Маросими супоридани шаҳодатномаҳо ба ғолибони озмуни Стипендияи раёсати донишгоҳ
17 марти соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо иштироки ректори Донишгоҳ, муовинони ректор ва деканони факултетҳо маросими супоридани шаҳодатномаҳо ба ғолибони озмуни Стипендияи раёсати Донишгоҳ доир гардид.
Ректори донишгоҳ Шероз Мӯминзода баргузории чунин озмунҳоро дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони лаёқатманду соҳибмаърифат ва ватандӯсту хештаншинос унвон кард. Ӯ зикр намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро мояи ифтихор ва сарбаландии Тоҷикистон номида, иброз намуданд, ки «ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқати ҷавонони мо ба Ватан, миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ гарави амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад».
Бо дастури ҳидоятҳои Пешвои миллат имрӯз бояд ҷавонон бо илму дониши қавӣ, ақлу заковат, истеъдоду малакаи фитрӣ, маърифати ҳуқуқию сиёсӣ, қобилияту ташаббусҳои наҷиб, иқдомҳои бунёдкорона, касбу ҳунари воло ва бо дарки баланди масъулияти инсонӣ ва ватандӯстиву хештаншиносӣ баҳри таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ саҳми арзишманд гузоранд, илова намуд ректори Донишгоҳ.
Маврид ба зикр аст, ки бо мақсади ҳавасмандгардонӣ ва тақвият бахшидани донишҳои тахассусиву сиёсии донишҷӯёну магистрантон ва докторантони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон озмун барои дарёфти Стипендияи раёсати донишгоҳ, сараввал дар гурӯҳҳои академӣ ва факултетҳо, шуъбаҳои магистратураву докторантура баргузор шуд. Дар даври ниҳоӣ комиссияи озмунӣ аз рӯи шартҳои худмуаррифӣ, сатҳи забондонӣ, дониши сиёсию ҳуқуқӣ, донишҳои тахассусӣ ва иштирок дар корҳои ҷамъиятӣ ба сатҳи дониши довталабон баҳогузорӣ карданд.
Тибқи хулосаи аъзои комиссия довталабоне, ки холҳои баландтаринро аз рӯйи шартҳои озмун ба даст оварданд, барои гирифтани стипендияи раёсати донишгоҳ барои соли хониши 2025-2026 сазовор дониста шуданд.
Ба ҳамаи ғолибони озмун аз ҷониби ректори Донишгоҳ дар шароити тантанавӣ шаҳодатномаи Стипендияи раёсати донишгоҳ супорида шуд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа












