ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН – МУАЙЯНКУНАНДАИ РУШДИ ИҶТИМОИВУ ИҚТИСОДӢ ВА ФАРҲАНГИЮ СИЁСИИ ТОҶИКИСТОН
Таҷрибаи давлатдорӣ собит менамояд, ки барои ташаккули давлат ва самаранок давлатдорӣ намудан паёмҳои роҳбарон дорои аҳамияти муҳим мебошанд, зеро дар онҳо як силсила масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии мамлакат ҳамаҷониба таҳлил ёфта, барои рушди устувори ҳар соҳа ва рафъи камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои қатъӣ ва таклифу ҳидоятҳои зарурӣ дода мешаванд.
Паёмҳо далели онанд, ки дастуру супоришҳо ва талошҳои Сарвари давлат, пеш аз ҳама, ба хотири ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, ҳимояи истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои ҷумҳурӣ равона гардида, чун таҳкимбахши иқтидори сиёсӣ – иқтисодии мамлакат, барои таъмини шароити боз ҳам беҳтари зиндагӣ ва дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштани обрӯи Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон нақши басе муҳим мебозанд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун ҳуҷҷати муҳими дорои аҳамияти стратегӣ баромад намуда,ба таъмини рушди устувори мамлакат мусоидат менамояд. Санаи 16 декабри соли 2025 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар симои он ба тамоми халқи мамлакат пешниҳод намудани Паём яке аз рукнҳои давлати соҳибистиқлол ва яке аз рамзҳои асосии давлатдории демократию ҳуқуқбунёд ба ҳисоб меравад.
Аз нигоҳи мазмун ва муҳтаво Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ мавзуъҳоеро дарбар мегирад, ки барои рушди устувори мамлакат ва таъмини зиндагии сазовори мардум аҳамияти муайянкунанда доранд. Мавзуъҳое, ба монанди таҳлили равандҳои минтақавию байналмилалӣ ва ҷойгоҳи Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир, вазъияти рушди иқтисодӣ ва ислоҳоти низоми молиявии кишвар, масъалаҳо ва дурнамои рушди соҳаҳои саноат ва соҳибкорӣ дар мамлакат, дастовардҳо ва сиёсати иҷтимоии давлат, таҳкими ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва таъмини амнияти миллӣ дар шароити муосир аз ҷумлаи масъалаҳое мебошанд, ки дар қатори бисёр масъалаҳои дигар муҳтавои Паёми Пешвои миллатро ташкил медиҳанд.
Вақте ки Паёмҳои Президенти мамлакатро бо назари таҳқиқ мехонед, таваҷҷуҳ ва самимияти хоса ба рушду бақои давлату миллатро эҳсос менамоед.
Яке аз самтҳои калидии Паёми Пешвои муаззами миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин саноатикунонии босуръати кишвар мебошад. Президенти кишвар қайд намуданд, ки саноат омили асосии рушди иқтисод, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ аст. Дар ин замина, сохтмони корхонаҳои нави саноатӣ, коркарди ашёи хоми ватанӣ, рушди саноати кӯҳӣ ва металлургӣ инчунин ворид намудани технологияҳои муосир вазифаҳои муҳим арзёбӣ шуданд.
Ба мақсади ноил гардидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар дар давраи татбиқи он, яъне дар 7 соли охир беш аз 2600 корхонаи саноатӣ бо ташкили зиёда аз 87 ҳазор ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шудааст, ки ин нишондиҳандаи рушди иқтисоди кишвар ба шумор меравад.
Яке аз дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳим дар соҳаи сиёсӣ, ки дар Паёми навбати ироа гардид, ин интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (марти 2025) бошад, дигаре ҳалли масъалаи сарҳадӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон буд.
Ногуфта намонем, ки ҳамасола зимни ироаи Паём Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба вазъи кунунӣ ва дурнамои соҳаи маориф ва илм ибрози назар менамоянд. Дар Паёми навбатӣ низ Сарвари давлат дар робита ба рушди маорифи кишвар таъкид намуданд: «Ман аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, дар тӯли беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям».
Дониш дар ҷаҳони имрӯза ба захираи муҳимтарини рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳо, баланд бардоштани некӯаҳволӣ ва инкишофу такомули инфиродии шаҳрвандон мубаддал гардидааст. Аз ин рӯ, дар сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати мамлакат маориф яке аз соҳаҳои калидиву афзалиятнок ба ҳисоб меравад. Асри 21 – асри пешрафти илму техника ва технологияҳо мебошад. Агар мо хоҳем, ки давлати пешрафта, Ватани обод ва зиндагии осуда дошта бошем, бояд кӯшиш кунем, ки фарзандонамон соҳиби саводу дониш ва касбу ҳунар шаванд. Вақте наврасону ҷавонон бесавод мемонанд, ҷомеа ба таассубу хурофот ва ҷаҳолат гирифтор мешавад. Ва вобаста ба он Сарвари давлат таъкид намуданд, ки “бо мақсади шинохти тамаддуну фарҳанг, таърихи бою рангини халқи тоҷик ва пешгирии хурофоту бегонапарастӣ мо дар аввал Қуръони каримро бо забони тоҷикӣ, китоби “Тоҷикон” ва “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосим Фирдавсиро нашр намуда, ройгон ба аҳолии мамлакат тақдим намудем, то шаҳрвандон хонанд ва ҳамчун шахсони бомаърифат бар зидди ҳама гуна хурофоту бегонапарастӣ мубориза баранд”.
Дар идомаи дастгириҳои иҷтимоии кормандони соҳаи маориф ва илм, Пешвои миллат дар Паёми навбатӣ бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи зиндагии кормандони соҳаи маориф ва илм, аз хусуси зиёд кардани маоши вазифавии кормандони муассисаҳои маориф, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ 25 фоиз ва дигар муассисаҳои соҳаи маориф 20 фоиз аз 1 сентябри соли 2026 мужда доданд.
Мо, кормандони соҳаи маориф ва илм иқдоми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ин самт ҳамаҷониба пазироӣ намуда, ҷавобан ба ғамхориҳои рӯзафзуни Ҳукумати мамлакат ҷиҳати дар амал пиёда намудани сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат тамоми кушишу ғайрати худро равона месозем.
Юсупова З. Ш. – муаллими калони кафедраи ҳуқуқи конститутсионии ДДҲБСТ