ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ – РАҲНАМОИ СИЁСИВУ ҲУҚУҚИИ ИНКИШОФИ ДАВЛАТ
Муҳимтарин вазифаҳои давлат дар ҳама шаклҳои он таъмини истиқлолият, тамомияти арзӣ, ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон мебошад. Ҳар як давлати соҳибихтиёр бе ҳокимияти пурқуввати сиёсии ҳуқуқӣ ва волоияти ҳокимияти давлатӣ дар кишвар, соҳибихтиёрӣ дар муносибат бо субъектҳои сиёсии байналмилалӣ арзи вуҷуд дошта наметавонад. Миллат низ бе доштани сарчашмаи асосии ҳуқуқӣ, ҳокимияти давлатӣ ҳамчун зуҳуроти ҷамъиятӣ – сиёсӣ наметавонад аз нигоҳи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, забонӣ, анъана ва урфу одат, ки аз нишонаҳои муҳимми миллат маҳсуб мегарданд, инкишоф ёбад, тараққӣ кунад, ормонҳои худро амалӣ созад. Халқ ҳамчун сарчашмаи ҳокимияти давлатӣ бевосита дар ташкил ва идоракунии давлатӣ иштирок мекунад ва дар навбати худ инкишофи онро муайян месозад.
Дар ҳақиқат, Тоҷикистони соҳибистиқлол дар таърихи навини сиёсии хеш аз ибтидои солҳои 1990-ум ба марҳалаи нави давлатдории худ ворид мегардад. Дар ин давраҳои тӯлонӣ бо гузаронидани тадбирҳои сиёсии андешидашудаи Асосгузории сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ислоҳоти сиёсиву конститутсионӣ, барқарор сохтани фаъолияти фалаҷшудаи давлатӣ, ташкили низоми ягонаи ҳокимияти иҷроя, парламенти дупалатагӣ ва ҳокимияти мустақили судӣ, таъмини қонунияту тартибот ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон кафили пешрафти босуботи иқтисодиёт, беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум, вусъати корҳои бунёдкориву созандагӣ гардиданд.
Санаи 16 декабри соли 2025 Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар Паёми навбатии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистан ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фарогирии ҷамъбасти солонаи фаъолият ва дастовардҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, инчунин, дигар самтҳои асосии вазъи дохилаву хориҷаи кишвар ироа мегардад, вазифаҳоро барои соли оянда тарҳрезиву нақшабандӣ намуда, дастуру раҳнамо ва фаъолияти ҳар як вазорату идора маҳсуб ёфтаву барои халқи Тоҷикистон зарур ва муҳим арзёбӣ мегардад, ки раҳнамои пешравиҳо дар тамоми ҷомеаи тоҷикон мебошад. Вобаста ба ин, Президенти мамлакат як қатор рақамҳо ва далелҳоеро оварданд, ки воқеан ба дастовардҳои назаррас соҳиб гардидани кишвари азизамон шаҳодат медиҳанд. Ҳамчунин, қайд намуданд, ки шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ аз ҷониби сарони давлатҳо ба имзо расид, ки барои рушди минтақа ва идомаи ҳамкориҳои судманд заминаи мустаҳками ҳуқуқиро фароҳам месозанд. Дар Паёми навбатӣ қайд шудааст, ки рӯзи 12-уми декабри соли 2025 бо ташаббуси Тоҷикистон дар ҷаласаи 7-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зери унвони “Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ” қабул гардид.
Президенти мамлакат дар баробари дигар самтҳо таъкид карданд, ки олимони Академияи илмҳо вазифадоранд, ки дар иҷрои се ҳадафи стратегии давлат – таъмини истиқлолияти энегетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат нақши фаъолона дошта бошанд.
Аз тарафи Президенти мамлакат пешниҳод карда шуд, ки аз 1 сентябри соли 2025 бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи накӯаҳволии мамлакат ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ кормандони муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ 25 фоиз, кормандони дигар соҳаҳои гуногун маоши вазифавии кормандон ва стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шавад.
Умуман, Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади тақдирсоз ва раҳнамо барои ҳар як фарди мамлакат ва рушди давлатдории Тоҷикистон ба шумор рафта, баҳри муайян намудани ояндаи дурахшони Ватанамон нақши муҳим мегузорад.
Абдуллоева Д.Ф. – н.и.ҳ, дотсенти кафедраи ҳуқуқи конститутсионии ДДҲБСТ