногунҷабҳа буда, он мақому саҳми ҷавононро дар рушди соҳаҳои илм, иқтисдоиёт, давлатдорӣ, варзиш, ободкорӣ ва ҳаёти иҷтимоию иқисодӣ дар бар мегирад.

Ба дигар маънӣ нақши ҷавонон дар бунёди давлати навин ин саҳми онҳо дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, рушду соҳаҳои хоҷагии халқ ва боло бардоштани мақоми Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Саидзода Шуҳрат

You might also like