Пешвои миллат – кафили сулҳу субот дар минтақа
Моҳҳо бо хосияти худ дар замири инсон рӯзҳои хубу хушро ба хотир меоранд. Моҳи ноябр барои мардуми тоҷик моҳи мубораку фархунда аст, зеро дар ин моҳ тоҷикон рӯзҳои таърихие, ки ба тақдираш аз раҳоиро аз сангиниву пастиҳои рӯзгор бахшидаанд, ҷашн мегирад. Аз оғози моҳ мо санаи муҳимми сарнавиштсози халқи тоҷикро пешвоз мегирем. Баъдан, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи тақдирсозу Парчами давлатӣ чун рамзи партавафшонии сулҳу субот ва ояндаи дурахшони миллати тоҷик дар фазои Тоҷикистони ҳамешабаҳор бардошта мегардад. Ҳар як рӯзи таърихӣ дар худ ҷаҳони орзуву омоли нафаронеро ниҳон дорад, ки ба ин рӯзҳои нек нарасидаанд.
Мо ба тариқи телевизион ва шабакаҳои иттилоотӣ аз вазъи ҷаҳони имрӯз огоҳем ва хуб медонем, ки вазъияти геополитикии ҷаҳон рӯз ба рӯз вазнинтар мегардад.
Тоҷикистон тавонист дар муддати нисбатан кӯтоҳ аз чунин вазъияти хунбор барояд, вале ин давлатҳо ба мушкилоти бештаре печида дар арафаи аз даст додани истиқлолияти худ ё сулҳу салоҳ дар кишварашон мебошанд. Аз ин сабаб таҷрибаи кишвари мо барои чунин мамлакатҳои ҷангзада ва дар ҳоли гузариш қарор дошта, хеле муҳим ба назар мерасад.
Чӣ хеле ки маълум аст, баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҷикистон соҳибихтиёрии хешро эълон намуд, вале як давраи муайян бо масоилу мушкилоти хеш танҳо ба танҳо монд: барқарор намудани сохтори фалаҷгардидаи давлатӣ, бозгардонидан ва ҷо ба ҷо кардани гурезаҳо аз хориҷи кишвар ва мухоҷирони иҷбории дохилӣ, шикастани қолабҳои кӯҳна дар шуури мардум, ба вуҷуд овардани низоми арзишҳои нави ба давлати соҳибихтиёри миллӣ мувофиқ, мудохилаи пайвастаи берунӣ ба сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар, таҳмили идеологияи бегона ба сари мардум ва муқовимату муқобила бо онҳо, фаъолияти қувваҳои мусаллаҳи экстремистӣ, муборизаи куҳна ва нав дар ҳама сатҳи ҷомеа барои давлат ва миллати Тоҷикистон имтиҳони ҷиддие гашт ва хушбахтона, кишвари мо аз он сарбаландона гузашт.
Тоҷикистон аз муборизаҳои яроқнок оҳиста-оҳиста бо дарки масъулияти таърихӣ ва миллӣ ба музокироти сиёсӣ гузашта, бо ҳамин нишон дод, ки дар ин кишвар қувваи бузурги зеҳнӣ ниҳон аст, ки қудрат дорад ба равандҳои демократӣ ҷилои нав бахшида, ба тавсеа ва густариши онҳо дар ҷомеа мусоидат намояд. Ба ҳам мувофиқ омадани манфиатҳо ва дарки масъулияти давлатӣ ва миллӣ ба он сабаб гашт, ки музокироти сиёсӣ ҳамчун шакли ҳалли ихтилофот барои тамоми мамлакат қобили қабул гардад ва ба яке аз шаклҳои беҳтарини ҳалли масоили ҷомеа табдил ёбад.
Имрӯз ватани азизамон бо иқдоми наҷибонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳалли масоили об ва ҳифзи пиряхҳо, эълони сулҳу субот чун кафили оромии минтақа аз кишварҳои дигар даъват ба амал оварда истодааст, ки доири ин масоил бетараф набошад. Мо бо Сарвари оқилу хирадманди хеш ба дастовардҳои азими пешрафти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ноил хоҳем гашт.
Раҳматова Д.А. – дотсенти кафедраи забони тоҷикии ДДҲБСТ