НАҚШИ ИҶЛОСИЯИ ХVI ШЎРОИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ СУЛҲИ ТОҶИКОН
Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Тоҷикистон дар саҳифаҳои таърихи навини тоҷик ҳамчун рамзи иҷлосияи наҷотбахшу сарнавиштсоз ворид гардидааст. Он аз лиҳози моҳияти худ ба Эъломияи истиқлолияти Тоҷикистон баробарарзиш аст. Агар эъломия давлатеро ба номи Тоҷикистони соҳибистиқлол эълон дошта бошад, пас Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олӣ дар Хуҷандшаҳр ҳамин давлатро аз фаношавӣ нигоҳ дошт ва миллати тоҷикро аз гирдоби нобудӣ берун кашид.
Бо таъбири Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон «Иҷлосияи 16 – уми Шўрои Олӣ бо тақозои таърих на танҳо тифли дар гаҳвора будаи истиқлолиятро наҷот дод, балки тақдири ояндаи ўро муайян сохт ва Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба сўи ҷомеаи мутамаддин ва арзишҳои волои башарӣ ҳидоят намуд».
Иҷлосияи 16- уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фарзанди барўманди халқи тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ваколати роҳбарӣ ба ҷомеаи Тоҷикистонро дод, ҳамзамон ба дўши ў вазифаи мураккаб, вале муқаддаси бунёди давлати воқеан соҳибистиқлол ва демократиро вогузошт. Эмомалӣ Раҳмон ба сифати сармеъморе баргузида шуд, ки мебоист на фақат иморати аз ҷанг вайроншудаи давлати тоҷиконро тармим кунад, балки сохтмони онро бар пояҳои устувору қавии сифатан нав барпо намояд. Дар Иҷлосияи 16 – уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси тозаинтихоби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақсад ва ҳадафи асосии худро чунин баён карда буд: «Ба хотири истиқрори сулҳи пойдор ва бозгашти ҳамаи фирориён ба Ватан ман тайёр ҳастам, ки ҷонамро қурбон созам».
Баъдтар ў ин андешаи худро тавқият бахшида таъкид намуд:
«Азму иродаи мо дар роҳи барпо кардани давлати демократии ҳуқуқбунёд комилан қатъист. Ҳарчанд ки натиҷаҳои дилхоҳи он на ба таври оҷил, балки бо гузашти вақт падид меояд, дар баробари ин сулҳу субот бароямон муҳимтарин арзиш ҳисоб меёбад».
Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ бо қабул намудани Муроҷиатнома бо сарварони гурўҳҳои мусаллаҳ роҷеъ ба имзои созишномаи оид ба истиқрори сулҳ ва ягонагӣ, таъмини истиқлолият иқдоми нахустин гузошт.
Аз Иҷлосияи 16 – уми Шўрои Олии Тоҷикистон то имзо шудани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ( 27 июни соли 1997) Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи ниҳоят вазнин ва пурпечутоби музокиротро тай намуд. Дар давоми қариб чор сол ҳашт давраи музокирот, 21 мулоқоти расмӣ ва даҳҳо вохўриҳои ғайрирасмӣ анҷом дода шуд. Дар ин раванд ҳадафи асосӣ таъмини сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ, ҳарчӣ зудтар ба ватан баргардонидани гурезаҳо ва сарҷамъ намудани миллат буд.
Инчунин барқарор кардани пояҳои фалаҷшудаи ҳокимияти давлатӣ, таъмини фаъолияти мақомоти маҳаллӣ, ҳокимияти иҷроия, судӣ, ҳифзи ҳуқуқ, ташкили артиши миллӣ, қўшунҳои сарҳадӣ ва қабули рамзҳои давлати соҳибистиқлол самтҳои асосии фаъолияти давлат буданд.
Равандҳои сулҳофарини тоҷикон давраҳои гуногунеро фаро мегирад. Ин равандҳои музокирот, бо он ки дар зиндагии мардуми Тоҷикистон тағйирот ворид намуданд, инчунин тағйироту иловаҳои Сарқонуни мамлакатро низ ногузир донистанд ва ин тағйирот бо иловаи аркони қонунҳои умумибашарӣ қабул гардида, ба пешниҳоди КОМ ва дастгирии Президенти кишвар аз ҷониби мардум бо раъйдиҳии умумихалқӣ 26 сентябри соли 1999, мутобиқи иловаи тағйироти нав, ки ба он ворид гардидаанд, ба тасвиб расид.
Сулҳи бебозгашти тоҷикон, қабл аз ҳама дастоварди ҳамдилии мардуми кишвар ва нақши он, рўидаи андешаву тафаккури амиқи роҳбарияти давлатӣ мо ва тақвият бахшидани он дар андешаву тафаккури амиқи тамоми ҷонибдорони ин сулҳ ва истиқрори он дар арсаи сиёсии олам ба шумор меравад. Аз ҳамин сабаб дастовардҳои нодири сулҳи мо буд, ки музокирот ва сулҳофарии мардуми моро имрўзҳо дар тамоми манотиқи ҷангзадаи олам ҳамчун намунаи мактаби сулҳофарӣ мавриди таҳқиқ ва истифода қарор медиҳанд.
Шарипова З.С. – н.и.и., дотсенти кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва минтақаи ДДҲБСТ