Модар – оғозбахши зиндагии босаодат
Имрӯз занону бонувон дар баробари иҷрои рисолати муқаддаси модарӣ дар пешбурди сиёсати давлатӣ, рушди илму фарҳанг ва пешрафти иқтисоди миллӣ саҳми арзанда доранд.
Ватан сар мешавад аз гаҳвора,
Зи шири поку аз писони Модар.
Ватан сар мешавад аз он тавора,
Ки онро сохта дастони Модар.
Рӯзи Модар яке аз муқаддастарин ва зеботарин ҷашнҳо дар фарҳанги миллии мо ба шумор меравад. Ин рӯз ба фасли шукуфоии табиат – оғози баҳори нозанин рост омада, рамзи эҳёи зиндагӣ, гармии меҳру муҳаббат, покиву садоқат ва нуру сафои қалб мебошад. Модар сарчашмаи ҳастӣ, олиҳаи зиндагӣ, мураббии нахустини инсон ва чароғи роҳнамои ҳар як фарзанд аст. Ҳар як инсони комил пеш аз ҳама маҳсули тарбияи модари меҳрубон мебошад.
Маҳз аз оғӯши гарми модар эҳсоси муҳаббат ба Ватан, эҳтиром ба бузургон, ғамхорӣ нисбат ба наздикон, нангу номус ва масъулиятшиносӣ оғоз меёбад.
Дар тӯли таърихи тамаддуни инсонӣ зан – модар ҳамчун рамзи сабру таҳаммул, меҳрубонӣ ва фидокорӣ шинохта шудааст. Модар бо муҳаббати бекарони худ на танҳо фарзанд, балки ҷомеаро тарбия менамояд. Агар ҷомеа солим бошад, асоси он дар тарбияи дурусти оила ва пеш аз ҳама дар меҳру муҳаббати модар ниҳон аст. Аз ин рӯ, қадршиносии модар ва гиромидошти зан дар асл эҳтиром ба арзишҳои муқаддаси инсониву миллӣ мебошад.
Бо шарофати сиёсати хирадмандона ва инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому манзалати занону бонувон дар ҷомеаи муосири тоҷик рӯз ба рӯз таҳким ёфта истодааст. Давлат ва Ҳукумати мамлакат барои баланд бардоштани нақши занон дар идоракунии давлатӣ, рушди илму маориф, иқтисод ва дигар бахшҳои муҳими ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд.
Имрӯз занону бонувон дар баробари иҷрои рисолати муқаддаси модарӣ дар пешбурди сиёсати давлатӣ, рушди илму фарҳанг ва пешрафти иқтисоди миллӣ саҳми арзанда доранд.
Зан – модар на танҳо нигоҳдорандаи оила, балки муҳофизи анъанаҳои неки миллӣ, фарҳанги асил ва арзишҳои маънавии халқ мебошад. Дар ҷомеаи мо мақоми зан ҳамеша баланд ва гиромӣ буда, модар ҳамчун рамзи покӣ, сабр, меҳрубонӣ ва садоқат эҳтироми хос дорад. Маҳз бо ҳузури зан – модар фазои оила гарм, муҳити ҷомеа солим ва ояндаи миллат дурахшон мегардад.
Дар баҳорон иди модар мешавад,
Дидаву дилҳо мунаввар мешавад.
Ҳусни нотакрори фасли навбаҳор,
Бо нигоҳи зан баробар мешавад.
Аз фурӯғи чашми модарҳои мо,
Тоҷикистон ҳамчу ахтар мешавад.