ДДҲБСТ: «Истиқлоли давлатӣ ва рушди илми ҳуқуқшиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

7 апрели соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон конференсияи илмию назариявии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Истиқлоли давлатӣ ва рушди илми ҳуқуқшиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Чорабинӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 65-солагии фаъолияти илмию омӯзгории Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессори ДДҲБСТ Орипов Темурҷон бахшида шуда, намояндагони мақомоти давлатӣ, олимону муҳаққиқон ва устодону донишҷӯёнро ба ҳам овард. Конференсия бо ташаббуси кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ доир гардид.
Конференсия бо сухани ифтитоҳии муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Донишгоҳ Фурқат Ҳомидзода оғоз гардид. Зимни суханронӣ таъкид шуд, ки дар шароити муосири ҷаҳонӣ ҳифзи истиқлолу озодӣ, таҳкими давлатдорӣ ва рушди илми ҳуқуқшиносӣ аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҷомеа ба шумор мераванд.
Ҳамзамон, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонзода баромад намуда, нақши истиқлолияти давлатӣ ва рушди заминаҳои ҳуқуқиро дар пешрафти кишвар муҳим арзёбӣ намуд.
Дар ҷаласаи пленарии конференсия як қатор маърӯзаҳои илмӣ пешниҳод гардиданд. Аз ҷумла, муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Дониёр Сангинзода дар мавзӯи “Ташаккул ва рушди қонунгузории сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессори кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионии Донишгоҳи давлатии Тиҷорати Тоҷикистон Раззоқов Баҳодур ба таври маҷозӣ доир ба “Баъзе масоили ҳуқуқии таҳкими давлатдории миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, Корманди шоисаи Тоҷикистон, профессори кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Изатулло Муҳаммадиев оид ба “Рушди қонунгузорӣ дар бораи мақомоти прокуратураи Тоҷикистони соҳибистиқлол”, н.и.ҳ., дотсент, сардори факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳматулло дар мавзӯи “Таърихнигории системаи ҳифзи ҳуқуқ, заминаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кормандони ҳифзи ҳуқуқ” ва н.и.ҳ., дотсенти кафедраи ҳуқуқшиносии МТД, ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров Киромиддин Мухторзода перомуни “Мактаби ҳуқуқии профессор Орипов Т.О. дар рушди илми ҳуқуқи конститутсионии муосир” баромад карданд.
Иштирокчиёни конференсия таъкид намуданд, ки дастовардҳои даврони истиқлолият барои рушди устувори низоми ҳуқуқӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ заминаи мусоид фароҳам овардаанд. Дар ин замина, таҳқиқоти илмӣ ва мубодилаи афкор миёни мутахассисон барои пешрафти минбаъдаи илми ҳуқуқшиносӣ аҳамияти хоса доранд.
Дар анҷоми чорабинӣ ба профессор Орипов Темурҷон барои саҳми арзандааш дар рушди илми ҳуқуқшиносӣ ва тарбияи кадрҳои баландихтисос изҳори сипос баён гардид.
Конференсия дар фазои илмӣ баргузор гардида, барои густариши ҳамкориҳои илмӣ заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

You might also like