Сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бар зидди тероризм ва экстримизм
Ҷинояткорӣ дар ҳама давру замон яке аз масъалаҳои мураккаби иҷтимоии ҳар як ҷомеа ва давлат ба ҳисоб мерафт ва он ҳамеша буд, ҳаст ва мемонад. Тағйироте, ки дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҳаёти ҷомеа ва давлат ба вуқӯъ меоянд, барои ба миён омадани тамоюлҳои нав дар сохтор ва динамикаи ҷинояткорӣ, чӣ ба таври мусбӣ ва чӣ манфӣ таъсир мерасонад. Дар айни замон намудҳои нави ҷиноятҳо ва шаклу тарзҳои фаъолияти ҷинояткорӣ ба миён омада истодааст, ки онҳо муқаррар намудани ҷавобгарии ҷиноятиро барои чунин кирдорҳо талаб мекунанд.
Дар мубориза бо ҷинояткорӣ Қонуни ҷиноятӣ воситаи сахттарин мебошад. Бо ёрии меъёрҳои ҳуқуқи ҷиноятӣ бевосита вазифаҳои ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, моликият, тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти ҷамъиятӣ, муҳити атроф, сохти Конститутсионии ҶТ аз таҷовузҳои ҷиноятӣ, инчунин таъмини сулҳ ва амнияти инсон, пешгирии ҷиноятҳо ба амал бароварда мешавад. Вазифаи ҳуқуқи ҷиноятӣ ин мубориза бо ҷинояткорӣ мебошад.
Барои татбиқи ин вазифаҳо Кодекси ҷиноятӣ принсипҳои ҷавобгарии ҷиноятиро муқаррар намуда, муайян мекунад, ки кадом кирдорҳои барои шахсият, ҷамъият ё давлат хавфнок ҷиноят эътироф мегарданд, намудҳои ҷазо ва чораҳои дигари дорои хусусияти ҳуқуқии ҷиноиро барои содир кардани онҳо муқаррар менамояд.
Дар асоси қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон №5 аз 14 июни соли 2013 «Дар бораи таҷрибаи татбиқи меъёрҳои қонунҳои ҷиноятӣ ва мурофиавии ҷиноятӣ оид ба мубориза бар зидди терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои ҳуқуқии мубориза бар зидди терроризмро меъёрҳои дахлдори Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят ба даст дароварда ва маблағгузории терроризм» ба танзим медароранд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», чунин вазифаҳо муқаррар шудааст:
1.Тадбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм;
2.Тадбиқи ўҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм;
3.Танзими ҳуқуқии муносибатҳои вобаста ба мубориза бар зидди терроризм;
4.Ташаккули вазъи тоқатнопазири аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба терроризм;
5.Ошкор, пешгирӣ ва қатҳ намудани фаҳолияти террористӣ, бартараф кардани сабаб ва шароитҳои пайдоиши терроризм.
Самтҳои асосии фаъолияти мақомоте, ки бар зидди терроризм мубориза мебаранд, аз инҳо иборатанд:
1.Таҳлили омил ва шароитҳое, ки ба терроризм мусоидат менамоянд, пешгўии тамоюли рушд ва зуҳуроти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2.Пешгирӣ, ошкор намудан, бартарафсозӣ ва тафтиши ҷиноятҳои дорои хусусияти террористидошта.
3.Мусоидат ҷиҳати ногузирии ҷавобгарӣ барои ҷиноятҳои дорои хусусияти террористидошта.
4.Кўмак барои барқарорсозии шахсоне, ки аз ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ зарар дидаанд.
5.Муқовимат ба терроризм, дар ҳама гуна навъи нақлиёт, объектҳои ҳаётан муҳим, инфраструктураи хатарнок.
6.Пешгирии истифода ё таҳдиди истифодаи яроқи қатли ом ва воситаҳои интиқоли он, маводи радиоактивӣ, токсикӣ ва дигар маводи хaтapнок, мавод ва технологияи истеҳсоли онҳо барои мақсадҳои террористӣ.
7.Муқовимат ба маблағгузории фаъолияти террористӣ.
8.Пешгирии истифода ё таҳдиди истифодаи шабакаҳои маҳдуд ё глобалии компютерӣ бо мақсадҳои террористӣ (мубориза бар зидди кибертерроризм).
9.Такмили заминаи ҳуқуқии ҳамкориҳо дар мубориза бар зидди терроризм.
10.Ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва воситаҳои ахбори умум бо мақсади баланд бардоштани самаранокии муқовимат ба терроризм.
11.Муқовимат ба таблиғи терроризм.
12.Иштирок дар фаъолияти зиддитеррористии ҷомеаи байналмилалӣ, аз ҷумла ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва амалиёти дастҷамъии зиддитерористӣ, муттаҳидсозии нерў ва мусоидат ба ташаккули стратегияи глобалии муқовимат нисбат ба хатар ва таҳдидҳои нав зери роҳбарии Созмони Милали Муттаҳид.
