Паёми шодбошии Ректори донишгоҳ Шероз Мӯминзода ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Устодони гиромӣ, донишҷӯёни азиз!
Моҳи ноябр дар тақвими давлатдории навини Тоҷикистон мавқеи хос дорад, зеро маҳз дар ҳамин моҳ рӯйдоди бузургу сарнавиштсоз – Рӯзи қабули Конститутсия, Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами миллӣ таҷлил мегарданд.
Ба муносибати ин санаҳои сарнавиштсоз Шуморо табрик намуда, бароятон саломатии комил ва саодати зиндагиро таманно менамоям.
Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун санаҳои сарнавиштсозу таърихӣ дар зеҳну шуури миллат ҳамчун рамзи наҷоти давлат, пояи сулҳу ваҳдат ва ибтидои давраи нави эҳёи миллӣ сабт гардидааст.
Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ баргузор гардид, дар ҳақиқат рӯйдоди наҷотбахши миллат буд. Дар он марҳала, вақте ки давлати навбунёдамон зери таҳдид қарор дошт, фарзанди фарзонаи миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иродаи қавӣ, хирадмандӣ ва масъулияти таърихӣ роҳбари давлат интихоб гардиданд.
Маҳз дар он иҷлосия пояҳои устувори сулҳ, ваҳдати миллӣ, таҳкими истиқлолият ва эҳёи ниҳодҳои давлатӣ гузошта шуданд. Аз он рӯз то имрӯз, бо роҳбарии оқилонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон аз гирдобҳои мушкилиҳои даврони гузариш гузашта, ба кишвари сулҳпарвар, созанда ва пешрафта табдил ёфтааст.
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 16-уми ноябр ҷашн гирифта мешавад, рамзи эҳтиром ва сипос ба роҳбари хирадманд, меъмори сулҳу ваҳдат ва асосгузори давлати муосири тоҷикон — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Дар тӯли беш аз се даҳсола Роҳбари давлат бо сиёсати дурбинона ва хиради азалии худ тавонистанд Тоҷикистонро аз вартаи ҷанг ва буҳрон наҷот дода, заминаи рушди устуворро фароҳам созанд.
Имрӯз Тоҷикистони азизи мо зери роҳбарии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун давлати амну субот, ташаббускору созанда дар арсаи байналмилалӣ шинохта шудааст.
Таҷлили Рӯзи Президент ва солгарди Иҷлосияи тақдирсоз чун ду санаи муҳиму муборак барои ҳар як шаҳрванди кишвар, махсусан барои ҷавонон, сабақи равшани ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва садоқат ба арзишҳои миллӣ мебошад.
Таҳти роҳнамоии хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишвар барои таҳкими истиқлоли давлатӣ ва ҳифзи якпорчагии Ватан қадамҳои устувор ниҳода, соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат, махсусан соҳаи маориф ба дастовардҳои нав ба нав комёб мегарданд. Ҷои ёдоварист, ки туфайли ташрифҳои ҳуҷастаи Сарвари давлатамон ба донишгоҳ боргоҳи маърифатамон ба марҳилаи тозаи рушд ворид гардид. Ин таваҷҷуҳи шоистаи Пешвои миллат нисбати соҳаи илму маориф ба ҳисоб рафта, илҳомбахши кору пайкори ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ гардид. Бо саҳмгузорӣ дар тарбияи насли созанда, анҷом додани тадқиқотҳои пурарзиши илмӣ, азхудкунии техника ва технологияи навтарин, омӯзиши забонҳои хориҷӣ имрўз маъвои саодати маънавиямон ба фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ ворид гардид, ки аз сиёсати маорифпарварони Сарвари давлатамон сарчашма мегирад.
Ҳадафи асосии мо тарбия намудани мутахассисони ватандӯст, соҳибмаърифат ва бофарҳанг аст, ки бо дониш, ҷаҳонбинӣ ва садоқати худ ба Президенти маҳбуби кишвар дар татбиқи ҳадафҳои миллӣ ва барномаҳои давлатӣ саҳмгузор бошанд.
Дар ин раванд, насли ҷавон бояд сиёсати давлат ва Пешвои миллатро амиқ дарк намуда, ҳамчун муҳофизони ваҳдат ва суботи ҷомеа амал намоем.
Шумо-донишҷӯёни донишгоҳ бояд аз таҷрибаи Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ва кору паёкори мондагори Президенти маҳбуби кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарси шуҷоату ваҳдат омӯхта, дониш ва маҳорати касбии худро дар роҳи рушду пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол равона созед.
Бо истифода аз фурсат, Шумо – устодон, донишҷӯён, кормандонро бо ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сидқан шодбош мегӯям.
Ба ҳар яки шумо саломатии бардавом, сарбаландӣ, сулҳу оромӣ ва муваффақиятҳои беназир дар фаъолияти илмӣ, таҳсил ва зиндагӣ орзу менамоям.
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди Иҷлосияи тақдирсоз муборак!