Терроризм ва экстремизм падидаҳои номатлуби ҷаҳони муосир
Дар суханронии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, ки солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд.
Дар ҳақиқат имрўз терроризм ва экстремизм яке аз масъалаҳои глобалии ҷаҳони муосир мебошад.
Терроризм ва экстремизм хусусияти байналмиллалӣ ва трансмиллиро касб кардааст, зеро дар баъзе давлатҳо ин падидаҳои номатлуб содир шуда истодаанд, ба монанди Сурия, Ироқ, Афғонистон ва дигар давлатҳо. Хавфи авҷ гирифтани терроризм ва экстремизми байналхалқиро тамоми ҷомеаи ҷаҳон баробар дарк намудааст. Дар ин вазъият андешидани тадбирҳои қатъиро ба таъхир гузоштан мумкин нест. Зимни ин баробари тақвият бахшидани фаъолияти зиддитеррористӣ ҳамдастию ҳамкории тамоми давлатҳоро қавӣ гардондан ва ба низом даровардан лозим аст. Вобаста ба ин дар мубориза зидди ин зухуроти манфии ҳаёти байналхалқӣ ҷидду ҷаҳди муштараки тамоми давлатҳо зарур аст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон мубориза бар зидди терроризми байналмилалиро ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ ва тамоми ҷаҳон баррасӣ намуда, барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои муштарак дар ин самт баромад мекунад. Мубориза бар зидди терроризм ба ошкор намудан, пешгирӣ ва аз байн бурдани кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ, ногузирии ҷазо барои ҳама гуна ҷиноят, ҳифзи ҳуқуқи инсон ба амнияти шахсӣ, сарфи назар аз миллият, шаҳрвандӣ, эътиқоди динӣ, ақида ва нуқтаи назар равона гардидааст. Инчунин тибқи Созишномаҳои байналмилалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст дар қаламрави худ ба фаъолияти террористӣ, ки муқобили манфиатҳои дигар давлатҳо ва шаҳрвандони онҳо нигаронида шудааст, роҳ надиҳад, ба террористон паноҳгоҳ фароҳам наорад, низоми самарабахши муборизаро зидди маблағгузории терроризм таъсис диҳад ва таблиғоти террористиро пешгирӣ намояд.
Терроризми имрўза ба манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳдид мекунад. Дар чунин шароит Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ ва ҷаҳон ташкил додани низоми ягона ва муосири мубориза бар зидди терроризмро вазифаи афзалиятноки худ мешуморад.
Сармуаллимаи кафедраи ҳуқуқи
ҷиноятӣ ва криминалистика
Каримова М.М.