Баргузории озмуни иншои беҳтарин дар мавзуи “Конститутсия – бахтномаи миллат”, бахшида ба рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
16 октябри соли 2026 дар китобхонаи илмии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, тибқи нақшаи баргузории сӯҳбату мулоқоти ҳайати таблиғотӣ ва озмуни иншои беҳтарин дар мавзуи “Конститутсияғ бахтномаи миллат”, бахшида ба рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни иншои беҳтарин байни донишҷӯёни Донишгоҳ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, профессор Ҳомидзода Ф.М., сардори раёсати корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ ва рушли инноватсионӣ, дотсент Асророва М.А,, мудири кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ Санавварзода, Ғ.Б., муовинони декан оид ба илм ва инноватсия, кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳ иштирок намуданд.
Чорабиниро муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Фурқат Ҳомидзода ҳусни ифтитоҳ бахшида, зикр намуд, ки 6 ноябри соли 1994 дар саҳифаҳои таърихи давлатдории тоҷикон Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хатҳои заррин сабт гардидааст. Зеро дар ин санаи тақдирсоз бори нахуст тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид ва ин Қонуни асосии кишвар барои ташаккули давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд заминаи боэътимод гузошт. Илова шуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди беназирест, ки имрӯз мардуми Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо татбиқи арзишҳои он, пояҳои давлатдориамонро боз ҳам устувору қавӣ мегардонанд. Ин санади сарнавиштсоз дар қуллаи баланди низоми ҳуқуқӣ ва қонунгузории мамлакат истода, таҷассумгари орзуву ормонҳои халқамон аст ва барои рушду нумӯи кишварамон, аз ҷумла, раванди демократикунонӣ, ҳуқуқбунёдии ҷомеа ва давлатамон нақши арзишманд дорад.
Озмуни мазкур байни донишҷўёни фаъолу қобилиятноки ҳамаи тахассусҳои факултетҳои Донишгоҳ гузаронида шуда, дар он зиёда аз 70 нафар донишҷўён дар мавзуи «Конститутсия – бахтномаи миллат» иншои озод навиштанд.
Бояд гуфт, ки аз ҷониби устодони варзида комиссияи босалоҳият таъсис дода шуда, ғолибони озмун рӯзҳои наздик муайян ва аз тарафи раёсати Донишгоҳ қадрдонӣ хоҳанд шуд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа




