ДДҲБСТ: Тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои соҳибистиқлолӣ
Имрӯз дар толори Шурои олимони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мулоқоти судманду муҳими муовини раиси вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода бо ҳайати устодону кормандони Донишгоҳ баргузор гардид. Дар чорабинӣ ректори Донишгоҳ Шероз Мӯминзода, муовинони ректор, роҳбарони раёсату шуъбаҳо, деканони факултетҳо, муовинони деканҳо, инчунин роҳбарони созмону ташкилотҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок намуданд.
Мулоқоти мазкур дар доираи татбиқи сиёсати давлатии марбут ба таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон дар заминаи эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» доир гардид.
Дар оғози ҳамоиш ректори Донишгоҳ Шероз Мӯминзода суханронӣ намуда, аз дастовардҳои назарраси муассиса дар даврони соҳибистиқлолӣ ёдовар шуд. Қайд гардид, ки Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамчун яке аз дастовардҳои муҳимми даврони Истиқлол, дар тайёр намудани мутахассисони баландихтисос ва саҳмгузорӣ дар рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоии кишвар нақши назаррас дорад.
Сипас, муовини раиси вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода доир ба масъалаҳои муҳими худшиносиву худогоҳии миллӣ, эҳтироми арзишҳои фарҳангиву таърихӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои соҳибистиқлолӣ ибрози андеша намуд. Ӯ таъкид кард, ки баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии ҷавонон, мубориза бо падидаҳои номатлуб, аз қабили ифротгароӣ ва бегонапарастӣ, инчунин тақвияти забономӯзӣ миёни донишҷӯён аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҷомеа ба шумор меравад.
Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия, омодасозии кадрҳои рақобатпазир ва густариши корҳои ободониву созандагӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Дар фарҷоми чорабинӣ таъкид гардид, ки чунин мулоқоту суҳбатҳои судманд барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва масъулияти шаҳрвандии ҷавонон мусоидат намуда, дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ нақши муҳим мегузоранд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа















