Нақши Ҳабибулло Тоатов дар омўзиши таърихи аҳзобу созмонҳои ифротгарои исломӣ
Яке аз мушкилоти асосие ки кишварҳои мусулмонӣ аз солҳои 50 қарни гузашта ба он рў ба рў гардиданд, пайдоиш ва тавсеаи фаъолияти аҳзобу созмонҳои экстремистӣ ва террористии исломӣ мебошад. Пас аз фурупошии Иттиҳоди шуравӣ ин вабои аср домангири кишварҳои минтақаи Шарқи наздику Миёна, аз ҷумла Осиёи Марказӣ низ гардид. Нишонаи барҷастаи он ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, ду маротиба ба сари қудрат омадани ҳаракати “Толибон” дар Афғонистон (1996 – 2001), сипас дар моҳи августи 2021 ва аз ҷониби ДИИШ ба хоку хун кашидани Сурия мебошад.
Қобили зикр аст, ки пас аз фурупошии Иттиҳоди Шуравӣ мубаллиғини кишварҳои исломӣ бо истифода аз сатҳи пасти донистани аҳкоми шариат аз тарафи аҳолии ин давлатҳо ба таблиғи ҷараёнҳои мухталифи исломӣ, аз қабили ваҳҳобия ва салафия оғоз намуданд, ки ҳанўз дар охири солҳои ҳаштоди асри гузашта ба муташанниҷ гардидани авзои сиёсӣ дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон оварда расонид.. Бахусус, ин омил дар ҷумҳурии мо ба воқеаҳои хунини моҳи феврали соли 1990 оварда расонид, ки онро олими дигари таърихнигори тоҷик Ш. Султонов ҳамчун «…сарахбори ҷанги шаҳрвандӣ» [2] дар Тоҷикистон баҳо додааст.
Бо назардошти вазъияти ба амаломада дар кишварҳои минтақа ва аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон омўзиши таърихи ташкил ва ташаккули чунин аҳзобу созмонҳои ифротгарои сиёсии исломӣ оғоз гардид.
Лозим ба ёдоварист, ки оид ба масъалаи мазкур яке аз олимони пурмаҳсули соҳаи таърих Ҳабибулло Тоатов роҷеъ ба ин падидаи номатлуб бо номи «Терроризм ва экстремизм – падидаҳои номатлуб» рисолаи худро иншо намуда, хонандагони тоҷикро ба таърихи пайдоиш ва рушду такомули чунин аҳзобу созмонҳои экстремистӣ шинос кардаанд ва хатари онҳоро барои амнияти ҷомеа хеле хуб ба риштаи таҳрир кашидаанд.
Чи тавре ки муаллиф навиштааст: “Мақсади мо аз нигоштани ин рисолаи мазкур …дар ҳамин аст, то ки мазмун ва мундариҷаи ғояҳои хатарноки равияҳои номатлуби хислати экстремистӣ ва террористидоштаро ба доираи васеи хонандагон, махсусан ҷавонон, дастрас намуда, собит созем, ки ғояи равияҳои мазкур барои ҷомеаи мо тамоман хатарнок ва бегона буда, пайравӣ ба онҳо оқибатҳои сангини иҷтимоӣ ба бор меорад” [1].
Яке аз омилҳои асосии воқеоти хунини Тоҷикистонро аксарияти кулли муҳаққиқон дар солҳои бозсозӣ ва ошкорбаёнии горбачевӣ ба мадориси кишварҳои исломӣ аз қабили Арабистони Саудӣ, Миср, Покистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон ба таҳсил фаро гирифтани ҷавонони тоҷик буд, ки онҳо ҳанўз роҷеъ ба аркони мусалмонӣ маълумоти кофӣ надоштанд ва аз ин рў ҳангоми таҳсил зери таъсири на танҳо равияҳои мухталифи ислом, балки аҳзобу созмонҳои экстремистии исломӣ қарор гирифтанд. Аз ин рў, Ҳ. Тоатов хеле олимонаю оқилона навиштаанд, ки аз ҳисоби чунин муҳассилини мадориси хориҷӣ “иддае аз онҳо бо мағзҳои вайрон ба ҷумҳурӣ баргашта, маъракаю туйҳои замонавӣ ва никоҳи домоду арўси пушти мизро ҳаром бароварда …агар давлат пойдору қонунаш пойдор намебуд, аҳли зиёро шабеҳи солҳои 20-уми асри ХХ таъқиб мекарданд” [1].
