Густариши таҳсилоти дуалӣ ва таъсиси Маркази рушди касбияти кафедраҳо дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Ҳамкориҳои Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо корхонаҳои истеҳсолӣ густариш ёфта истодаанд.
23 январи соли 2026 дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба, бо мақсади мустаҳкам намудани робитаи илм бо истеҳсолот ва рушди тахсилоти дуалӣ, бо ташаббуси шуьбаи таҷрибаомузӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон ва кафедраҳои тахассусӣ, Маркази рушди касбияти кафедраи маркетинг-агробизнес дар назди ҶДММ “Кедр” ва кафедраи менеҷменти Донишгоҳ дар назди ҶДММ «КФ Фортуна -Ко» таъсис дода шуд.
Зимни суханрониҳои худ Директори ҶДММ “Кедр” Ҷӯрабек Тулиев ва Директори «КФ Фортуна -Ко» Амирхон Очилов қайд намуданд, ки таъсиси Маркази рушди касбияти кафедраҳои тахассусӣ қадами навбатӣ ба сӯи мустаҳкам намудани ҳамкориҳо ва омода намудани мутахассисони муосири рақобатпазир ба ҳтсоб рафта, пайвастани илм бо истеҳсолот — ин қадами муҳим ба сӯи таҳсилоти босифат, шуғли устувор ва рушди иқтисоди миллӣ мебошад. Аз ҷониби сарварони коргоҳ иброз шуд, ки бо мақсади мустаҳкам намудани робитаи илм бо истеҳсолот ва рушди таҳсилоти дуалӣ амалӣ намудани шартномаҳои ҳамкорӣ, густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд ва ба ин васила алоқаманд намудани донишҳои назариявӣ ва амалӣ дар ҷараёни тайёр кардани мутахассисони дар бозори меҳнат рақобатпазир аз тарафи «КФ Фортуна -Ко» дастгирӣ карда мешавад.
Таъсиси филиали назди кафедраҳо имкон медихад, ки донишҷӯёни донишгоҳ донишҳои худро дар муҳити воқеӣ – истеҳсолӣ татбиқ намуда, малакаҳои касбиро аз худ намоянд ва хамчун иқтисодчӣ- маркетолог маҳсулоти ватаниро ба дигар давлатхо низ муаррифӣ намоянд.

 

 Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like