Баъзе масъалаҳои пешгирии терроризм ва экстремизм

Муқовимат ба экстремизм дар замони муосир яке аз масъалаи мубрами ҷаҳони имрўза дар риоя ва ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳамчунин таъмини амнияти ҷамъият ва давлат ба шумор меравад. Бинобар он, барои баланд бардоштани самаранокии чораҳои пешгирии терроризм ва  экстремизм бояд тадбирҳои мушаххас андешида шаванд, ки он мутобиқи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 яке аз самтҳои асосии муқовимат ба экстремизм ҳисобида мешавад. Тибқи Стратегияи мазкур дар баланд бардоштани самаранокии чораҳои пешгирии экстремизм бояд чунин самтҳо амалӣ карда шаванд, аз ҷумла:

– васеъ намудани доманаи фаъолияти профилактикӣ, такмили чораҳои пешгирӣ дар асоси таҳлили самаранокии онҳо;

– ошкор ва бартараф намудани сабабҳои асосӣ ва омилҳои ҳаракатдиҳандаи экстремизм ва терроризм;

– ҷалби фаъоли ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шаҳрвандон ба иқдомот доир ба пешгирии экстремизм;

– фаъолтар намудани чорабиниҳои фарҳангию равшаннамоӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, воситаҳои ахбори оммаи электронию чопӣ, мусоидат ба воситаҳои ахбори омма дар ташаккули ҷаҳонбинии муосир, баланд бардоштани фарҳанги сиёсии ҷомеа ва пешбурди ташвиқоти зиддиэкстремистӣ;

– такмили механизмҳои ниҳодии пешгирии экстремизм ва терроризм, ҷалб кардани доираи боз ҳам васеътари мақомоти давлатӣ, дақиқ ва мушаххас намудани вазифаҳо, инчунин беҳтар намудани ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ  ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот доир ба пешгирии экстремизм;

Муқовимат ба экстремизм ин фаъолияти мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва шахсони мансабдори онҳо, инчунин шахсони дигари ҳуқуқӣ, ки ба ҳимояи асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва амнияти давлат, ошкор кардани сабабу шароити ба зуҳуроти экстремизм мусоидаткунанда, инчунин барои огоҳонӣ, ошкор, пешгирӣ, рафъ ва қатъ намудани фаъолияти экстремистӣ ва аз байн бурдани оқибатҳои он равона карда шудааст, мебошад.

Дар баланд бардоштани самаранокии чораҳои пешгирии экстремизм дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» низ самтҳои асосии муқовимат ба экстремизм муқаррар карда шудааст, ки тибқи муқаррароти он ин андешидани чораҳои пешгирикунанда, ки барои огоҳонии паҳншавии мафкураи экстремизм ва фаъолияти экстремистӣ, аз ҷумла ошкор намудан ва бартарафсозии сабабу шароити ба онҳо мусоидаткунанда равона гардидааст, огоҳонӣ, ошкор, пешгирӣ, рафъ ва қатъ намудани фаъолияти экстремистӣ, инчунин ошкор ва тафтиш намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистидошта, ҳамкории байналмилалӣ дар самти муқовимат ба экстремизм, ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти муқовимат ба экстремизм мебошад.

Бо мақсади пешгирии фаъолияти экстремистӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст:

– ташкил, бақайдгирӣ ва фаъолияти ташкилотҳои экстремистӣ ё ташкилотҳое, ки ба экстремизм мусоидат мекунанд;

– фаъолияте, ки ба тарғиби экстремизм алоқаманд аст, аз ҷумла дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тайёр, нигоҳ доштан, воридот, ҳамлу нақл, табъу нашр ва паҳн кардани маводи экстремистӣ;

– созмон додан ва фаъолияти ташкилотҳо, воҳидҳои сохтории (филиалҳо, намояндагиҳои) ташкилотҳои хориҷӣ ё байналмилалӣ, ки мақсад ва амалҳояшон ба фаъолияти экстремистӣ алоқаманд аст;

– истифодаи номи ташкилоти тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон экстремистӣ эътирофшуда дар номгузории ташкилотҳои нав таъсисёбанда;

– ворид шудан, баромадан ё гузаштани транзитӣ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрванд, ки дар фаъолияти экстремистӣ иштирок кардаанд, инчунин ба онҳо додани ҳуҷҷат барои иқомат;

– додани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар фаъолияти экстремистӣ иштирок намудаанд;

– гузарондани маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо, пикетгузориҳо ё чорабиниҳои дигари оммавӣ бо вайрон кардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– истифодаи шабакаҳои коммуникатсионии истифодаи умум, шабакаи интернет ва сомонаҳои иҷтимоӣ барои интишори даъватҳои экстремистӣ;

– кирдорҳои дигари барқасдона, ки ба фаъолияти экстремистӣ шароит фароҳам меоваранд.

Ҳамин тавр, баланд бардоштани самаранокии чораҳои пешгирии экстремизм яке аз вазифаи давлат дар таъмини амнияти конститутсионии шахсият, ҷамъият ва давлат мебошад, ки он барои огоҳонӣ, ошкор, пешгирӣ, рафъ ва қатъ намудани фаъолияти экстремистӣ мусоидат менамояд.

Очилова Ф.А. – н.и.ҳ., дотсент, мудири кафедраи ҳуқуқи маданӣ ва меҳнатии ДДҲБСТ          

 

You might also like