Интихобот ва ҷавонони бедори миллат
Баргузории интихобот яке аз маъракаҳои муҳими сиёсӣ ба ҳисоб рафта, он ба равандҳои ҳаёти сиёсии ҷомеа таъсири назаррас дорад. Дар чунин шароит ҳар гуна созмонҳо ва ташкилотҳои экстремистӣ, бо ҳар баҳона мехоҳанд номи давлатро сиёҳ намояд.
Баҳона пеш меоранд, ки гӯё дар дохили Тоҷикистон шахсони арзанда барои вакил шудан набошад ва ғ. Мо хуб медонем, ки дар тамоми мулоқоту баромадҳои хеш Роҳбари давлат аз ҷавонон таклиф баамалмеоранд, ки дар ҳаёти сиёсии кишвар онҳо фаъолона ширкат намуда, дар пешрафти давлат саҳми муайяни худро гузоранд. Хоссатан таъкид менамоянд, ки зиракӣ ва ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд. Зеро, дар шароити ҳассоси вазъи геополитикии ҷаҳонӣ созмонҳое ҳастанд, ки бо ҳар баҳона мехоҳанд, ҷавононро ба доми фиреб кашида, онҳоро барои амалӣ намудани ҳадафҳои ғаразноки хоҷагони хориҷии хеш истифода намоянд. Чуноне ки медонем, чи қадар ҷавонони дар хориҷи кишвар қарор дошта, бо тарзи мағзшӯӣ ба доми фиреби созмонҳои террористӣ афтода, ҷони худро аз даст доданд. Дар ҷангҳои давлати Сурия ҳалок шуданд, номи авлоди худро сиёҳ карданд, фарзандонашон ятим монд. Магар ин хизмат намудан барои миллату давлат аст?! Ин аломати паст будани маърифати динӣ, надоштани донишҳои сиёсӣ, огоҳ набудан аз ҳадафҳои созмонҳои террористӣ ва бадном кардани Тоҷикистон мебошад.
Махсусан дар давраи баргузории интихоботҳо ҳар гуна ташкилотҳои дар хориҷа буда, кӯшиш менамоянд, ки боз ҳам ба ҳар баҳона андешаи шаҳрвандон ва ҷавононро нисбати Тоҷикистон бад намуда, ҳадафҳои худро амалӣ намоянд.
Имрӯз ба ҳар гуна андешаҳои беасоси намояндагони созмону ташкилотҳои ба мисли Кабирӣ, ки гӯё барои баргузории интихоботи Парлумонӣ номзадҳои нав ва чеҳраҳои нав надошта бошем ва он ҳатман аз беруни кишвар, махсусан аз байни муҳоҷирон бошад, ягон маънӣ надорад. Дар дохили кишвар номзадҳои арзанда дорем. Беҳтарин ҷавонон ва кадрҳои арзандае дорем, ки метавонанд хоҳ тавассути ҳизби сиёсӣ ва хоҳ ба таври худпешбарӣ дар интихобот ширкат намуда, дар пешрафти кишвар саҳми муайян гузоранд.
Хулоса, мо ҷавононро мебояд аз ҳар гуна андешаҳои беасоси намояндагони созмонҳои ғайриқонунӣ худро эҳтиёт намуда, мунтазам донишу маърифати сиёсиву ҳуқуқиамонро баланд бардошта, дар корҳои созандагиву ободкории ватани азизамон Тоҷикистон саҳмгузор бошем.
Шӯҳрат Саидзода – н.и.с., дотсент, мудири
кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