Терроризм ва экстремизм – барҳамзанандаи амну осоиш         

«Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст».                                                                                                                                                    Э. Раҳмон

Яке аз самтҳои фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мубориза бо қувваҳои нави реаксионӣ мебошад, ки ҳамчун терроризми дохилӣ ва байналхалқӣ эътироф шудааст.

Терроризм – амали зиддиҳуқуқӣ мебошад, ки барои халалдор намудани бехатарии давлат, таъсир расонидан ба қабули қарорҳо аз тарафи мақомотҳои давлатӣ ва ба даст овардани дигар мақсадҳои ғаразнок амалӣ гардонида мебошад. Амали террористӣ ин бевосита содир намудани ҷинояти дорои хусусияти террористӣ, дар шакли таркиш, оташзанӣ, истифода ё тахдиди истифодаи воситахои таркандаи ядроӣ, моддаҳои радиоактивӣ, химиявӣ, биологӣ, тарканда, токсикӣ, заҳрнок, нобуд сохтан, зарар расонидан ё забт кардани воситаҳои  нақлиёт ва дигар объектҳо; сўиқасд ба ҳаёти ходими давлатӣ ё амъият, намояндаи миллӣ, этникӣ, динӣ ё дигар гурўҳҳои аҳолӣ; гаравгонгирӣ, дуздии одам; ба вуҷуд овардани хатари расонидани зарар ба ҳаёт, саломатӣ ё амволи шахсони доираи номуайян тавассути ташкили шароит барои садама ва фалокатҳои дорои хусусияти техногенӣ ё таҳдиди воқеъии ташкили чунин хатар; паҳн намудани таҳдид дар  ҳар гуна шакл ва тавассути  ҳар гуна воситаҳо; содир намудани дигар амалҳое, ки боиси хавфи ҳалокати одамонро дорад; расонидани зарари басо чиддӣ ба амвол ё ба вуҷуд омадани дигар окибатҳои барои ҷамъият вазнин мебошад.

Вобаста ба масоҳати таъсирот терроризм ба терроризми дохилӣ (ташкилотҳо, шаҳрвандони мамлакат, оқибатҳои он аз ҳудуди давлат берун намебарояд) ва байналхалқӣ (фаъолияти террористие мебошад, ки аз чорчубаи сарҳади як давлат берун мебарояд) ҷудо мешавад.

Вобаста ба табиати худ самтҳои терроризм хусусияти сиёсӣ, динӣ (аз ҷумла мазҳабӣ), ҷиноӣ ва шахсӣ мешавад.

Террористон ба афкори одамон ба воситаи ғояҳои фиребандаи:  мубориза дар роҳи шариат, ҳимояи номус ва ба ҳамин монанд таъсир мерасонанд.  Ба дасташон яроқ: бомба, корд, пробирка дода, ба самолёт мешинонанд, барои куштор мефиристонанд.

Ҷуғрофияи нооромиҳо дар гӯшаҳои гуногуни сайёра торафт доман паҳн намуда, имрӯзҳо миллионҳо нафар гирифтори хавфу таҳдид ва оташи хонумонсӯзи ҷангу низоъҳо гардидаанд. Зуҳуроти номатлуби терроризму ифротгароӣ ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷиабору харобиовари ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор овардааст.

Борҳо исбот шудааст, ки сабабгори аслии ҳодисаҳои фоҷиабори Афғонистону Ироқу Сурия ва як қатор кишварҳои аврупоӣ, пеш аз ҳама, даъватҳои зиддидавлатию зиддибашардӯстонаи ташкилотҳои террористию экстремистӣ буда, суботи сиёсӣ, ҳаёти осоиштаи шаҳрвандон ва амнияту якпорчагии кишварҳоро зери хатар мегузоранд.

Мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва дигар таҳдидҳои замони муосир яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати дохиливу хориҷии он мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бо терроризму ифротгароӣ дар ҷаҳони муосир қарор дошта, бо сиёсати устувори худ дар таъмини суботу амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ саҳми ҷиддӣ мегузорад. Ҳанӯз баҳри мубориза бо терроризм ва экстремизм соли 1999 як зумра санадҳои ҳуқуқии меъёрӣ қабул шуданд. Пешвои миллат президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16 ноябри соли 1999 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бо терроризм” имзо гузоштанд ва 21 ноябри соли 2003 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бо экстремизм” ба тасвиб расид. Ин ду қонун барои Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии мубориза бо терроризм ва экстремизмро фароҳам овард. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ яке аз мамлакатҳое мебошад, ки дар ин самт тадбирҳои мушаххас андешида, онҳоро амалӣ намуда истодааст.

Бояд ёдовар шуд, ки 3-4 майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушорикати СММ, САҲА ва Иттиҳоди Аврупо Конференсия байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Муқовимат ба терроризм ва ифротгароии хушунатомез» бо ширкати беш аз 400 иштироккунанда аз 48 кишвари дунё ва 31 созмони байналмилалию минтақавӣ баргузор гардид ва роҳи ҳалли пешгириву мубориза бо ин омилҳоро баррасӣ намуданд, ки ин иқдом низ шаҳодат бар тадбирҳои пайвастаи андешидашудаи ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза алайҳи терроризму экстремизм мебошад.

Дар ин конференсияи сатҳи баланд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ оид ба вазъи имрӯзаи бархе аз мамлакатҳо, ки дар он ҷо терроризму экстремизм реша давондааст, бо изҳори нигаронӣ чунин гуфтанд: «Бо дарназардошти воқеияти мавҷуда, мо дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон пурзӯр кардани ҳамкориву шарикиро барои таъмини суботу амнияти фарогир тавассути андешидани иқдомҳои муштарак дар ҷодаи мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва аз байн бурдани омилҳои дастгирии сиёсӣ, низомӣ ва молиявии онҳо ҳамчун самти амалии раҳоӣ аз ин вартаи хатарнок муҳим арзёбӣ мекунем».

Ҳайдарова Муслимахон Ҳусейновна,

н.и.и., дотсенти кафедраи аудитва ревизия  

You might also like