Бар зидди ифротиҳо якҷоя бошем

Имрӯз падидаи номатлуби терроризм ва экстремизм, ки дар ҷомеаи ҷаҳонӣ хатари зиёде эҷод кардааст, метавонад на танҳо ба як миллату халқият балки ба нестии миллату давлатҳо оварда расонад.

Терроризм ва эктремизм яке аз зуҳуроти номатлуби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор рафта боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш, таҳдид ё истифодаи зўроварӣ расонидани зарари вазнини рўҳонию ҷисмонӣ, таҷовуз ба ҳаёти инсон, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионии кишварҳои ҷудогона, ғасби ҳокимият, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ гардидааст

Дар қонуни ҷумҳурии тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба терроризм” рӯйхати амалиётҳои террористӣ оварда шудааст:

амали террористӣ – бевосита содир намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ дар шакли ба гаравгон гирифтан ва ё боздошт намудани гаравгонҳо, рабудани одамон, суиқасд ба ҳаёти арбоби давлатӣ ва ҷамъиятӣ, намояндагони гурӯҳҳои миллӣ, динӣ, мазҳабӣ, нажодӣ, дигар гурӯҳҳои аҳолӣ, намояндагони давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ғасб намудан, зарар расонидан ва нобуд кардани иншооти давлатӣ ва ё ҷамъиятӣ, амалӣ кардани таркиш, сӯхтор, тирпарронӣ, истифода намудан ва ё таҳдиди истифодаи таҷҳизоти тарканда, ва инчунин, кирдорҳои дигари террористӣ, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки  Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, муқаррар шудаанд;

Моддаи 37. Ҷавобгарии шахсони воқеӣ барои иштирок дар амал ва фаъолияти террористӣ

Шахсони воқеӣ, ки дар амал ва фаъолияти террористӣ дар ҳама шакл иштирок менамоянд, тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 38. Ҷавобгарии ташкилотҳо барои фаъолияти террористӣ

Таъсисдиҳӣ ва амалисозии фаъолияти ташкилоте, ки мақсад ё амалҳояш ба тарғиб, сафедкунӣ ва дастгирии терроризм ё содиркунии ҷинояти дорои хусусияти террористӣ равона шудааст, манъ аст.

Бо назардошти вазъи ҷаҳони ҳозира ва шаклҳои зуҳури ин падидаҳои номатлуб терроризм аз рўи хусусияташ гуногунҷабҳа буда, дар давраи ҳозира дар чунин шаклҳо зуҳур мекунад:

– инфиҷор намудани фурудгоҳо, ҷойҳои серодам;

– барҳам додан ва валангор намудани объектҳои махсусан муҳими стратегӣ;

– ба роҳи зўрӣ гаравгонон гирифтани одамон;

– дар зеҳни мардум ворид намудани тарсу ваҳм ва нобоварӣ ба фардои ҳаёти осоишта ва ғайра.

Ҳангоми ба амал баровардани ин амалиётҳо шумораи зиёди одамон ҳалоку захмӣ гардида, бе хонаю ҷой ва бе саробон мемонанд. Албатта, чунин амал дар байни мардум таҳлука андохта, дар натиҷа одамонро воҳима зер мекунад ва бевосита ҳукуматдоронро ба он водор месозад, ки ба хотири амнияти шаҳрвандон ва озод намудани гаравгонон ба таклифҳои террористон ва экстремистон қисман розӣ шаванд.

Аз ин рӯ, мубориза алайҳи падидаҳои зикргардида аз ҳамаи мо вобаста аст. Таҷрибаи байналмиллалӣ ва ватанӣ дар мубориза бо терроризм исбот менамояд, ки барои дар ин кор муваффақ гаштан маҷмӯи тадбирҳои қонунгузорӣ ва пешгирикунандаро андешидан ва амалӣ намудан зарур мебошад.

Ҷавононе, ки ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ шомил шуданду ба муқобили сохти конститутсионии кишварҳои арабӣ меҷанганд, боиси доғдор намудани миллату кишвар дар арсаи байналмиллалӣ гардидаанд. Онҳо хохони нооромӣ ва нотинҷии кишвар буда, дар ҳамин замина мехоҳанд соҳиби мансаб ва молу мулки беминнат гарданд. Мусулмонӣ на дар зоҳир, яъне худнамоӣ, балки дар дилу нияти тоза, андешаи солим, виҷдони пок ва оғози амале, ки муҳаббат ва садоқат маншаъ мегирад, иборат аст, ба ибораи халқ забону дил бояд як бошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари иттиҳоди кишварҳое, ки бо терроризм мубориза мебаранд, фаъолона ширкат варзидан, ба он назар аст, ки талошҳо барои пойдории амният ва субот дар минтақа ва ҷаҳон муттаҳид карда шаванд.

Аммо баъзе аз кишварҳо бар хилофи ҳамгироиҳои байналмиллалӣ бо истифода аз сиёсати духӯра созмону ҳаракатҳое, ки террористӣ ва экстремистӣ эълон шудаанд пуштибонӣ намуда, кӯшиш менамояд, ки онҳоро ба неку бад ҷудо намоянд. Ин шинохт мухолиф ба принсипҳои муборизаи якҷоя бар зидди терроризм мебошад. Чунончи, соли 2015 Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон»-ро бо далелу аснод «ташкилоти террористию экстремистӣ» эълон намудааст, вале баъзе аз кишварҳои аврупоӣ то ҳол ба ин гурӯҳ шароит фароҳам меоранд, ки бар зидди давлату Ҳукумати Тоҷикистон фаъолият намоянд. Бо назардошти воқеияти кунунӣ ва бо мақсади таъмини амнияти устувор ва пешгирӣ аз хатарҳои афзояндаи терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои замони муосир мо омодаем ҳамкории густурдаро бо созмонҳои байналмиллаливу минтақавӣ ва кишварҳои шарик тақвият бахшем.

Ободии кишвар ва осудагии он ҷомеа аз сулҳдӯстӣ, ёриву бародарист, на аз хуруфотпарастиву таассуб. Ин падидаҳои номатлуб миллату давлатро на ба инкишофи устувор, балки ба таназзулу инҳисор мувоҷеҳ мегардонад. Агар дар давлате нобасомонию нооромӣ рух диҳад, боиси ташвиши дигар давлатҳо аст. Тоҷикистон, ки як узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, муборизаро бар зидди ҳама даҳшатфиканиҳо пурзӯр менамояд.

Мо ҷавонон дар ин самт муборизаи шаддит бурда, ҳамагӣ амалҳои номатлуб ва доғдоркунандаро маҳкум менамоем. Аз ин лиҳоз, мо ҷавонон, насли истиқлолу сулҳу ваҳдат бо Пешвои худ ифтихор дорем, сиёсати Роҳбарияти олии кишварро сармашқи кори худ қарор дода, ба ақидаҳои созандаи Сарвари кишвар хоҳем монд.

Иқдоми хирадмандонаи Асосгузори Сулҳу Вахдати Миллӣ, Пешвои Миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро оиди ғамхориҳои зиёде, ки нисбати чавонон мекунанд дастгирӣ намуда кӯшишу қувваи худро баҳри шукуфоии Ватани азизи худ сарф менамоем, ба ҳаргуна ҳаракатҳои терористию экстремистӣ шомил нашавем, мутахассиси варзидаи замон гардем, баҳри оила ва мӯхтоҷон дасти ёрӣ дароз кунем.

Моҳираи Раҳмон –н. и. п.,

 дотсенти кафедраи фанҳои риёзӣ-табиатшиносии муосир

You might also like