Тантанаҳои наврӯзӣ дар ДДҲБСТ
17 марти соли 2026 дар саҳни бинои асосии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз доир гардид. Дар чорабинӣ аз ҷониби факултетҳои Донишгоҳ хаймаҳои наврӯзӣ ороста шуда, дар он хӯрокаву хуришҳои хоси ин ҷашни қадимаи мардуми куҳанбунёди тоҷик ба намоиш гузошта шуд. Дар даромадгоҳи Донишгоҳ меҳмонон бо шеъру сурудҳо пешвоз гирифта шуданд, ки ба тантанаҳои ҷашни Наврӯз дар Донишгоҳ шаҳомати хоса бахшид. Роҳбарияти Донишгоҳ ҳамроҳи меҳмонон аз растаҳои оростаи факултетҳо дидан намуданд.
Ректори донишгоҳ Шероз Муминзода иштирокчиёнро ба муносибати Наврӯзи байналмилалӣ шодбош намуда, иброз дошт, ки Наврӯз ҳамчун ҷашни бостонӣ ва мероси гаронбаҳои фарҳангии ниёгон рамзи эҳёи табиат, оғози зиндагии нав, сулҳу дӯстӣ, ҳамдиливу ҳамбастагӣ ва эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ ба шумор меравад. Ин иди куҳанбунёд, ки аз умқи таърихи тамаддуни ориёӣ сарчашма мегирад, имрӯз ба шарофати сиёсати хирадмандона ва фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ мақоми баланд касб намуда, ба яке аз ҷашнҳои муҳими умумибашарӣ табдил ёфтааст.
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки мардуми Тоҷикистон дар фазои сулҳу суботи пойдор, ваҳдати миллӣ ва фазои созандагӣ ин ҷашни аҷдодиро бо руҳияи баланди ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва талош барои пешрафту шукуфоии Ватан таҷлил менамоянд.
Қобили зикр аст, ки таҷлили Наврӯзи имсола ба соли таърихӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омада, ба ин ҷашни пуршукуҳи миллӣ шаҳомати бештар мебахшад. Ин рӯйдоди муҳим моро водор месозад, ки бо ҳисси баланди масъулият, меҳнати содиқона ва фаъолияти созанда дар роҳи таҳкими давлатдории миллӣ, рушди ҷомеа ва ободии Тоҷикистони азиз саҳми арзандаи худро гузорем, илова намуд ректори Донишгоҳ.
Ҳамзамон, намояндаи МИҲД-и вилояти Суғд Мирзоғуфрон Ғафуров ва раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Мунзифа Ҷабборӣ баромад карда изҳор доштанд, ки ҷашни Наврўз таҳти сиёсати дурандешона ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун падидаи хиради созанда, таҷассумгари фалсафаи таҳаммулгароӣ, сулҳу ваҳдат, ҳамзистии осоишта, нишони арҷгузорӣ ба таъриху тамаддун ва анъанаҳои ниёгон ба аҳли башар муаррифӣ гардида, мақоми байналмилалиро соҳиб шудааст.
Дар саҳни чорабиниҳои наврӯзии Донишгоҳӣ низ духтарону бонувони Донишгоҳ бо аз бар намудани либосҳои миллӣ, оростани хони наврӯзӣ ва қироати шеъру гуфторҳои баҳориву наврӯзӣ ба ҳусни тантаҳои ҷашнӣ таровати дигар зам карданд.
Дар доираи чорабинии мазкур байни факултетҳо озмун таҳти унвони “Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст” баргузор гардид, ки аз номинатсияҳои “Беҳтарин хаймаи наврӯзӣ”, “Беҳтарин намоиш ва анъанаҳои наврӯзӣ”, “Беҳтарин зебосанами наврӯзӣ ва баҳори наврӯзӣ”, ва “Беҳтарин суруд ва рақси идона” иборат буд. Дар натиҷаи баҳогузории ҳайати ҳакамон дастаҳои ғолиб муайян гардиданд. Дастаи факултети ҳуқуқшиносӣ соҳиби мақоми аввал, факултети молия ва андоз соҳиби ҷойи дуюм ва факултети технологияҳои инноватсионӣ ва баҳисобгирии бухгалтерӣ соҳиби мақоми сеюм шуданд. Ғолибон бо диплом ва тӯҳфаҳои раёсати Донишгоҳ қадршиносӣ шуданд. Инчунин ба муносибати ин ҷашни фархунда чанде аз кормандони Донишгоҳ бо Сипосномаву Ифтихорномаҳои раёсати Донишгоҳ ва КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд қадршиносӣ шуданд.
Бо барномаи рангини адабиву фарҳангӣ Наврӯзи ҷаҳонӣ дар Донишгоҳ хубу хотирмон ва дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил гардид.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа






































