Баррасии масъалаҳои муҳим дар ҷаласаи назди ректори Донишгоҳ

09 феврали соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҷаласаи назди ректори Донишгоҳ баргузор гардид. Дар кори ҷаласа ректори донишгоҳ Шероз Мӯминзода, муовинони ректор, деканони факултетҳо, роҳбарони раёсату бахшҳо ва мудирони кафедраҳо иштирок намуданд.
Дар рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои марбут ба иштироки донишҷӯён дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, таҳкими ҳамкориҳои илмӣ, баланд бардоштани сатҳи омодагии илмии донишҷӯён ва ҷалби истеъдодҳои ҷавон мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд.
Ректори донишгоҳ Шероз Мӯминзода дар сухани ифтитоҳии худ таъкид намуд, ки иштироки фаъолонаи донишҷӯён дар озмуну олимпиадаҳо яке аз самтҳои муҳими сиёсати таълимию илмии Донишгоҳ ба ҳисоб рафта, он ба баланд бардоштани сатҳи донишу малака, рушди тафаккури илмӣ ва муаррифии нуфузи Донишгоҳ дар сатҳи ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ мусоидат менамояд. Ӯ зикр кард, ки ҷиҳати ҷалби ҳарчи бештари донишҷӯён ба ин раванд бояд корҳои фаҳмондадиҳӣ, интихоб ва омодасозии мақсаднок тақвият ёбанд.
Ҳамзамон, ректори Донишгоҳ ба масъулин супориш дод, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда корҳои илмиву таҳқиқотиро дар кафедраҳо фаъол гардонида, барои донишҷӯёни фаъол ва лаёқатманд шароити мусоиди омӯзишӣ ва омодагӣ фароҳам оваранд. Таъкид гардид, ки ҷалби донишҷӯён ба озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ бояд дар сатҳи баланд ва бо натиҷаҳои назаррас ба роҳ монда шавад.
Дар ҷараёни ҷаласа инчунин масъалаҳои ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳо, таҳияи нақшаҳои амалӣ, баланд бардоштани масъулияти роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва назорати иҷрои супоришҳо мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Дар анҷоми ҷаласа барои иҷрои саривақтӣ ва босифати супоришҳои додашуда ба сохторҳои дахлдор вазифаҳои мушаххас гузошта шуда, аз масъулин даъват ба амал оварда шуд, ки фаъолияти худро дар самти рушди илм, дастгирии донишҷӯёни болаёқат ва баланд бардоштани нуфузи Донишгоҳ боз ҳам тақвият бахшанд.

                                                                                   Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like