Соҳибмаърифатӣ – ҷавшани маънавӣ ва ҳимоя аз шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои тундрав
Терроризми муосир бо якбора афзудани таҷҳизоти техникӣ, сатҳи баланди муташаккилӣ ва мавҷудияти захираҳои назарраси молиявӣ хос аст. Хусусияти асосии фарқкунандаи он норавшан кардани сарҳади терроризми байналмилалӣ ва дохилӣ мебошад. Имрӯз робитаҳои созмонҳои террористӣ, қочоқи маводи мухаддир ва тиҷорати ғайриқонунии аслиҳа густариш меёбанд.
Тамоюлҳои ба ҳам зид, ки вазъияти кунунии муносибатҳои байналхалқиро муайян мекунанд, ки ба давраи инкишофи онҳо алоқамандӣ дорад. Нишонаҳои аслии ин тамоюлҳо дар раванди оқибатҳои ҷанги сард инъикос ёфтааст. Рақобати ҷаҳонӣ бори нахуст дар таърихи муосир ҷанбаи тамаддуниро касб мекунад, ки рақобатро байни арзиш ва моделҳои гуногуни рушди иҷтимоию иқтисодии кишварҳои олам дар доираи принсипҳои универсалии демократия ва иқтисоди бозорӣ пешбинӣ менамояд.
Вақте ки таъсири боздорандаи муқовимати дуқутбӣ (биополярной конфронтации) бартараф карда мешавад, гуногунрангии фарҳанг ва тамаддунии ҷаҳони муосир бештар ва фарохтар мегардад. Аҳамияти омили динӣ дар ташаккули низоми муносибатҳои байналхалқии муосир, алалхусус заминаи маънавии онҳо афзун мегардад.
Дар ин бора файласуфи юнонӣ Люсиан гуфтааст: “Интизории фалокати дарпешистода бисёриҳоро ба вазъияти хатари ҷиддӣ овард”. Хавфу хатар имрӯз ба ҳамаи мо таҳдид намуда, дари ҳамаро мекубад. Агар хоҳем, ки хатару миқёс ва зарари чолишҳову таҳдидҳои муосирро ба ҳадди ақал кам кунем, бояд дар ҷомеа ва давлат фавран захираю нерўро пайдо намуда, мушкилоти ба вуҷудомадаро дар таъмини амнияти миллии давлат сари вақт ҳал намоем.
Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аз воқеаҳои ҷаҳони ислом бетараф буда наметавонад, зеро даргириҳои Шарқи Наздак ба ватани мо низ таҳдид дорад. Душманони миллат бо ҳар роҳу восита мехоҳанд фазоӣ ороми кишвари моро халалдор намоянд. Чунончи аъзоёни гуруҳи террористиву экстримистии собиқ ҲНИТ берун аз кишвар дар зери пару боли манфури хоҷагонашон тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ бо фикрҳои муғризонаву иғвоангези худ тарафдорони худро ҷуста, бо ақидаҳои бе сару нӯк ва беасосашон гӯё тақдири тоҷиконро ҳал менамуда бошанд, тариқи телевизонҳои маҳворавӣ ва шабакаҳои интернетӣ ба мардум таҳдид ба воситаи баъзе ҳизбу ҳаракатҳои “исломӣ”, инчунин баъзе афроди ҷиноятпеша таблиғот бурда, ҷавонони ноогоҳро фиреб дода, онҳоро мехоҳанд ба муқобили ватану миллати хеш барангезанд.
Дар ин давраи ҳассос мо бояд бениҳоят хушёр ва эҳтиёткор бошем. Ба насли ҷавон ва наврас, тарзи ҳаёти солим, бидуни ҳар гуна ҷангу ваҳшониятро тарғибу ташвиқ созем. Зеро терроризм падидаи номатлуби замони муосир буда, фаҳмиши он дар содир кардани ҷиноятҳои вазнин, аз қабили қатлу куштори мардум, ба гаравгон гирифтани одамон, тарконидани иншоотҳои маишиву фарогатӣ, рабудани воситаҳои гуногуни накдиётӣ ба сифати гарав ва амсоли он дониста мешавад. Экстремизм бошад, хислати чудоихоҳӣ, ифротгароӣ ва игвоангезиро дар худ таҷассум намуда, бо терроризм алоқаи зич дорад. Бо ибораи дигар оқибати экстремизм терроризм аст. Вале ҷомеаи моро ҳамин матлаб кифоя аст, то ки бидонем ин ҳарду комилан хатари калони парокандагиву бесуботиро доро буда, оқибати басо нохуш ва нанговар доранд.
Тоҷикистонро давлати ҷавонон ном бурдани Асосгузори сулху вахдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифодагари он аст, ки он кас ба кувваю иродаи ҷавонони кишвар итминони комил доранд ва хоҳони он ҳастанд, ки насли наврасу ҷавони кишвар ин рисолати худро сарбаландона иҷро намуда, аз пайи омӯзишу тадқиқ бошанд.
Чуноне, ки дар паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олӣ Пешвои муаззами миллат таъкид намуданд: “Фаромӯш набояд кард, ки вақте наврасону ҷавонон бесавод мемонанд, ҷомеа ба таассубу хурофот ва ҷаҳолат гирифтор мешавад, ки чунин ҳолат оқибатҳои даҳшатбор дорад.”
Зеро, яке аз масъалаҳое, ки боиси нигаронии ҷомеаи кишвар гаштааст, коста шудани маърифату худогоҳии ҷавонон оид ба пос доштани таъриху фарҳанг, арзишҳои ахлоқӣ ва маънавии миллӣ, ноогохӣ ва сатхн пасти маърифати ҷавонон мебошад, ки ин боиси гаравидани онҳо ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ, зиёд гаштани маӣли наврасону ҷавонон ба арзишҳои бегона мегардад.
Дар замири ҷавонон ҳисси баланда миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, сабру таҳаммул, омӯзиши илму дониш ва касбу хунари муосир, ҷиддаяту меҳнатдӯстӣ ва эҳтироми волоияти қонун ташаккул бояд ёфт.
Бинобар ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ, тамоми сокинони кишварро водор намуданд: “Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад.”
Воқеан ҷавонон дар оянда ҳамчун намояндагони сазовор ва шоистаи миллати хеш Ватани азизамонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ карда, рисолати таърихӣ ва эҳсоси масъулияти хешро дар баробари ниёгони гузашта, ҷомеаи имрӯза ва наслҳои оянда амиқ дарк намоянд, ба хотири тақкими давлату-давлатдорӣ, ҳифзи дастовардҳои даврони истиқпол, вахдати миллӣ, сулху субот ва рушди минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии Ватани азизамон тамоми нерӯи ақлониву ҷисмонии худро равона созанд.
Шамсиев Фурқатҷон Каримович
н.и.и., дотсенти кафедраи менеҷмент