Ватандӯстӣ аз гӯшаи имон аст

      Ватандӯстӣ аз гӯшаи имон аст мегӯянд дар урфият. Ватан чун ҷону тан аст. Ин маънои онро дорад, ки ҳар кадоми мо маҳз дар асоси ин мафҳуми хеле ҳам пурсобиқа ва ҳасос орзу ва ҳавасҳои худро ташаккул медиҳем, ояндаи худ ва фарзандонамонро мебинем, заминаҳои маънавӣ ва қонунии мавҷудияти худро асоснок мекунем. Чунин хислати ватандӯстӣ онро ба як идиогемаи сиёсӣ табдил додааст, ки метавонад хислати хеле фаъоли созанда дошта бошад.

Дар муқобили терроризм ва экстремизм мо аз ватандӯстӣ дида, қувваи дигареро намедонем. Вобаста ба равандҳои ҷаҳонишавӣ ва шиддат гирифтани муборизаҳои иттилоотӣ, ҳамчунин воридшавии мафкураи бегона ба зеҳни ҷомеа бояд ба таблиғи масъалаҳои худшиносиву худогоҳӣ, ҳифзи арзишҳои миллии таърихиву фарҳангӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии демокративу дунявӣ, пойдории ваҳдат ва суботи ҷомеа таваҷҷуҳи бештар дошта бошем. Зеро пеши эҳсосоти бегонапарастиву даҳшатафканиро маҳз чунин ҳамкории аҳли сиёсат, илм ва санъат метавонанд гиранд. Президенти кишварамон омӯхтани сабаб ва омилҳои сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар кишварамонро яке аз вазифаҳои муҳимтарини олимони ҷомеашинос донистаанд. Зеро донистани хатоҳои пештара моро аз такрор намудани он дар оянда нигоҳ хоҳад дошт.

Доир ба ин масъала андешаву тадқиқоти мӯътамади олимон бояд нақши ҳалкунанда дошта бошад, то ин ки ҳодисаҳои даҳшатноку фоҷиабори гузашта барои наслҳои ояндаи халқамон дарси ҳушёрӣ ва ибрат гарданд, дурӯғпаҳннамоиҳои душманони миллат ва гумроҳони роҳи сиёсат фикри мардумро дар оянда боз парешон накунанд.

Бо дарназардошти шароити минтақа, вазъи ҳассосу печидаи ҷаҳони муосир олимону донишмандони мамлакат бояд ба масъалаҳои тавсеаи мафкураи миллӣ, таҳкими давлатдорӣ ва рушди иҷтимоиву сиёсии ҷомеа, иттиҳоди нерӯҳои созандаи кишвар ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва  стратегии Тоҷикистон, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, хурофотпарастиву ифротгароӣ, инчунин тадқиқи масоили демократикунонии ҳаёти иҷтимоиву сиёсии Тоҷикистон эътибори аввалиндараҷа диҳанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон ин масъаларо дар чорабиниҳои сатҳи олӣ, аз ҷумла аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид борҳо иброз ва таъкид ҳам карда буданд, ки «номи поки Исломро бо зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм олуда кардан иштибоҳи маҳз аст».

Мардум аз як тараф ба тақвияти ҳарчи бештари асли таҳаммулгароӣ таваҷҷӯҳ дошта бошад, аз тарафи дигар наметавонад куштори занону ҷавонон ва кӯдаконро дидаву дониста таҳаммул кунад, шарманда кардани Исломро, нест кардани арзишҳои волои миллӣ ва ёдгориҳои таърихиро нодида гирад. Мо бояд  мардуми мусулмонро чун мардуми мутамаддин ва фарҳангиву илмпарвар таҷассум намоем ва ин фарҳангро дар муттаҳидӣ ба муқобили терроризми байналмиллалӣ истифода намоем. Дини мубини Ислом бояд ҷиҳати ҳамкории ҳамаи нерӯҳои солими башарият хизмат кунад. Бинобар ин, мо тамоми воситаҳоро истифода мекунем, то эҳтироми ғояву андешаҳои солиму созанда ва таҳаммули фикри якдигар тамоюли асосии дунёи имрӯз гардад, на куштору ғорат ва вайронкориву  даҳшатафканӣ.

Имрӯз  талоши якҷоя ва дастаҷамъона, эмин нигоҳ доштани сайёра ва минтақаи мо аз ин офатҳо аз ҷумлаи вазифаҳои бетаъхир ва муҳимтарини давлатҳои миллӣ ва созмонҳои байналмилалӣ гаштааст.

Ин вазъ аз ҳамаи мо татбиқи сиёсати санҷидаву мутавозинро тақозо мекунад, то ки кишварамон мо ба арсаи бесуботӣ табдил нагарданд. Барои ин ватандӯстиро ба меҳвари мафкураи худ табдил дода, аз терроризм ҷилавгирӣ менамоем.

Ахмедова Муқаддасхон Абдуҳамидовна

You might also like