Мутаассифона, чунин зуҳуроти номатлуб, яъне терроризм ва ифротгароӣ дар баробари дигар кишварҳо ба Тоҷикистони мо низ то ба имрўз таҳдид менамояд ва ҷавонони гумроҳ ҳанўз ҳам ба ин ба чунин гуруҳҳои ифротӣ ворид мегарданд. Ҳоло рўйхати шахсони воқеие, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун бо терроризм алоқаманд эътироф шудаанд, ба 2417 нафар мерасад, ки онҳоро мақомоти қудратии мамлакат муайян намудаанд.
Қобили зикр аст, ки нақшаву ниятҳои чунин гуруҳҳои ифротӣ солҳои охир аз ҷониби мақомоти дахлдорӣ ҷумҳурӣ ошкор ва муҷримин ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Бояд хотирнишон сохт, ки дар китоби пурарзиши устод “Терроризм ва экстремизм – падидаҳои номатлуб”, ки он барои кормандони ҷамоатҳо, кумитаи маҳаллаҳо, муассисаҳои маърифативу фарҳангӣ, масъулони ҷодаи тарғибу ташвиқ, коркунони сохторҳои қудратӣ ва доираи васеи хонандагон пешбинӣ гардидааст, баҳри пешгирии наврасону ҷавонон аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои фаъолияташон дар қаламрави кишвар манъшуда бидуни шак мусоидат хоҳад кард.
Лозим ба ёдоварист, ки дар 13 фаслҳои рисола чунин масоили меҳварӣ, аз қабили “радикализм”, “экстремизм”, ва “терроризм” шарҳ ёфта, бо такя ба маълумотҳои Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи Вазорати корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сабабҳои асосии узвияти насли ҷавони тоҷикро ба “Ҷамъияти Ансоруллоҳ”, “Толибон”, “Ҷабҳат-ан-нусра”, “ДИИШ”, “Мусалмонони солеҳ”, “Ҳизб-ут-таҳрир”, “Салафия”, “Гурўҳи 24”, “Ҷамъияти таблиғ” ва ҲНИТ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шудаанд [1, с.54].
Бояд гуфт, ки истифодаи стандартҳои дугонаи кишварҳои Ғарб бо сарварии ИМА нисбат ба аҳзобу созмонҳои ифротгарои исломӣ, аз ҷумла истифодаи онҳо дар кори ташкили инқилобҳои ранга дар кишварҳои исломӣ боиси авҷгирии омилҳои ифротгароию тундгароӣ мегардад, ки ҳодисоти Афғонистон дар моҳи августи соли 2021 намунаи барҷастаи чунин муносибат мебошад. Аз ин рў, ба андешаи муаллифи рисола аксари ҷавононе, ки ба гурўҳу созмонҳои ифротгаро мепайванданд, онҳое мебошанд, ки сатҳи саводи кофӣ надоранд ва ин гурўҳҳо бо истифода аз бесаводию тангназарӣ чунин ҷавононро ба доми худ кашида, боиси гумроҳии онон мегарданд.
Дар охир ба ин нукта бояд ишора фармуд, ки бахусус қисмати хулосавии рисолаи фавқуззикр фарогири муҳимтарин нуктаҳои мавриди баҳс мебошад. Муаллиф дар он аз ҷумла чунин овардааст: “Амалҳои анҷомдодаи террористону экстремистон бештар ба дину мазҳаб робита дошта, рушди илму техника ва инсонияту зиндагии онро инкор мекунад. Дуюм, ифротгароии динӣ ин як навъ кўшиши аз дидгоҳи танги динию мазҳабӣ асоснок кардани фаъолияти гуногунҷабҳаест, ки зўран ғасб намудани ҳокимият, барангехтани душманию бадбинӣ миёни намояндагони динҳои мухталиф, халалдор кардани сулҳу субот ва якпорчагии давлатҳо равона шудааст. Сеюм, ҳеҷ гоҳ таассуб ва ақидаҳои мухталиф инсонҳоро ба ваҳдат ва сулҳ оварда намерасонад” [1, с.89].
Ҳамин тавр, омўзиши китоби мазкур ва таблиғи ғояҳои асосии он аз тарафи кормандони масъули мақомоти ҳокимияти давлатӣ, устодони донишкадаю донишгоҳҳо ва муаллимони макотиби таҳсилоти ҳамгонӣ дар кори пешгирии гароиши ҷавонон ба аҳзобу созмонҳои ифротгаро ва тундгарои исломиро нақши муҳим хоҳад дошт.
Мансурова М.А. – ассистенти кафедраи таърих ва диншиносӣ