РАҲНАМОИ МАЪНАВИЯТ

Ҳар гоҳе номи омӯзгор, муаллим ва ё устодро ба забон меорем, пеши назари мо нафари меҳрубон, хоксор, илмдӯсту маърифатпеша, шахсе, ки гоҳо аз волидонамон зиёд барои мо дилсӯз аст, намоён мешавад. Калиди ҳама гуна дастоварду пешравӣ ва хазинаи маънавию илмӣ маҳз муаллим ба шумор меравад.

Муаллим аввалин ғунчаҳои боғи ҳаётро дар рӯҳияи некандешӣ ба воя мерасонад. Чашми онҳоро ба сӯи оламу одам боз мекунад ва сабаби такомули шахсияти онҳо мегардад. Дар ҳамаи давру замонҳо омӯзгор байни мардум эътибори вижае доштаву дорад. Ривоҷи тафаккур ва маънавияти насли ҷавон маҳз ба ибтикору кӯшиши ӯ вобаста аст.

Асосгузори сулҳу  ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому нақши омӯзгорро дар ҷомеа баланд арзёбӣ намуда, таъкид менамоянд: «Омӯзгорӣ муқаддастарин пешаи рӯйи олам аст. Бедории фикр, покизагии ахлоқ ва ташаккули ақлонии инсон маҳсули ранҷу машаққати омӯзгорон мебошад. Миллате, ки ба илму дониш ва фарҳангу маънавиёт арҷ мегузорад, миллати ояндадор ва тавонову соҳибтамаддун аст. Ҷомеае, ки ба аҳли маориф, ба устод–омӯзгор, зиёӣ эҳтиром намегузорад, ба пешрафт муваффақ шуда наметавонад».

Воқеан, дар даврони соҳибистиқлолӣ бо дастгириҳои бевоситаи Роҳбари давлат дар кишвар таваҷҷуҳ ба бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалӣ ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор гирифтааст. Ба андешаи созандаи Роҳбари давлат бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободу босаодати Ватан мебошад.

Имрӯзҳо дар кишвари мо барои баланд бардоштани савияи таълими омӯзгорон як қатор чорабиниҳо роҳандозӣ шудааст, ки барои ҳарчӣ вусъат ёфтани малакаи омӯзгорони ҷавон имконият фароҳам меорад. Кӯмак ба омӯзгор ин кӯмак ба ояндаи ҷавонон аст, агар эҳтиёҷи моддиву маишии омӯзгорон таъмин шавад, онҳо ба тарбияи насли босавод ҳиммат мегузоранд ва дар натиҷа истеъдодҳои зиёд кашф мегардад. Бо дарназардошти ин ҷиҳатҳо Ҳукумати кишвар барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии муаллимон ва афзун кардани малакаи касбии онҳо чораҳои зарурӣ меандешад, ки боиси хурсандист.

Муаллим воқеан офтобест, ки ҷаҳони маънавии инсонро нурболо мегардонад. Омӯзгор машъали фурӯзонест, ки тинати мардумро нур мебахшад, вай барои он ки оламро равшан созад, худ як умр месӯзад. Ӯ офтобест, ки ҷаҳони маънавии инсонро нуронӣ мегардонад ва ӯро ба сӯи наҷот раҳнамун месозад.

Арасту гуфтааст: «Шогирдон дар назди устоди худ нисбат ба волидон бештар қарздоранд. Агар волидон онҳоро ба дунё оварда бошанд, омӯзгор дунёи эшонро рангин сохтааст». Ин ҳақиқати маҳз аст. Маҳз муаллим барои инсон роҳи донишу маърифатро мекушояд ва ба ҷаҳони ботинии шогирдон тухми ақлу хирад мепошад. Бар асари заҳмати устодон боғи маърифат ва ҷаҳони маънавии наврасону ҷавонон бор оварда, ҷомеа боз ҳам рушду камол меёбад.

Агар модар ҷаҳони орзуҳои фарзандро кушояд, омӯзгор мушкилкушои пайроҳаи зиндагии шогирд аст. Муаллим хонандаро ба фазои илму дониш дохил намуда, ӯро дар ҳар дарс пай дар пай омӯзонда, ба сӯи қуллаҳои баланди дониш мебарад.

Дар ҳақиқат, дар бинои илму дониш ва фазлу камол хишти аввалро муаллим мегузорад. Муаллим аз пешравии кори шогирдонаш шод мешаваду меболад, зеро комёбии шогирдон самараи ниҳоли ба камолрасондаи муаллим аст.

Азбаски омўзгор машъалафрўзи ҷаҳони маънавӣ ва нурбахши зиндагӣ маҳсуб мешавад, ин рисолат ўро дар ҷомеа сазовори обрў ва эҳтироми хоса гардонидааст. Аз аҳди бостон то инҷониб мақоми муаллим, нафаре ки ба фарзандони мардум донишу маърифат меомўзад, онҳоро таълиму тарбия мекунад, хеле баланд аст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар мулоқот бо омӯзгорону хонандагон аз худ кардани барномаҳои таълимӣ, кор бо техникаю технологияи муосир ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ ҳидоятҳои судманд медиҳанд.

Бесабаб нагуфтаанд:

Устод агар набудӣ, илму ҳунар набудӣ,

Устод агар набудӣ, ин зебу фар набудӣ.

 

И.в. мудири кафедраи фанҳои риёзию табиатшиносии муосир,н.и.ф-м, дотсент Муродова М.Н.

You might also like