Сиёсати созандаи дин ва давлат дар Тоҷикистон
Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки сиёсати давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳар ҷиҳат ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои динии шаҳрвандон мусоидат мекунад.
Фақат зикри иқдомҳои муҳиме мисли фароҳам шудани заминаи қонунии озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон, рӯзи расмии истироҳатӣ эълон шудани идҳои динии Рамазон ва Қурбон, ба таври доимӣ содир шудани паёми табрикии Роҳбари давлат ба муносибати идҳои мусулмонӣ, мусоидати давлат ба фаъолияти озоди иттиҳодияҳои динӣ, таъсиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузории бошукӯҳи Соли бузургдошти пешвои мазҳабии мардуми тоҷик Имоми Аъзам, таҷлили давлатии бузургдошти Имом Бухороӣ, Имом Тирмизӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва дигар бузургони дину фарҳанг, бо кӯмаки бевоситаи Роҳбари давлат ба забони тоҷикӣ тарҷума, нашр ва ба мардуми кишвар тақдим гаштани Қуръони Карим, бо маблағгузории давлатӣ таҳия ва чоп шудани силсилаи осори арзишманди динию таърихӣ, мақом ва ҳимояи давлатӣ гирифтани Донишкадаи исломии Тоҷикистон, таъсиси Маркази исломшиносӣ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузории муназзами озмуни ҷумҳуриявии қориёни Қуръон, дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ҷорӣ шудани фанни таълимии “Таърихи дин”, бо дастгирии бевоситаи давлат ташкил шудани сафари ҳаҷҷи шаҳрвандон, таъсиси маҷаллаи динии “Дин ва ҷомеа” ва ғайра нишон медиҳад, ки дар даврони Истиқлолият ғамхории давлат ва махсусан, Пешвои миллат барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои динӣ миқёси бисёр васеъ доштааст.
Муносибати самимӣ, боэҳтиромона ва ғамхоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи ҳуқуқу озодиҳои динӣ, аз ҷумла нисбат ба арзишҳои баланду инсондӯстонаи дини мубини ислом, дар тамоми тӯли фаъолияти эшон ошкор буда, дар таҳкими суботу ваҳдати ҷомеа таъсири неки худро гузоштааст. Илова бар иқдомҳои наҷиби зикршуда, ҳамчунин амалҳое чун дифои ҷасуронаи Пешвои миллат аз арзишҳои волои исломӣ дар минбарҳои баланди созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла минбари СММ, таъкиди ҳамешагии эшон бар ҷудо будани ислом аз падидаҳои экстремизм ва терроризм, пешниҳод дар бораи таъсиси Бунёди ҳамёрии бародарона барои рушди кишварҳои мусулмоннишин, чор маротиба анҷом додани маросими ҳаҷ, аз ҷумла ду маротиба бо аҳли оила ворид шудан ба Каъбаи муқаддас нишондиҳандаи ҳамин ҳақиқат мебошанд.
Бо рӯҳияи нек ва муносибати боэҳтиромонаи Роҳбари давлати Тоҷикистон нисбат ба арзишҳои динӣ метавон дар осори эшон дар ин соҳа, аз ҷумла дар китобҳои арзишманди “Дар бораи дин” (2007), “Имоми Аъзам ва рушди робитаҳои байнитамаддунӣ” (2009), “Дин ва ҷомеа”(2013) ва ғайра ба таври муфассал ошно шуд. Ин аст, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз шахсиятҳои муътабар ва шинохтаи ҷаҳони ислом ба ҳисоб рафта, аз тарафи ташкилотҳои ҷаҳонӣ такрор ба такрор ба рӯйхати чеҳраҳои машҳуру бонуфузи ҷаҳони ислом ворид карда мешавад.
Ҳоло бо дастури бевоситаи Пешвои миллат Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин таҳия шуда истодааст, ки дар он такмили ҳамаҷонибаи сиёсати давлатӣ дар ин самт ва таъмини боз ҳам беҳтари ҳуқуқу озодиҳои динии шаҳрвандон пешбинӣ гаштааст.
Номгӯи ташаббусу дастгириҳои давлат дар ин самт метавонад хеле тӯлонӣ бошад, аммо ҳамаи ин исбот менамояд, ки аз рӯи меъёри сеюми андозагирии вазъи таъмини ҳуқуқ ба озодии виҷдон дар як кишвар, яъне мусоидаткунанда будани сиёсати давлатӣ ба татбиқи ҳуқуқ ба озодии виҷдон низ Тоҷикистон нишондиҳандаи бисёр баланд дорад. Дастгирии давлатӣ барои рушди арзишҳои волои динӣ ва таъмини озодиҳои динии шаҳрвандон дар Тоҷикистон ба ҳаддест, ки баъзе коршиносон онро барои як давлати дунявӣ ҳатто беш аз андоза мешуморанд.
Аз ин рӯ бархе аз нафарони хоини ватанфуруш нисбати сиёсати давлатии мо дар ҷодаи дину эътиқод баҳои нодуруст дода, мехоҳанд оммаи афкори ҷомеаро халалдор созанд. Лек мо халқи тоҷик худ ба сиёсати кунунии давлату ҳукумат баҳои реалӣ дода, ба ин турфа муллоёни Худобехабар гуфтанием, ки нақшаву нияти Шумоён ҳама аз кору пайкори шайтонӣ аст. Валлоҳ, ки Шумо ва шумобаринҳо аз дину мазҳаб гап мезанед, аммо рафтору кирдоратон бар муқобили он аст.
Тоҷибоев Ш. – н.и.ҳ., дотсент, декани
факултети ҳуқуқшиносии ДДҲБСТ