Аз интихобот очко гирифтани Кабирӣ
Бале, интернет дар замони ҳозира яке аз сарчашмаҳои маълумотҳо ва хабаррасонӣ гаштааст. Маълумотҳо аз сарчашмаҳои гуногун зиёданд. Аммо дар баробари он баъзе шахсоне вомехӯранд, ки мехоҳанд фикрронии истифодабарандагони сомонаҳои интернетӣ аз ҷумла ҷавононро вайрон созанд. Бе шубҳа ин шахсоне ҳастанд, ки худро тарафдори мардум вонамуд намуда, лекин дар дил сирҳои хуфтаи худро нигоҳ дошта имконият, ки фароҳам омад он мардумро чун силоҳи худ истифода мебаранд.
Муҳоҷирони тоҷик тӯли солҳои зиёд дар давлатҳои хориҷа зиндагонӣ намуда истода, ба қадри хоки ватани азизамон мерасанд. Ва дар масъалаи интихобот ҳам ҳуқуқҳои худро хеле хуб медонанд. Дар хориҷ аз кишвар бошанд ҳам дар интихобот албатта иштирок мекунанд. Аммо дар тамоми масъалаҳо намояндагону аъзоёни ТЭТ ҲНИ мехоҳанд, ки бо фикрҳои подарҳавои худро доир ба ин масъала баён намудаанд. Мехоҳанд дар ҳамин масъала пайравони худро пайдо намоянд. Дар байни мардумон ба мисли «вирус» ақидаҳои нопоки худро ҷой дода, Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба майдони муборизаҳо табдил диҳанд ва аз ин вазъият ба манфиати худ кор кунанд.
Ходими пешбари Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Акадеимяи илмҳои Тоҷикистон Назарзода Носир Ҷобир дар мақолаи худ таҳти унвони “Барзагове дар хам-хами Файзобод” дуруст қайд менамояд. Дар ҳақиқат Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми ҳуқуқҳои шаҳрвандон аз ҷумла, моддаи 4 (Ҳуқуқи умумии интихобот)-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” гувоҳӣ медиҳад, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синнашон то рӯзи интихобот ба 18 расидааст, қатъи назар аз мансубияташон ба миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсилот ва дороии молу мулк ҳуқуқи интихоб кардан доранд. Мо ҳамчун шаҳрвандони Тоҷикистон дар давоми соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар интихоботҳои Президенти ҷумҳурӣ ва вакилони халқӣ бе монеа ширкат меварзем. Пас ба гуфтаҳои подарҳавое, ки аз ҷониби душманони халқи тоҷик гуфта шудааст, оё мо бовар мекунем? Ҳе не, он ҳама ҳила ва найрангҳое, ки барои манфиати худ дигаронро мехоҳанд истифода намоянд.
Олими варзида Назарзода Носир Ҷобир масъалаҳоеро баён намудаанд, ки барои шинохтани Кабирӣ ва фош намудани кирдукорҳои ӯ, кинаву адовате, ки нисбати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дорад ёрии калон мерасонад. Бояд қайд намудан зарур аст, фикрҳои подарҳавои ин шахсон баҳона барои баҳси байни сокинони ҷомеа шуда наметавонад. Нест бод ифротгароӣ.
Қаҳҳоров У.А. – ассистенти кафедраи
таърихи халқи тоҷики ДДҲБСТ