Тақвияти сифати таълим: иштироки намояндаи Донишгоҳ дар барномаи байналмилалӣ дар Кембриҷ
Аз 26 то 30 январи соли 2026 муовини ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба таълим Фазлиддинзода Дониш ҳамчун намояндаи Донишгоҳ дар сафари омӯзишӣ ба Донишгоҳи Кембриҷи Англия иштирок менамояд.
Ин сафар дар доираи барномаи байналмилалии «Accelerating English Language Learning in Central Asia – PRESETT Leadership Development (AELLCA Phase II)» баргузор гардида, ба рушди касбии роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ равона шудааст. Дар барнома намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Тоҷикистон иштирок доранд.
Ҳадафи асосии барнома таҳкими малакаҳои роҳбарӣ, такмили низоми идоракунии раванди таълим, ворид намудани усулҳои муосири таълим ва баланд бардоштани сифати омӯзиши забони англисӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ба шумор меравад. Дар ҷараёни барнома иштирокчиён бо таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ шинос шуда, дар семинарҳо, тренингҳо ва муҳокимаҳои касбӣ иштирок менамоянд.
Иштирок дар ин сафари омӯзишӣ барои Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон имконият фароҳам меорад, то таҷрибаи муваффақи муассисаҳои пешқадами хориҷӣ мавриди омӯзиш қарор гирифта, замина барои татбиқи навовариҳои таълимӣ, рушди сиёсати забономӯзӣ ва таҳкими ҳамкориҳои минтақавию байналмилалӣ муҳайё гардад.
Натиҷаҳои ин сафар метавонанд дар такмили фаъолияти таълимӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии омӯзгорон ва беҳтар намудани сифати тайёр намудани мутахассисони рақобатпазир дар донишгоҳ нақши муҳим бозанд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа





