Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми муосири муносибатҳои байналмилалӣ
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми муосири муносибатҳои байналмилалӣ ҳамчун давлати дорои сиёсати хориҷии мутавозин ва прогматикӣ баромад менамояд.
Тағйироти сохторӣ дар низоми муосири муносибатҳои байналмилалӣ, ки бо афзоиши бисёрқутбият, мураккабшавии равандҳои геополитикӣ ва зуҳури таҳдидҳои ғайрианъанавии амниятӣ тавсиф мегардад, нақши давлатҳои хурд ва миёнаро дар сиёсати ҷаҳонӣ ба таври назаррас тағйир додааст. Дар чунин шароит, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол сиёсати хориҷии худро дар доираи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва бо такя ба манфиатҳои миллӣ амалӣ менамояд.
Ин равиш на танҳо барои таъмини мавқеи устувори кишвар дар арсаи байналмилалӣ аҳамият дорад, балки ҳамчун омили муҳими тарбияи ҷаҳонбинии сиёсӣ, таҳкими фарҳанги ҳуқуқӣ ва ташаккули ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ дар ҷомеа, махсусан дар байни насли ҷавон, хизмат мекунад. Огоҳӣ аз равандҳои ҷаҳонӣ ва дарки манфиатҳои миллӣ дар заминаи ҳуқуқи байналмилалӣ ба рушди тафаккури интиқодӣ, худшиносии миллӣ ва муносибати бошуурона ба воқеиятҳои сиёсӣ мусоидат менамояд.
Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид буда, сиёсати хориҷии худро бар пояи арзишҳои умумибашарӣ, аз ҷумла эҳтиром ба истиқлолияти давлатӣ, соҳибихтиёрии миллӣ, дахолат накардан ба корҳои дохилии дигар давлатҳо ва ҳамкории мутақобилан судманд ба роҳ мондааст. Ин равиш на танҳо ифодаи манфиатҳои миллии давлат, балки воситаи муҳими тарбияи шуури сиёсӣ ва фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа, бахусус насли ҷавон, маҳсуб меёбад.
Муаррифии Тоҷикистон ҳамчун давлати сулҳҷӯ, масъул ва ташаббускор дар арсаи байналмилалӣ ба ташаккули ҷаҳонбинии сулҳталабона, эҳсоси ватандӯстӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва эҳтиром ба меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ дар байни шаҳрвандон мусоидат мекунад.
Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои хусусияти бисёрсамта буда, ҳамкории мутавозинро бо кишварҳои минтақа ва қудратҳои калидии ҷаҳонӣ пешбинӣ менамояд. Самтҳои афзалиятноки он таъмини амнияти миллӣ, таҳкими суботи минтақавӣ, рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории хориҷӣ маҳсуб меёбанд. Ин равиши сиёсӣ барои ташаккули дарки воқеъбинонаи манфиатҳои миллӣ, баланд бардоштани сатҳи шуури сиёсӣ ва рушди фарҳанги дипломатӣ дар ҷомеа, бахусус дар байни ҷавонон, аҳамияти тарбиявӣ дорад.
Иштироки фаъолонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ба таҳкими мавқеи байналмилалии кишвар мусоидат мекунад. Ин узвиятҳо на танҳо василаи ҳимояи манфиатҳои миллӣ, балки мактаби амалии тарбияи масъулияти байналмилалӣ, эҳтиром ба меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва ташаккули тафаккури ҳамкории бисёрҷониба дар ҷомеа ба ҳисоб мераванд.
Масъалаҳои амниятӣ дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи калидӣ доранд. Бо дарназардошти вазъи мураккаби геополитикӣ дар Осиёи Марказӣ, хусусан дар робита ба Афғонистон, Тоҷикистон сиёсати ҳамкории амниятиро дар чаҳорчӯбаи сохторҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ пайгирона тақвият медиҳад. Мубориза бо терроризм, экстремизм ва дигар таҳдидҳои фаромиллӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти байналмилалии кишвар ба ҳисоб меравад, ба ташаккули эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ, шуури амниятӣ ва муносибати бошуурона ба таҳдидҳои муосир дар ҷомеа, махсусан дар байни насли ҷавон, мусоидат менамояд.
Яке аз ҷанбаҳои фарқкунандаи иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати ҷаҳонӣ пешниҳоди ташаббусҳои байналмилалӣ дар соҳаи захираҳои обӣ мебошад. Ин ташаббусҳо на танҳо ба таҳкими нуфуз ва обрӯи байналмилалии Тоҷикистон ҳамчун давлати масъул ва ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои глобалии рушди устувор мусоидат намуд, балки ҳамчун василаи тарбияи фарҳанги экологӣ, тафаккури глобалӣ ва дарки масъулияти умумибашарӣ дар раванди ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ хизмат мекунанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми муосири муносибатҳои байналмилалӣ ҳамчун давлати дорои сиёсати хориҷии мутавозин ва прогматикӣ баромад менамояд. Иштироки фаъол дар созмонҳои байналмилалӣ, саҳмгузорӣ дар таъмини амнияти минтақавӣ ва пешбурди ташаббусҳои глобалӣ ҷойгоҳи кишварро дар сиёсати ҷаҳонӣ таҳким мебахшанд. Ин фаъолияти байналмилалӣ на танҳо нишондиҳандаи камолоти сиёсӣ ва масъулияти байналмилалии давлат мебошад, балки дорои аҳамияти муҳими тарбиявӣ буда, ба ташаккули худшиносии миллӣ, ҷаҳонбинии сиёсӣ ва эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ дар ҷомеа, бахусус дар байни ҷавонон, мусоидат мекунад.
Қодирова Наргис Маруфҷоновна
муаллими калони кафедраи таърих ва диншиносӣ