Конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ таҳти унвони «Такмили қонунгузории зиддикоррупсионӣ: муаммоҳо ва дурнамои рушд»

Раёсати Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд  санаи 4 феврали соли 2020 Конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ таҳти унвони «Такмили қонунгузории зиддикоррупсионӣ: муаммоҳо ва дурнамои рушд» баргузор менамояд.

Дар доираи конференсия муҳокимаи маърӯзаҳо аз рӯйи мавзӯъҳои меҳварии зерин пешбинӣ мегардад:

  1. Коррупсия ҳамчун падидаи носолими ҷомеа, омилҳои ба пайдоиши зуҳуроти коррупсионӣ мусоидаткунанда
  2. Масъалаҳои такмили қонунгузории зиддикоррупсионӣ ҳамчун воситаи муҳими пешгирии зуҳуроти коррупсионй
  3. Роҳҳои таъмини самаранокии сиёсати давлатӣ дар самти муқовимат ба коррупсия
  4. Ташаккули шуури зиддикоррупсионии ҷомеа дар шароити демократикунонии ҳаёти давлативу чамъиятӣ
  5. Пасомадҳои иқтисодиву иҷтимоии зуҳуроти коррупсионӣ ва чораҳои пешгирии онҳо
  6. Таносуби сатҳи ҷиноятҳои хусусияти террористиву ифротгароидошта бо сатҳи умумии коррупсия дар ҷомеа
  7. Таҷрибаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар самти таъмини самаранокии мубориза бо падидаҳои коррупсионӣ

Забони кори конференсия: тоҷикӣ ва русӣ.

Талабот ба таҳияи мақолаҳо ва кори конференсия:

– риояи меъёрҳои нигориши мақолоти илмӣ ҳатмист;

– мақола қаблан дар ҳеҷ ҷой нашр  ва ироа нашуда бошад;

– ҳаҷми мақола бо назардошти рӯйхати адабиёти истифодашуда то 6-8 саҳифаро тибқи формати А-4 дар бар гирад;

– ҳуруфи асосӣ Times New Roman Tj, андозаи ҳарф -14 ва фосилаи байни сатрҳо 1,5 бошад;

– иқтибос ба адабиёт дар қавси квадратӣ оварда шавад;

– интихоб ва қабули мақолаҳо ба уҳдаи ҳайати илмии конференсия аст;

– хароҷоти сафар ва будубоши иштирокчиёни конференсия ба уҳдаи худи онҳо аст.

– нишонаи электронӣ барои ирсол кардани мақолаҳо:  fayzulloeva_munira@mail.ru ё мустақиман ба суроғаи кумитаи тадорукот;

– охирин мӯҳлати қабули мавод – 10 январи соли 2020.

Маводи конференсия дар шакли маҷмӯаи мақолаҳо ба табъ мерасад.

Суроғаи мо: 735700, ш. Хуҷанд, микроноҳияи 17, бинои 1, ДДҲБСТ, Раёсати корҳои илмию таҳқиқотӣ (ошёнаи сеюм),   утоқи  309.  Телефон барои тамос: (+992) 83422 2-31-63, (+992)92 858 11 22.

You might also like