ДДҲБСТ: Пешрафти донишҷӯён дар омӯзиши забони чинӣ ва гирифтани сертификати HSK
Солҳои охир омӯзиши забони чинӣ дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон рушд ёфта, сатҳи забономӯзии донишҷӯён ба маротиб беҳтар гардидааст. Бо таваҷҷуҳи Раёсати донишгоҳ ва ҷалби омӯзгорони соҳибихтисос, аз ҷумла устоди чинӣ Ма Чи, донишҷӯён имкон доранд сатҳи дониши худро аз дараҷаи азхудкунии забони чинӣ, HSK3 то HSK5 такмил диҳанд. Шумораи донишҷӯёне, ки имтиҳонҳои байналмилалии HSK-ро бомуваффақият месупоранд, солҳои охир афзоиш меёбад. Танҳо дар як гурӯҳи донишҷӯёни курси 4-уми ихтисоси таъмини забони робитаҳои байнифарҳангӣ, ки аз 21 нафар иборат аст, 60% соҳиби сертификати байналмилалии HSK гардидаанд. Донишҷӯёни донишгоҳ Давлатзода Муҳаммадолим, Эгамназаров Давлатбек, Бобоҷонов Сомрон, Исмоилова Меҳрангиз, Абдукаримова Шаҳлохон, Одилов Мусаввир, Манучеҳрзода Нозанин, Қаюмова Меҳрангез, Ваҳобова Мадинахон, Турдиқулова Хуршеда, Каримова Меҳрангезхон соҳиби сертификати байналмилалии HSK3-5 гардиданд.
Гирифтани сертификати HSK барои онҳо роҳ ба таҳсил дар донишгоҳҳои пешқадами Чин ва иштирок дар барномаҳои табодули академиро боз намуда, онҳоро чун мутахассисони варзидаи забондон ва ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳонии бозори меҳнат ба камол расонад.
Моҳи ноябри соли 2025 чор нафар донишҷӯёни донишгоҳ-Исмоилова Меҳрангез, Раҷабова Мӯмина, Халилов Абдулло ва Ҳайдарова Мунзифахон соҳиби стипендияи Сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон гардиданд. Раёсати донишгоҳ ҷиҳати зиёд гардидани донишҷӯёни забондон ва гирандагони стипендияи мазкур тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа






