Баргузории силсилачорабиниҳо бахшида ба Рӯзи Парчами миллӣ дар ДДҲБСТ

Ба ифтихори Рӯзи Парчами миллӣ, ки ҳамасола 24 ноябр таҷлил мегардад, дар кафедраву факултетҳои Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон силсилачорабиниҳои илмӣ ва тарбиявӣ баргузор гардиданд.
Дар чараёни чорабиниҳо донишҷӯён ва омӯзгорон бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ таъриху нақши Парчами давлатӣ дар таҳкими давлатдорӣ ва худшиносии миллӣ баромад намуданд. Аз ҷумла, конференсияҳои илмӣ-амалӣ, мизҳои гирд, озмунҳои эҷодию маърифативу фарҳангӣ, намоиши аксҳо ва китобҳо, инчунин барномаҳои махсуси тарбиявӣ гузаронида шуданд.
Таъкид гардид, ки Парчами давлатӣ рамзи истиқлол, ваҳдат ва пешрафти давлат буда, баргузории чунин чорабиниҳо барои тарбияи ҳисси ифтихор аз арзишҳои миллӣ миёни ҷавонон аҳамияти хоса дорад.

                                                                  Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like