ДДҲБСТ: Таъсиси Маркази рушди касбияти кафедраи методикаи таълим дар назди ҶДММ «Кӯдакистони арча»
21 январи соли 2026 бо ташаббуси шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон ва кафедраи методикаи таълими Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар назди ҶДММ «Кӯдакистони арча» Маркази рушди касбияти кафедраи методикаи таълим таъсис дода шуд. Иқдоми мазкур ба таҳкими робитаи илм бо муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, рушди таҳсилоти дуалӣ ва баланд бардоштани сатҳи омодагии касбии донишҷӯён равона гардидааст.
Зимни ифтитоҳи марказ директори ҶДММ «Кӯдакистони арча» Мадинаи Зоиршо омодагии муассисаро ҷиҳати ҳамкориҳои судманд таъкид намуда, зикр кард, ки дар шароити муосир танҳо донишҳои назариявӣ кофӣ нестанд ва таҳсилоти дуалӣ ба донишҷӯён имконият медиҳад донишҳои худро дар муҳити воқеии корӣ татбиқ намуда, малакаҳои касбӣ касб намоянд.
Таъсиси марказ ба баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, омода намудани кадрҳои соҳибтахассуси педагогӣ ва такмили таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ мусоидат намуда, заминаи боэътимод барои ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва томактабӣ фароҳам меорад.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа










