Шикасти равонии наҳзат дар соли 2019

Бояд тазаккур дод, ки Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромади худ бахшида ба Рўзи дониш соли 2019 чунин таъкид намуданд буданд: «Дар замони пуртазод ва зудтағйирёбандаи муосир нақши сулҳ ва пойдории он нисбат ба ҳар вақти дигар аҳаммияти хосса касб кардааст. Зеро сулҳу оромӣ муҳимтарин омили рушди аҳли башар мебошад.

Мардуми Тоҷикистон ҳамеша хостори сулҳу оромӣ дар саросари ҷаҳон буда, хурду бузурги кишвари мо барои ҳифзи ин неъмати бебаҳо саъю талош мекунанд.

Зеро ҳанӯз дар оғози соҳибистиқлолӣ хоинони миллати тоҷик бо пуштибониву маблағгузории хоҷагони хориҷии худ мардуми моро ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор карданд.

Онҳо ба хотири ба даст овардани қудрати сиёсӣ виҷдону имон ва ҳатто мазҳабашонро фурӯхта буданд ва мехостанд ба мардуми тоҷик фарҳангу мазҳаби бегонаро таҳмил карда, дар кишвари тозаистиқлоли мо давлати исломӣ барпо намоянд.

Ин хиёнати таърихии онҳо боиси қурбон шудани беш аз 150 ҳазор нафар ҳамватанонамон, ятим мондани зиёда аз 50 ҳазор нафар кӯдакони бегуноҳ, ба гуреза табдил ёфтани бештар аз як миллион сокинони мамлакат ва хисороти азими моддиву молиявӣ гардид. Дар маҷмӯъ, ҷанги шаҳрвандӣ кишвари моро аз масири рушд даҳсолаҳо ба ақиб партофт.

Дар робита ба ин, ба мардуми шарифи Тоҷикистон хотирнишон менамоям, ки иддае аз хоинони миллати тоҷик ва бадхоҳони давлати мо то ҳанӯз аз нияту нақшаҳои харобиоварашон даст накашидаанд ва дар хориҷи кишвар бо кумаки хоҷаҳои берунии худ ба тӯҳматсозӣ ва дурӯғбофиву дасисабозӣ идома дода истодаанд.

Бояд қайд кард, ки гурўҳи наҳзати террористӣ ва раҳбарияти фирории он Кабирӣ дар як соли ҷорӣ ончунон аз муваффақият ва комёбиҳои давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба хашм омад, ки тобу тоқаташро аз даст дода, бо сахттарин шева ба интиқод пардохт. Ба таври куллӣ, наҳзат  дар соли ҷорӣ аз  Ҳукумати Ҷумҳуриии Тоҷикистон бохтанд. Дуруст аст, ки «хар ба Маккаву Мадина равад, баргардад боз ҳамон хар бошад».

Асолати азалии наҳзатӣ ба қафомонӣ ва пасравӣ гиреҳ хӯрдааст. Дар қалби илму техника ва технологияи муосир ҷой гирифта, ба ақоиди аз воқеият дур ва ба хурофот олуда худро шарманда кардан, танҳо як гурӯҳ ва як тоифа ин корро кардан метавонад. Он ҳам номаш чун хори марғелон ба ҳама намоён аст, вале чизе ки мушаххас аст, аз намуди зоҳирӣ ба касе на нафъаш расидааст, на манфиаташ. Наҳзат як қолаб, муҳраи нимасӯхтаи камранг ва беҳудасарои хориҷист, ки бо сармояи ҳангуфти бегона қад афрохтааст ва кӯшиш мекунад, танҳо бо ҳузур пайдо кардан дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз худ паёме фиристад. Валекин ин паём ҳамон сури ҷанги нави дохилист, ки наҳзат аз дур валвала мекунад. «Валвалакон таг-таги бом, фис-фисакон корро тамом» гуфтагӣ барин масалҳо ҳаст, ки наҳзат афсӯс ва сад афсӯс, ки аз ин дурдонаҳои фарҳангии халқи тоҷик баҳра намебарад.

Ҳизби наҳзат тавону қудрати муқобила, муомила ва мусолиҳаро кайҳо боз гум кардааст ва ба як созмони нимақавмӣ ва авлодӣ табдил ёфтааст. Ҳоло наҳзатиҳо аз нигоҳу назари ҳувиятӣ ба чала табдил ёфтаанд, ки на тоҷикият ва на мусулмонии онҳо ба дигарон маълум нест. Инро шикасти равонӣ мегӯянд, ки наҳзат дар соли 2019 дучор гардид ва гумони ғолиб дар соли 2020 низ идома меёбад.

Дасисаву тӯҳматбофӣ дар ҳаққи Ватан, модар, миллат, давлат ва зодгоҳи худ, яъне обу хоке, ки онҳоро парваридааст, хусусияти зотӣ ва хислати пасти инсонии чунин шахсони хиёнатпеша мебошад.

Тўраев З.С. – сармуаллими кафедраи

забонҳои хориҷии ДДҲБСТ

You might also like