Ҳифзи худшиносии миллӣ ҳамчун василаи муқовимат ба бегонапарастӣ
Дар асри XXI ҷаҳон ба марҳалаи нави рушди фарҳангӣ ва иттилоотӣ ворид шудааст. Шабакаҳои иҷтимоӣ, равобити байналмилалӣ ва равандҳои ҷаҳонишавӣ имконият медиҳанд, ки мардум бо фарҳангҳои гуногун шинос шаванд. Аммо ҳамзамон бо ин, таъсири манфии баъзе арзишҳои бегона ба шуури ҷомеа, махсусан ҷавонон, боиси пайдошавии як падидаи нигаронкунанда — бегонапарастӣ гардидааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошии худ ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ аз 4-уми октябри соли 2025 таъкид намудаанд:
«Забони тоҷикӣ дар раванди рушди таърихии худ ҳамчун шаҳсутуни бинои маънавии миллат ва муҳимтарин воситаи инъикоси ҳаёти мардум барои мондагории миллати тоҷик нақши барҷаста бозидааст». Бегонапарастӣ маънои тақлид ба фарҳанг, андеша ва тарзи ҳаёти бегонагонро дорад, ки дар натиҷа инсон ё гурӯҳ аз арзишҳои миллӣ ва худшиносии худ дур мегардад.
Бегонапарастӣ падидаест, ки реша дар заъфи худшиносӣ ва беэътиноӣ ба фарҳанги миллӣ дорад. Ин зуҳурот бештар дар байни ҷавонон дида мешавад, ки тавассути интернет, филмҳо, мусиқӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба таъсири фарҳанги хориҷӣ дучор мешаванд.
Асоси пайдоиши бегонапарастӣ дар заъфи худшиносӣ ва маърифати фарҳангии ҷавонон, муҳити маънавии ноустувор дар оила ва ҷомеа, таъсири бефармони васоити ахбор ва таблиғоти фарҳанги бегона қарор дорад.
Имрӯз нишонаҳои бегонапарастӣ дар либоспӯшӣ, суханронӣ, муносибат ва ҳатто дар муносибат бо арзишҳои миллӣ зоҳир мегарданд. Тавре файласуфи маъруфи ҳинд Амартя Сэн зикр мекунад:
«Зӯроварӣ аз он сарчашма мегирад, ки ба одамони содда ҳувиятҳои якранг ва ҷангҷӯёна бор карда мешаванд, ки онҳоро устодони доғи ифротгароӣ сохтаанд»
Ин андеша баёнгари он аст, ки гум кардани ҳувияти ҳақиқии миллӣ ва тақлид ба дигарон метавонад сабаби парокандагӣ ва низоъ гардад. Бегонапарастӣ боиси камранг шудани ифтихори миллӣ ва гум шудани арзишҳои маънавӣ мегардад. Ҷавоне, ки фарҳанги худро намешиносад, наметавонад аз он дифоъ кунад ва дар сохтмони ҷомеаи миллӣ саҳм гузорад.
Барои пешгирии ин раванд зарур аст, ки корҳои тарбиявӣ ва маърифатӣ пурзӯр карда шаванд. Пеш аз ҳама, оила бояд дар фарзанд ҳисси ифтихори миллӣ, меҳру муҳаббат ба забон, фарҳанг ва таърихи Ватанро бедор намояд.
Дар солҳои охир, таҳлилҳои байналмилалӣ ва гузоришҳои амниятӣ нишон медиҳанд, ки баъзе ҷавонони тоҷик, ки дар кишварҳои хориҷӣ таҳсил мекарданд, бо сабаби таъсири муҳити фарҳангии бегона, набудани дастгирии маънавӣ ва фарҳангии устувор, ба гурӯҳҳои ифротӣ пайвастаанд.
Бар асоси гузориши UNDP (Барномаи Рушди СММ) ва САҲА ҷавонон, ки муҳити иҷтимоиву фарҳангии бегона ва дастрасии бе маҳдуд ба шабакаҳои иҷтимоӣ доштанд, бештар ба ақидаҳои радикалӣ ва ифротӣ ҷалб шуданд. Масалан, як донишҷӯи тоҷик, ки дар донишгоҳи хориҷӣ таҳсил мекард, бо гурӯҳҳои ифротии байналмилалӣ робита барқарор намуда, барои пайвастан ба онҳо ташвиқ гардид.
Ин ҳолатҳо нишон медиҳанд, ки таъсири муҳити бегона ва набудани дастгирии фарҳангии миллӣ метавонанд ҷавононро ба роҳи гумроҳӣ ва ақидаҳои ифротӣ тела диҳанд. Аз ин рӯ, таҳкими худшиносӣ, маърифати фарҳангӣ ва дастгирии маънавии ҷавонон ҳамчун воситаи муассир барои муқовимат ба бегонапарастӣ ва радикализатсия эътироф мешавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таъкид намудаанд:
«Мо бояд зирак бошем ва нагузорем, ки фарҳанги бегона, расму ойин ва тарзи тафаккури ба арзишҳои миллӣ бегона дар зеҳни ҷавонони мо реша давонад. Ҳифзи худшиносии миллӣ, ифтихор аз таърих ва фарҳанги гузашта — сипари устувори миллат аз ҳар гуна хатарҳои бегонапарастӣ мебошад».
Ин суханон нишон медиҳанд, ки ҳифзи худшиносии миллӣ ва арзишҳои фарҳангӣ на танҳо вазифаи дохилӣ аст, балки ба таври байналмилалӣ низ ҳамчун роҳи муассир бар зидди таъсири манфии фарҳангҳои бегона ва ифротгароӣ эътироф мешавад. Ҳамон тавре Созмони ЮНЕСКО таъкид мекунад, маориф ва тарбияи зеҳнии ҷавонон асоси муқовимат ба радикализатсия ва бегонапарастӣ мебошанд.
«Ҳеҷ кас ифротгаро таваллуд намешавад; ӯро чунин месозанд ва ташвиқ мекунанд. Безарар гардондани равандҳои радикализатсия бояд аз гуфтугӯ, эҳтироми ҳуқуқи инсон ва ҳукмронии қонун оғоз ёбад. Маориф абзори пуриқтидорест барои таҳкими масунияти ҷавонон бар зидди ифротгароӣ»
Зуҳуроти бегонапарастӣ на танҳо як падидаи фарҳангӣ, балки масъалаи амнияти маънавии давлат аст. Агар ҷавонон арзишҳои миллӣ ва забону фарҳанги худро эҳтиром кунанд, ҳеҷ нерӯи хориҷӣ наметавонад онҳоро ба фарҳанги бегона тобеъ созад.
Барои мубориза бо ин падида, бояд худшиносӣ ва ифтихори миллӣ дар дилу зеҳни ҳар шаҳрванд реша давонад. Танҳо дар сурати ҳифзи ҳуввияти фарҳангӣ ва маънавӣ мо метавонем Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибфарҳанг, мутамаддин ва пуршараф ба наслҳои оянда мерос гузорем.
Қодирова Наргис Маруфҷоновна -муаллими калони кафедраи таърих ва диншиносии ДДҲБСТ