Дипломатия – беҳтарин василаест барои ҳалли муаммоҳои байналхалқӣ

Инсоният дар тўли тамоми мавҷудияти худ бо муаммоҳои зиёде рў ба рў шуда барои бартараф ва пешгирӣ намудани онҳо аз ҳаргуна чораҳо ва воситаҳо истифода намуда, таҷрибаи кофи низ барои ҳалли ин муаммоҳо пайдо намудааст.

Муаммоҳо гуногун буда, онҳоро ба гуруҳҳои гуногун ҷудо мекунанд, ки дар байни онҳо муаммоҳои байналхалқӣ дар ҷои аввал меистанд. Ин намуд муаммоҳоро «муаммоҳои глобалӣ» ё «муаммоҳои ҷаҳонӣ» низ мегуянд.

Муаммоҳои глобалии замон гуфта он муаммоҳоеро меноманд, ки боиси ташвиши оламиён гаштаанд, яъне онҳо сарҳади давлатӣ надоранд.

  Муаммоҳои глобалӣ ҳоло яке аз масъалаҳои доғи ҳаёти тамоми аҳолии ҷаҳон гаштааст. Ин мафҳумро аввалин маротиба олими амрикоӣ Р.Робертсон дар асари хеш «Муҳокимаи глобалӣ» мавриди истифода қарор додааст. Таҳти масъалаҳои глобалӣ ҷиҳатҳои хатарангези ҳаёти одамон фаҳмида мешавад, ки дар натиҷаи фаъолияти худи онҳо пайдо шудаанд ва аҳолии сайёраро фаро мегиранд. Аз ҷумла:

– хатари озмоиш ва паҳншавии яроқи қатли ом;

– масъалаи экологӣ ва энергетикӣ;

– касалиҳои вазнин ва одатҳои зарарнок (СПИД, саратон, майзадагӣ ва нашъамандӣ);

– масъалаи иқтисодӣ – демографӣ (номувафақатии дараҷаи афзоиши аҳолӣ,  қувваҳои истеҳсолкунанда, фарқияти байни дараҷаи зиндагии халқҳои мамлакатҳои тараққикарда ва рў ба тараққӣ ниҳода);

– болоравии ҷинояткорӣ, экстримизми динӣ, терроризми байналхалқӣ ва наркобизнес ба ҳисоб меравад.

Ҳалли ин масъалаҳои глобалии замона, ки боиси ташвиши тамоми халқҳои олам гаштааст, танҳо дар натиҷаи муборизаи якҷояи давлатҳои дунё амалӣ хоҳанд шуд.

Дар ин ҷода нақши дипломатия ва роҳу усулҳои он барои бартараф намудани муаммоҳои байналхалқӣ беҳтарин воситаес, ки инсоният дар тўли маҷудияти худ ба вуҷуд овардааст.

Бахусус дар бартараф ва пешгирии низоҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ, терроризму экстремизм усулҳои дастаҷамонаи дипломатӣ натиҷаҳои бештар медиҳанд назар ба истифодаи қувва.

Аз воситаҳои дипломатӣ истифода бурдан дар раванди низоҳҳо ва пешгирии онҳо президенти кишвари мо аз минбари Созмони миллали муттаҳид баромад карда чунин гуфтанд: «Комёбӣ дар амалҳои муштарак ҷиҳати пешгирӣ ва ҳалли низоъҳо, ҷустуҷӯйи роҳҳои сулҳомези рафъи буҳрону ихтилофҳо, пеш аз ҳама, бо истифодаи самараноки дипломатияи боздоранда ва фаъолияти миёнаравӣ   вобастагӣ дорад».

Барои комёб щудан дар ҳалли муаммоҳои байналхалқӣ бояд ҷомеаи ҷаҳонӣ ва алалхусус давлатҳое, ки дар ҳаллӣ ин муаммоҳо нақши ҳалкунанда доранд бе истифодаи меъёрҳои дугона ё дурўягӣ амал намоянд. Дар ҳамин маврид Президенти кишвари мо аз минбари СММ баромад намуда чунин қайд намуданд: «Имрӯз ҳамаи мо шоҳиди рӯйдоду воқеаҳои даҳшатноку фоҷиаборе мебошем, ки дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон идома доранд.

Тавсеаи миқёси терроризм ва ифротгароӣ, ҷангу низоъҳои мусаллаҳонаи мазҳабӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба амнияти кишварҳои мо хатари ҷиддӣ эҷод карда истодаанд.

Ҳоло фаъолшавии гурӯҳҳои террористиву ифротгаро ва дигар ҷунбишҳои иртиҷоӣ дар нуқтаҳои доғи ҷаҳон амнияти тамоми мардуми сайёраро зери хатар қарор додааст.

Бори дигар таъкид менамоем, ки амалҳои ваҳшиёнаи ин неруҳо бо дини мубини ислом ҳеҷ гуна робитае надоранд. Онҳо, баръакс, мухолифи таълимоти ахлоқӣ ва арзишҳои таҳаммулгарову инсондӯстонаи ислом мебошанд.

Мубориза алайҳи таҳдидҳои зикршуда аз ҷониби ҳамаи давлатҳои аъзои Созмон андешидани чораҳои қотеъонаи муштарак дар доираи ҳуқуқи байналмилалӣ ва худдорӣ намуданро аз истифодаи меъёрҳои дугона тақозо менамояд».

Ҳодисаҳои дар минтақаҳои гуногуни олам рухдода аз қабили Ироқ, Сирия, Ливия, Яман, Афғонистон, Миянма, Украина ва Фаластин нишон медиҳанд, ки бо истифодаи қувва ин муаммоҳои ҷойдошта ҳалли худро намеёбанд.

Вазъияти давлати Сирия ва раванди гуфтушуниди давлат бо гуруҳҳои мухолифин, ки чанд маротиба дар давлати Қазоқистон гузашт, натиҷаҳои хубро нишон дод. Яъне бо роҳи дипломатӣ ҳал намудани муаммои ҷойдошта дар ин давлатро дидан мумкин аст.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо дар баромадҳои худ чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷ оиди масъалаи Афғонистон такид мекунанд, ки роҳи асосии ба ин кишвари ҷангзада овардани сулҳу ваҳдат натанҳо дар истифодаи қувва балки бо роҳи гуфтушунид ва ҳамкориҳои судманд дар соҳаҳои гуногун метавон муамморо бартараф намуд.

Мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ки даромад аз муомилоти он яке аз манбаъҳои асосии маблағгузории терроризми байналмилалӣ мебошад, кӯшишҳои дастаҷамъонаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла созмонҳои байналмилаливу минтақавиро тақозо мекунад».

Бояд қайд намуд, ки кишвари мо яке аз он кишварҳое мебошад, ки маҳз бо роҳи дипломатӣ, яъне гуфтушунид тавонист, ки давлату миллати худро аз вартаи ҷанги шаҳрвандӣ ва нестшавӣ эмин дорад.  Ва дар як вақти кутоҳ ба дастоварҳои бузург дар тамоми соҳаҳо комёб шавад.

Таҷрибаи сулҳи тоҷикон яке аз намунаҳои беҳтарини бо роҳи дипломатӣ ҳал намудани низоъ ба ҳисоб меравад. Ҳамаи гуфтаҳои боло бори дигар исбот мекунанд, ки «Дипломатия беҳтарин василаест барои ҳалли муаммоҳои байналхалқӣ».

 

                                   Давлатов У. Н.

You might also like