Ғолибияти донишҷӯи ДДҲБСТ дар  даври вилоятии  озмуни “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст”

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҷиҳати тарғиби китобу китобхонӣ, дарёфти донишҷўёни болаёқат ва ҷалби довталабон ба Озмуни ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст”, ки ҳамасола дар сатҳи баланди ғоявию ташкилӣ баргузор мегардад, тадбирҳои саривақтӣ роҳандозӣ шуда, дастпарварони донишгоҳ дар давраҳои шаҳрию вилоятӣ ва ҷумҳуриявии ин озмуни бонуфуз ба дастовардҳои шоёну назаррас ноил мегарданд.

Дар давраи вилоятии озмуни мазкур магистрант, корманди факултети ҳуқуқшиносии донишгоҳ Мадалиева Шамсия аз рӯи номинатсияи адабиёти муосир ба гирифтани ҷои аввал шарафёб гардида, бо диплом ва маблағи пулӣ қадршиносӣ гардид.

Ректори донишгоҳ Шероз Мӯминзода ғолиби озмунро ба ҳузур пазируфта, ба ӯ барои заҳмату кӯшиш ва муаррифии шоистаи донишгоҳ изҳори сипос намуда, дар даври ниҳоии озмун барору муваффақият таманно намуд.                                   

                                                                                           Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

You might also like