НАҚШИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАШАККУЛИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ

Санаи 16 декабри соли 2025 Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзоёни Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагонро ба ҳамагон пешкаш гардид. Паёми мазкур хислати сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва тарбиявӣ дошт. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш дурнамои самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриро иброз намуданд. Самтҳои хориҷӣ доштани Паёми мазкур аз он шаҳодат медиҳад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози Паёми худ рўйдодҳои таърихӣ барои ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳади давлатиро қайд намуданд. Боиси ифтихори миллӣ гардид, ки санаи 12 декабри соли 2025 ташаббуси Тоҷикистон дар ҷаласаи 7 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист қатънома доир ба «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кўҳӣ» қабул карда шуд.

Тавре зикр гардид, эҳтиром гузоштан ба таъриху тамаддун ва дастовардҳои мондагоре, ки аз мавҷудият ва асолати миллати тоҷик намояндагӣ мекунанд, ҳамеша мадди назари Пешвои миллат қарор дорад ва дар ин самт ҳамасола таъкиду дастурҳои судманд пешниҳод мегардад. Дар Паёми имсола низ бо ҳисси ифтихору қаноатмандӣ зикр гардид, ки бо саъю талошҳои Тоҷикистон соли сипаришаванда 11 ёдгории мероси фарҳангии Хуттали қадим (дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Данғара, Восеъ, Фархор ва Ховалинги вилояти Хатлон) ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуданд. Ин амал бори дигар тасдиқи он аст, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ на танҳо мардуми моро ба расмият мешиносад, балки таъриху тамаддуни пурғановатамонро эътироф ва дастгирӣ менамояд.

Дар Паёми мазкур Ҷаноби Олӣ қайд намуданд, ки ҳаҷми маҳсулоти дохилӣ назар ба солҳои гузашта 3,4 баробар зиёд гардид ва сатҳи камбизоатӣ то 19 фоиз коҳиш ёфт. Дар Паём оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисодиёт, аз ҷумла саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузошта шуд.

Дар ин радиф ба Ҳукумати мамлакат супориш дода шуд, ки самтҳои афзалиятноки рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, саноатикунонии босуръат бо технологияҳои муосир, истифодаи имкониятҳои транзитӣ ва сайёҳӣ, идомаи ислоҳоти идоракунии давлатӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар гардонидани фазои сармоягузориро тақвият бахшад.

Дар маҷмӯъ, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 як ҳуҷҷати мукаммали сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мебошад, ки роҳнамои рушди минбаъдаи кишвар ба ҳисоб меравад. Ин Паём на танҳо дастовардҳоро ҷамъбаст мекунад, балки бо муайян намудани вазифаҳои мушаххас барои ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеа дурнамои равшани ояндаро нишон медиҳад. Мазмун ва муҳтавои Паём гувоҳи он аст, ки Тоҷикистон роҳи рушди устувор, таҳкими давлатдорӣ ва беҳбудии зиндагии мардумро устуворона идома медиҳад.

 

Акмалзода А.Ҳ. –  муаллими калони кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика ва муқовимат ба коррупсияи ДДҲБСТ

 

You might also like