Иштироки устодони донишгоҳ дар ҳамоиши байналмилалии Қӯқанд
Санаи 17-19 ноябри соли 2025 муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи донишгоҳ, доктори илмҳои таърих, профессор Ҳомидзода Фурқат Муқим ва мудири кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ, профессор Ғаффорӣ Нуъмонҷон Усмонзода дар конференсияи илмии байналмилалии “Таърихи масоили аграрӣ ва занон дар Осиёи Миёна дар асри ХХ” дар шаҳри Қӯқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ширкат намуданд.
Ин ҳамоиши илмии байналмилалӣ бо иштироки олимони варзидаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ба ифтихори 100-умин солгарди муаррихи барҷаста, академик Аминова Раҳима Ҳодиевна (1925 2001), ки нахустин зан дар Осиёи Марказӣ ба дараҷаи илмии доктори илмҳои таърих ва унвони профессор сазовор гаштааст, доир гардид. Ҳадафи асосии конференсияи мазкур аз диди имрӯз баррасию арзёбӣ намудани масъалаҳои муҳимми таърихи аграрӣ ва мақоми зан дар ҷомеаи Осиёи Миёна дар қарни ХХ буд.
Дар ин конференсия профессор Ҳомидзода Ф.М. дар мавзуи “Роҷеъ ба масъалаи таърихнигории дигаргуниҳои аграрӣ дар Тоҷикистон дар солҳои 20-30-юми асри ХХ” ва профессор Ғаффорӣ Н.У. дар мавзуи “Равобити илмии тоҷику ӯзбек: гузашта ва имрӯза” маърузаи илмӣ намуданд.
Дар доираи ин конференсияи бонуфузи байналмилалӣ устодони мо аз Маҷмаа-осорхонаи таърихии Арки олии Худоёрхон дар Қӯқанд, Осорхонаи мутафаккирони бузург, Хона-музеи академик Раҳима Аминова, Осорхонаи санъати ҳунарӣ ва Донишгоҳи давлатии Қӯқанд дидан намуданд, ки барояшон таассуроти бағоят неку хотирмон гузошт.
Иштироки олимони мо дар конференсияи илмии байналмилалӣ барои густариши робитаҳои илмӣ ва тақвияти ҳамкориҳои байниминтақавии донишгоҳамон мусоидат хоҳад кард.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа








