Баргузории “Ҳафтаи дарҳои кушод” бахшида ба Рӯзи китоб ва 34–солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Истиқлолият – асоси пойдории давлат”
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки мардуми шарафманди Тоҷикистон дар ин рўзҳои шодиву фараҳманд ҷашни бузурги миллӣ – 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои сулҳу субот, рушди устувор ва осудагии фарогир таҷлил менамоянд.
Истиқлолият беҳтарин неъмат ва гаронтарин арзиш барои ҳар давлату миллат мебошад. Тоҷикистон давоми 34 – соли Истиқлолият дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои ҷаҳонии ин шахсияти тавоно тавонист ҷойгоҳи шоистае дар арсаи байналмилалӣ барои худ касб намояд. Имрӯз аз баракати истиқлол миллатеро бо номи тоҷик ва кишвареро бо номи Тоҷикистон кулли мардуми сайёра мешиносанд ва дар арсаи ҷаҳонӣ мақоми хосаеро дорост.
Бахшида ба ин санаи фархунда дар ҳамаи факултетҳои Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон силсилачорабиниҳо баргузор гардида истодаанд.
Дар донишгоҳ тибқи нақшаи ҳафтаинаи китобхонаи илмӣ аз санаи 03.09.2025 то 11.09.2025 бахшида ба Рӯзи китоб ва 34–умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҳафтаи дарҳои кушод ” таҳти унвони “Китоб – ганҷи бебаҳо” ва “Истиқлолият – асоси пойдории давлат” барои донишҷӯёни бахши аввали факултетҳои донишгоҳ баргузор гардид.
Қайд кардан бамаврид аст, ки ҳамасола дар ҷумҳурӣ санаи 04 сентябр ҳамчун «Рӯзи китоб» ҷашн гирифта мешавад. Китоб ин бузургтарин маъхази гаронбаҳоест, ки бояд қадру манзалати хешро дошта бошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронияшон қайд менамоянд, ки «… Бузургтарин асрори бақову ҳастии миллати тоҷик пайванди ногусастанӣ бо қаламу китоб аст. Бинобар ин, шумо – ҷавонон бояд идомадиҳандаи суннатҳои неку писандидаи аҷдодони худ бошед ва дили худро бо чароғи илму дониш равшан созед».
Дар ин радиф, дар толори китобхонаи илмӣ бахшида ба таҷлили иди бузург намоиши китобҳо баргузор гардида, асарҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, осори илмӣ ва таълимии устодони донишгоҳ вобаста ба тахассусмандӣ, адабиёти навворидшуда ва китобҳои бадеӣ ба маърази хонандагон пешниҳод гардид. Китобдорон китобҳоро муаррифӣ намуда, корҳои фаҳмондадиҳиро оид ба қоидаҳои истифодабарӣ аз китобхонаи анъанавӣ ва электронӣ ташкил намуданд.
Инчунин ба китобхонаи илмии донишгоҳ хатмкунандагони литсейи ДДҲБСТ, ки хонандагони синфи 11 мебошанд, даъват карда шуданд. Теъдоди зиёди онҳо ихтисоси худро муайян намуда, орзу доранд, ки дар оянда донишҷӯи ин даргоҳи илму маърифат гарданд.
Мутолиаи маводи таълимӣ дар раванди омӯзиш барои донишҷӯён заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард, зеро китобҳои мазкур ҷиҳати гирифтани дониши мукаммал ва маълумоти аниқу саҳеҳ, вобаста ба тахассусмандӣ барои донишҷӯён хизмати арзишмандеро анҷом хоҳад дод.
Мақсади баргузории муаррифии китобҳои тозанашр ин ҷалби бештари донишҷӯён ба китобхонаву китобхонӣ, иштироки онҳо дар ҷараёни дарсҳо бо маводи таълимӣ, ҳамчунин шинос намудани донишҷӯён бо имкониятҳои китобхонаи илмӣ ва электронӣ мебошад. Дар “Ҳафтаи дарҳои кушод” донишҷӯёни курсҳои аввал ва устодони донишгоҳ фаъолона иштирок намуданд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа