Ҳамкориҳои ДДҲБСТ бо Донишгоҳи Кембриҷ: дурнамо ва самтҳои афзалиятнок
Аз 26 то 30 январи соли 2026 муовини ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба корҳои таълим, Фазлиддинзода Дониш Фазлиддин дар сафари омӯзишӣ ба шаҳри Кембриҷи Британияи Кабир иштирок намуд.
Сафари мазкур дар доираи барномаи байналмилалии “Accelerating English Language Learning in Central Asia (AELLCA), PRESETT Leadership Development – Phase II”, ки бо ташаббуси British Council дар ҳамкорӣ бо Cambridge University Press & Assessment амалӣ мегардад, баргузор шуд. Барнома барои роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ равона гардида, ҳадафи он таҳкими иқтидори роҳбарияти академӣ дар самти рушди устувори омодасозии омӯзгорони забони англисӣ (PRESETT) мебошад.
Дар семинари якҳафтаина 29 роҳбари академӣ аз 24 донишгоҳи кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, ширкат варзиданд. Дар ҷараёни барнома масъалаҳои муҳими таҳкими тайёрии омӯзгорони забони англисӣ бо назардошти инноватсия дар таҳсилот, фарогирӣ ва устуворӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Иштирокчиён бо таҷрибаҳои пешқадами байналмилалӣ дар самтҳои ҳамоҳангсозии барномаҳои таълимӣ бо меъёрҳои CEFR, татбиқи принсипҳои Universal Design for Learning (UDL), инчунин ташаккули фарҳанги рушди пайвастаи касбӣ (Continuous Professional Development – CPD) шинос шуда, таҷрибаҳои муваффақро мубодила намуданд.
Ин чорабинӣ дар доираи Leadership Programme, ки аз ҷониби Ҳукумати Британияи Кабир барои рушди байналмилалӣ маблағгузорӣ шуда, аз тарафи барномаи AELLCA-и Шурои Британия амалӣ мегардад, баргузор шуд. Бунёди шабакаи минтақавии роҳбарӣ аз натиҷаҳои муҳими барнома буда, фаъолияти он берун аз доираи лоиҳа низ идома хоҳад ёфт.
Иштирок дар ин барнома барои Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон аҳаммияти стратегӣ дошта, ба такмили сиёсати дохилии рушди касбии омӯзгорон, ҳамоҳангсозии барномаҳои таълимӣ бо стандартҳои байналмилалӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ мусоидат менамояд.
Қадамҳои минбаъда татбиқи ташаббусҳои фарогир, иштирок дар клиникаҳои онлайн (феврал–марти соли 2026) ва воридсозии натиҷаҳои барнома ба сиёсати таълимии донишгоҳро дар бар мегиранд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа










