ПАЁМ – РОҲНАМОИ СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар ҳар кишвари пешрафтаи олам дар баробари сиёсати дохилӣ – сиёсати хориҷӣ ин тавсеакунандаи сиёсати давлатӣ ба ҳисоб рафта, тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати хориҷӣ дуруст ва мақсаднок ба роҳ монда шуда, мунтазам манофеи миллии кишварамонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ мекунад.
Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат – сиёсати санҷидашудаи ҳифзкунандаи манофеи миллӣ бо дарназардошти ҳуқуқу манфиатҳои шарикони худ асос ёфта, Тоҷикистонро ҳамчун кишвари иштирокчии фаъоли муносибатҳои байналмилалии дорои равиши дипломатии ба худ хос бо инъикоси таъриху фарҳанг ва арзишҳои миллӣ ба ҳисоб меравад.
Дар Паёми ироагардидаи имсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нуктаҳои асосӣ ба сиёсати хориҷӣ низ бахшида шуда, соли 2025 ҳамчун соли таърихӣ дар муносибатҳои дуҷонибаи кишвари мо бо кишварҳои ҳамсоя ва дӯст арзёбӣ гардид. Пурра ҳал гардидани масъалаҳои сарҳадии байни Тоҷикистону Қирғизистон дар соли 2025, ки тайи беш аз сад соли охир ҳалношуда буд – музаффарияти дипломатияи тоҷик аст.
Ҳамчунин, чи тавре ки таъкид карда шуд – ба имзо расидани шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ аз ҷониби сарони давлатҳо барои рушди минтақа ва идомаи ҳамкориҳои судманд заминаи мустаҳками ҳуқуқиро фароҳам месозанд.
Мо имруз дар ҷаҳоне зиндагӣ дорем, ки пур аз тазодҳо ва таҳдидҳо аст, кишварҳоро зарурият пеш меояд, ки мустақилияти хешро ҳифз намоянд, сулҳу суботро дар ҳудуди давлаташон ва минтақа таъмин кунанд. Аз муаммоҳои экологии ҷаҳони имрӯза ва оқибатҳои харобиовари он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба ҷомеаи байналмилалӣ гӯшрас намуда, суханрониҳои Пешвои миллат боис гардид, ки пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон доир ба эълон намудани “Соли байналмилалии пиряхҳо” аз ҷониби 153 кишвари дунё дастгирӣ ёфт.
Ҷумҳурии Тоҷикистон узви фаъоли созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ ва минтақавӣ – СММ, СҲШ, ИДМ, СААД, СҲИ ва ғайраҳо буда, ҳамеша саҳми худро дар ҳалли муаммоҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ мегузорад. Қабул ва эътироф гардидани ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи солҳои охир далели болоравии нуфузу эътибори кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ аст:
Соли 2025 дар сиёсати хориҷии кишвар соли музаффариятҳо ва пешравиҳо буд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ташаббусҳои ҷаҳонии худ ҷиҳати амалисозии қатъномаи СММ оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро мизбонӣ намуд; 12-уми декабри соли 2025 бо ташаббуси Тоҷикистон дар ҷаласаи 7-уми Маҷмаи Умумии СММ оид ба муҳити зист қатънома доир ба «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ» қабул гардид; Бо ташаббуси дигари кишвари мо қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии СММ зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» қабул гардид; 12-уми декабри соли 2025 бо иқдоми Тоҷикистон қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ дар хусуси эълон кардани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» қабул гардид.
Инчунин, ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани ёдгориҳои мероси фарҳангии Хуттали қадим зимни иҷлосияи 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонӣ дар шаҳри Париж – ин ҳама пазироӣ ва қабули ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат аз минбарҳои созмонҳои байналхалқӣ буда, ифодагари дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ибтикороти созандаи кишвари мо шаҳодат медиҳад.
Хулоса, мардуми Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президенти кишвар бо иродаи устувор дар роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд қадам гузошта, бо ваҳдату ҳамдилӣ рушди кишвар ва болоравии нуфузи онро дар сатҳи байналмилалӣ таъмин менамоянд.
Алиҷонова А.Ҳ. – муаллими калони кафедраи муносибатҳои байналхалқии ДДҲБСТ