Наврӯзи хуҷастапай омад!

Наврӯз ҳамчун ҷашни бостонӣ ва мероси гаронбаҳои фарҳангии ниёгон рамзи эҳёи табиат, оғози зиндагии нав, сулҳу дӯстӣ, ҳамдиливу ҳамбастагӣ ва эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ ба шумор меравад. Ин иди куҳанбунёд, ки аз умқи таърихи тамаддуни ориёӣ сарчашма мегирад, имрӯз ба шарофати сиёсати хирадмандона ва фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ мақоми баланд касб намуда, ба яке аз ҷашнҳои муҳими умумибашарӣ табдил ёфтааст.
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки мардуми Тоҷикистон дар фазои сулҳу суботи пойдор, ваҳдати миллӣ ва фазои созандагӣ ин ҷашни аҷдодиро бо руҳияи баланди ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва талош барои пешрафту шукуфоии Ватан таҷлил менамоянд.
Қобили зикр аст, ки таҷлили Наврӯзи имсола ба соли таърихӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омада, ба ин ҷашни пуршукуҳи миллӣ шаҳомати бештар мебахшад. Ин рӯйдоди муҳим моро водор месозад, ки бо ҳисси баланди масъулият, меҳнати содиқона ва фаъолияти созанда дар роҳи таҳкими давлатдории миллӣ, рушди ҷомеа ва ободии Тоҷикистони азиз саҳми арзандаи худро гузорем.
Наврӯзи фархундапаю бостонӣ падидаи ҳувиятсоз, хиради созанда, таҷассумгари фалсафаи таҳаммулгароӣ, сулҳу ваҳдат, нишони арҷгузорӣ ба таъриху тамаддун ва навиди бахту саодат ба фардои дурахшон мебошад. Ҷавҳари таърихиву фарҳангии ин ҷашни муқаддас аз саодату пирӯзии аҳли башар, ғояи олии он аз ҳамдигарфаҳмиву ҳамзистии осоишта ва накӯкориву созандагӣ иборат аст. Наврӯзи хуҷастапай ибтидояш решапайванди ҳазорсолаҳост ва шукўҳу шаҳоматаш заррае коста нагардида, то ба рўзҳои мо пойдору устувор омада расидааст.
Иди фархундаю бостонии қавмҳои ориёӣ – Наврўзи байналмилалӣ дар сарзамини биҳиштосои Тоҷикистон имсол низ чун анъанаи неки ниёгони фарзонаамон бо шукргузорӣ аз ваҳдату ягонагӣ, саодату комронӣ, дӯстиву ҳамкорӣ, инсондӯстиву хайрхоҳӣ, шукӯҳу корномаҳои созанда ба хотири боз ҳам нерӯманду пешрафта сохтани давлати соҳибистиқлоламон, таҷлил мегардад.
Бигзор Наврӯзи оламафрӯз ба ҳар хонадон файзу баракат, ба Тоҷикистони азиз сулҳу оромӣ, пешрафту шукуфоӣ ва ба мардуми шарафманди кишвар бахту иқболи нек ҳадя намояд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like