13.Такмили заминаи моддию техники воҳидҳое, ки алайҳи терроризм мубориза мебаранд, таҳияи воситаҳо, техникаи махсус ва таҷҳизот барои чунин воҳидҳо.
Дар моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» субъектҳои мубориза бар зидди терроризм пешбинӣ гардидааст.
Мубориза бар зидди терроризм яке аз вазифаҳои афзалиятноки давлат буда, функсияи худро дар ин соҳа тавассути мақомоти ҳокимияти қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ амалӣ менамояд.
Субъектҳои бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда, аз ҷумла амнияти зиддитеррористии худро таъминкунанда дар доираи ваколатҳое, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд, мақомоти зерин мебошанд:
– Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Номгўи субъектҳои бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда танҳо тавассути Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» тағйир дода ё илова карда мешавад.
Субъектҳои дар мубориза бар зидди терроризм иштирокунанда: Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти ҳокимияти иҷроия мебошанд, ки номгўи онҳоро ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Иштирок дар мубориза бар зидди терроризм аз ҷониби инҳо ба амал бароварда мешавад:
– Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути назорат ба фаҳолияти иттиҳодияҳои ҷамҳиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ, ки бо тартиби муқаррарӣ сабти ном шудаанд;
– Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути гуфтушунид бо давлатҳои хориҷӣ ҳангоми ошкор, пешгирӣ ва қатъ намудани фаъолияти террористии байналхалқӣ ва дар шаклҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст;
– Кумитаи гумруки назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути қатҳ намудани ғайриқонунӣ аз сарҳади гумрукӣ гузаронидани яроқ, лавозимоти ҷангӣ, маводи тарканда, заҳрнок, радиоактивӣ ва дигар предметҳо, ки мумкин аст ба мақсадҳои террористӣ истифода шаванд, инчунин бо расондани ёрӣ ба мақомоти амнияти давлатӣ дар мубориза бар зидди фаҳолияти террористии байналхалқӣ.
– Мақомоти прокуратура ва судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди терроризм бо шартҳо ва тартиби пешбиникардаи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст иштирок менамоянд.
Тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» таҳти мафҳуми ташкилоти экстремистӣ – иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ ё дигар ташкилоти ғайритиҷоратие фаҳмида мешавад, ки нисбати он тибқи асосҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур оид ба барҳам додан ё манъ намудани фаъолият вобаста ба машғул шудан ба фаъолияти экстремистӣ қарори суд ба қувваи қонунӣ даромадааст.
Бинобар ҳамин, бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2001 фаъолияти «Ҳизб-ут-Таҳрир» ғайриқонунӣ амалкунанда эътироф карда шуда, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст.
Инчунин бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2006 ташкилотҳои зерин террористӣ ва экстремистӣ дониста шуда, фаъолияти онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст:
«Ал-Қоида», «Ҳаракати Туркистони шарқӣ», «Ҳизби Исломии Туркистон» (собиқ харакати Исломии Узбекистон), «Ҳаракати Толибон», «Бародарони мусулмон», «Лашкари Тойиба», «Гурўҳи исломӣ», «Ҷамъияти Исломии Покистон», «Ҷамоати таблиғ», ташкилоти динӣ – миссионерии «Созмони таблиғот» ва «Тоҷикистони озод».
Бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 марти соли 2008 «Ҳизб-ут-Таҳрир» ҳамчун ташкилоти экстремистӣ эътироф карда шуда фаъолияти он дар қаламрави ҷумҳурӣ манъ карда шудааст.
Тибқи ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 08 январи соли 2009 бошад равияи динии «Салафия» низ ҳамчун равияи ғайриқонуни амалкунанда дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст.
Бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03 майи соли 2012 Ҷамоати (Ҷамъияти) «Ансоруллоҳ» ҳамчун ташкилоти террористӣ, экстремистӣ ва ғайриқонунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияткунанда эътироф карда шуда, фаъолияташ манъ карда шудааст. Инчунин вебсайти интернетии www.irshod.kom, www. irshod.net ва дигар вебсайтҳои Ҷамоати (Ҷамъияти) «Ансоруллоҳ», чун воситаи ахбори умум баста шуда, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид, паҳн, истеҳсол, чопу нашр намудани адабиёту варақаҳо, аудио ва видеосабтҳои Ҷамоати мазкур манъ карда шудааст.
Бо ҳалномаи Суди Олӣ аз 9 октябри соли 2014 Кумитаи 24 ҳамчун ташкилоти террористӣ, экстремистӣ ва ғайриқонунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияткунанда эътироф карда шуда, фаъолияташ манъ карда шудааст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат зидди экстремизм дар кишвар маҷмўъи чорабиниҳои сиёсӣ-ҳуқуқӣ амалӣ гашта истодаанд, ки дар байни онҳо мавқеъи марказиро Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) ишғол мекунад, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2006, № 1717 тасдиқ шудааст. Дар Консепсия муқаррароти умумӣ, мақсад, вазифаҳо ва принсипҳои мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ), самтҳои асосии мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ), механизми амалӣ гардонидани он пешбинӣ гардидааст.
