Иқтибосҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
16 декабри соли 2025 дар толори Парлумони Тоҷикистон ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паёми худ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.
Дар ин Паём Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои соли гузашта ва самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлатро шарҳ дода, ба рушди иқтисод, беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ, соҳаҳои маорифу тандурустӣ, амнияти миллӣ ва тарбияи ҷавонон диққати махсус дода шуд. Ҳамчунин масъалаҳои сулҳ, субот ва рушди устувори кишвар муҳим шуморида шуданд.
Сарвари давлат таъкид намуданд, ки пешрафти Тоҷикистон ба меҳнати содиқона, дониш ва ваҳдати мардум вобаста аст. Паёми Президент барои муайян намудани вазифаҳо ва ҳадафҳои ояндаи кишвар аҳамияти калон дорад.
Мавзуъҳои асосӣ ва муҳиме, дар Паём ироа гардиданд:
- Рушди иқтисод — афзоиши истеҳсолот, ҷойҳои нави корӣ, дастгирии соҳибкор;
- Сатҳи зиндагии аҳолӣ — баланд бардоштани маош, нафақа ва ҳифзи иҷтимоӣ;
- Маориф — беҳтар кардани сифати таҳсил, рушди мактабҳо ва донишгоҳҳо, тарбияи ҷавонони донишманд;
- Тандурустӣ — беҳбудии хизматрасонии тиббӣ ва ҳифзи саломатии мардум;
- Ҷавонон ва занон — дастгирии ҷавонон, нақши занон дар ҷомеа;
- Амнияти миллӣ ва сулҳу субот — ҳифзи оромӣ, ваҳдат ва истиқлолияти кишвар;
- Сиёсати хориҷӣ — муносибатҳои дӯстона бо кишварҳои дигар ва ҳамкорӣ;
- Рушди фарҳанг ва арзишҳои миллӣ — ҳифзи забон, таърих ва фарҳанги тоҷикон мебошанд.
Дар Паёми худ Пешвои миллат ба нақши муҳими маориф ва илм дар рушди кишвар таъкид намуданд. Ба донишҷӯён гуфта шуд, ки онҳо бояд донишомӯз, масъулиятшинос, ватандӯст ва ташаббускор бошанд, забонҳои хориҷиро аз худ намоянд ва аз илму технологияҳои муосир истифода баранд.
Президенти кищвар ба омӯзгорон масъулияти бузургро ҷиҳати тарбияи насли оянда ёдовар шуданд. Таъкид гардид, ки омӯзгор бояд на танҳо дониш диҳад, балки ахлоқ, фарҳанг ва ҳисси ватандӯстиро дар қалби шогирдон парвариш намояд.
Ҳамчунин Сарвари давлат зарурати баланд бардоштани сифати таълим, истифодаи усулҳои нав, рушди мактабҳо ва донишгоҳҳоро муҳим шумориданд ва изҳор доштанд, ки давлат соҳаи маорифро ҳамеша дастгирӣ мекунад.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид мекунанд, ки шиори бостонии «Пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек» бояд асоси зиндагии ҳар инсон бошад, то ҳама ба ахлоқи ҳамида ва фарҳанги волои ниёгон пайравӣ намуда, Ватанро обод кунад, дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёт – дар фикру андеша, сухан ва рафтораш ин арзишҳоро таҷассум кунад, то ҳамчун як шахси мутамаддин ва башардӯст дар ҷомеа мақоми шоиста дошта бошад.
Тоирова Ш.М. – муаллими калони кафедраи забони англисии ДДҲБСТ