ДДҲБСТ: Баргузории конференсия таҳти унвони «Рушди матбуоти тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ»

Имрӯз дар бинои таълимии №2-и Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик конференсия таҳти унвони «Рушди матбуоти тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ» баргузор гардид.
Дар кори конференсия рӯзноманигорон аз расонаҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, намояндагони Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар вилояти Суғд, сармуҳаррирон ва кормандони нашрияҳои бонуфуз, инчунин устодону донишҷӯёни Донишгоҳ фаъолона иштирок намуданд. Аз ҷумла, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҷовиди Аштӣ, сардабири маҷаллаи «Паёми Суғд» Толиби Озарахш, сармуҳаррири рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд» Аминҷон Шарифзода, сармуҳаррири рӯзномаи «Суғд ҳақиқати» Облоқул Мӯсоев ва сармуҳаррири рӯзномаи «Согдийская правда» Исҳоқчон Зокиров дар чорабинӣ ҳузур доштанд.
Конференсияро ректори Донишгоҳ Шероз Мӯминзода оғоз намуда, меҳмонон ва аҳли қаламро ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик табрик гуфт. Ӯ зикр намуд, ки матбуот ҳамчун яке аз воситаҳои асосии таъсиррасон ба афкори умум, дар раванди ҷомеасозӣ ва таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ нақши калидӣ мебозад. Ба таъкиди номбурда, матбуоти даврӣ ва фазои иттилоотӣ марҳила ба марҳила аҳамияти бештар касб намуда, имрӯз ба яке аз самтҳои афзалиятноки рушди ҷомеа табдил ёфтааст.
Зимни суханронӣ зикр гардид, ки дар ин рӯзи фархунда, ки ба таърихи пурифтихори матбуоти тоҷик ва саҳми арзандаи он дар пешрафти кишвар эҳтиром гузошта мешавад, қадрдонии заҳмати рӯзноманигорон, муҳаррирон ва кулли кормандони соҳа амри муҳим мебошад. Зеро маҳз тавассути фаъолияти содиқона ва касбии онҳо маърифати ҷомеа боло рафта, ҳуқуқи шаҳрвандон ба дастрасӣ ба иттилооти саҳеҳ таъмин мегардад.
Тибқи барномаи конференсия мудири кафедраи сиёсатшиносӣ, дотсент Ҷумъа Яъқубов дар мавзуи “Рушди васоити ахбори омма ва таъсири он ба сиёсатӣ ҷаҳонӣ” ва сардори шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа Сино Ғафурзода дар мавзуи “Матбуот, фазои иттилоотӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ва таъсири он ба афкори ҷомеа” бо маърӯзаҳо баромад намуданд. Дар маърӯзаҳо масъалаҳои марбут ба рушди журналистикаи миллӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ, нақши расонаҳо дар таҳкими ваҳдати миллӣ, инчунин мушкилоту дурнамои соҳа мавриди таҳлил қарор гирифтанд.
Дар шароити ҷаҳони муосир, ки муборизаҳои иттилоотӣ ва ҷангҳои идеологӣ авҷ гирифтаанд, нақши матбуоти миллӣ дар ҳифзи манфиатҳои давлатӣ ва ташаккули афкори солими ҷомеа беш аз пеш меафзояд.
Ҳамзамон, таъкид шуд, ки дар замони муосир шабакаҳои иҷтимоӣ ба муҳити асосии ташаккули афкор табдил ёфтаанд. Тадқиқотҳои психологияи иҷтимоӣ нишон медиҳанд, ки истифодаи беш аз ҳадди онҳо метавонад боиси афзоиши тафаккури сатҳӣ, коҳиши мутолиаи амиқ ва таҳлили ҷиддӣ, инчунин болоравии нақши эҳсосот бар мантиқ гардад. Аз ин рӯ, масъулияти рӯзноманигорон дар пешниҳоди иттилооти дақиқу санҷидашуда ва таҳлили касбӣ дучанд мегардад.
Иброз гардид, ки журналистикаи тоҷик имрӯз ҳамчун яке аз воситаҳои асосии таъсиррасон ба афкори ҷомеа, дар бедор намудани худшиносӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва фарҳангии мардум ва таҳкими арзишҳои миллӣ саҳми назаррас мегузорад.
Дар идома рӯзноманигорон перомуни таърих ва рушди матбуоти тоҷик баромад карданд.
Дар анҷоми чорабинӣ миёни донишҷӯён ва рӯзноманигорону мутахассисони соҳа саволу ҷавоб ва мубодилаи афкори судманд баргузор гардид. Иштирокчиён доир ба масъалаҳои рушди журналистикаи таҳлилӣ, этикаи касбӣ ва мутобиқшавӣ ба талаботи фазои рақамӣ андешаронӣ намуданд.
Дар ҷамъбасти конференсия иштирокчиёни фаъоли чорабинӣ бо Сипоснома ва туҳфаҳои рамзии Донишгоҳ қадрдонӣ карда шуданд.

                                                                                                    Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like