Мақсади мубориза бар зидди экстремизм аз инҳо иборатанд:
1.Таъмини ҳифзи амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони он ва дигар шахсони дар қаламрави он қарордошта аз таҳдиди экстремизм (ифротгароӣ).
2.Барҳам додани таҳдиди экстремизм (ифротгароӣ) дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон.
3.Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам овардани фазои оштинопазир нисбат ба экстремизм (ифротгароӣ) дар ҳама гуна шакл ва зуҳуроти он.
4.Ошкор намудан, аз байн бурдан ва пешгирии сабаб ва шароите, ки боиси дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омадан ва паҳн шудани экстремизм (ифротгароӣ) мегардад, инчунин рафъи оқибатҳои ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистидошта.
5.Баланд бардоштани самарабахшии ҳамкориҳои муштараки мақомоти салоҳиятдор ҷиҳати пешгирӣ, ошкор намудан, бартарафсозӣ ва таҳқиқи ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистидошта, ошкор ва пешгирии фаъолияти ташкилот ва шахсоне, ки дар иҷрои фаъолияти экстремизм (ифротгароӣ) иштирок намудаанд.
6.Таҳияи муносибати умумии субъектҳое, ки бар зидди экстремизм (ифротгароӣ) мубориза мебаранд.
7.Тақвияти нақши давлат, чун кафили амнияти шахсӣ ва ҷомеа, дар шароите, ки таҳдиди экстремизм (ифротгароӣ) беш аз пеш меафзояд.
8.Татбиқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ҷиҳати муқовимат ба маблағгузории фаъолияти экстремизм (ифротгароӣ).
9.Ташаккули заминаи зарурии меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалии ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои ҷаҳон ва такмили заминаи ҳуқуқӣ, рушд ва мутаносибии меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва ҳамкориҳои миллӣ дар соҳаи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ).
10.Беҳтар намудани ҳамкориҳои сохторҳои қудратӣ ва мақомоти давлатии назорати молиявӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ҷиҳати ошкор намудан ва пешгирии маблағгузории экстремизми (ифротгароӣ) байналмилалӣ.
Мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ) қисми таркибии таъмини амнияти на танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки тамоми ҷомеаи чаҳонӣ мебошад. Вазъи буҳрони ҷомеа, пеш аз ҳама дар иқтисодиёт, мавҷудияти муноқишаҳои иҷтимоию сиёсӣ дар муносибатҳои байнидавлатӣ ва байнимазҳабӣ (байни конфессияҳо), номукаммалии заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, ки проблемаҳои баҳсноки минтақавӣ ва байналмилалиро танзим менамояд, барои ба миён омадани чунин ҷиноятҳо ба монанди экстремизм (ифротгароӣ) мусоидат мекунад. Аз ин рў, мубориза бар зидди экстремизм, ки вақтҳои охир хусусияти байналмилалӣ гирифтааст, бояд дар асоси тадбирҳои маҷмўи умумидавлатии муқовимат анҷом дода шавад. Созишномаҳои байналмилалиро ба асос гирифта, бояд бо дигар давлатҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсуси онҳо, инчунин созмонҳои байналмилалӣ, ки вазифаашон аз мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ) иборат аст, ҳамкории самарабахш анҷом дода шавад. Бояд аз таҷрибаи байналмилалӣ ҷиҳати мубориза бо чунин зуҳурот васеъ истифода намуд, механизми ҳамоҳанги муқовимат ба экстремизми байналмилалиро таъсис дод, ҳама гуна роҳҳои қочоқи яроқ, маводи тарканда дар дохили кишвар ва роҳҳои воридоти онҳоро аз хориҷа ба таври эътимоднок баст.
Заминаи муҳими танзимгари муносибатҳои байналмилалӣ Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони ҳамкории Шанхай мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори он аст, ки таҳти роҳбарии Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони ҳамкории Шанхай заминаи устувори санадҳои байналмилалии ҷомеаи чаҳонӣ стратегияи глобалии муқовимат ба таҳдиду хатари навро ташаккул ва татбиқ намояд.
Аз тарафи Созмони Миллали Муттаҳид Конвенсияи байналмилалӣ «Оид ба рафъи тамоми шаклҳои табъизи наҷодӣ» аз 21 декабри соли 1965 ва Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ аз 15 ноябри соли 2000 қабул карда шудааст, ки аз ҷониби Тоҷикистон эътироф гардидааст.
Аз ҷониби Созмони ҳамкории Шанхай Конвенсияи Шанхай оид ба мубориза бо терроризм, ҷудоиталаб ва экстремизм аз 15 июни соли 2001 қабул карда шудааст.
Қодиров М., Мирпочоева М.-устодони ДДҲБСТ