Оғози ҳар як сухан аз Суруди миллист!
Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон, хосса, ҷавонон хушиқболи давру замони хеш ҳастанд. Зеро чӣ дар ҳамоишҳои илмӣ, таҳсил, истироҳат, кору фаъолият, ҳаётгузаронӣ ва дар садову симо ҳама бо шукргузорӣ дар васфи истиқлолият, расидан ба ваҳдати комил ва рушди ҳамаҷонибаи он ҳарф мезананд. Ба сарвари давлати худ ва муқаддасоти он эҳтироми хоса мегузоранд, бо тамоми бурду бохташ кишвари худро дўст медоранд ва марзу буми хешро ҳифз менамоянд.
Инсоният дар таърихи тӯлонии худ дар роҳи тамаддуну фарҳангофарӣ, эҷоду созандагӣ, бунёдкорӣ, офаридани таърих, санъат, дину мазҳаб, адабиёт, ахлоқ ва дигар арзишҳои маънавӣ рамзҳои зиёдеро эҷод ва корбаст намудааст, ки онҳо таърих, саргузашт, мазмуну моҳияти худро доранд. Агар ба суруди миллӣ ба назари таҳқиқ ва таҳлил нигарем, ҳар як суруди миллӣ то андозае равшангари таърих, сарнавишту саргузашти қавмҳо, халқиятҳо, миллату давлат, инъикосгари фарҳангу тамаддун, орзуву ормонҳои мардуманд. Дар гузаштаи начандон дури таърихӣ ба масъалаи шинохту таҳқиқи Рамзҳои давлатии Тоҷикистон эътибори начандон зарурӣ дода мешуд ва на танхо дар муҳити ҷамеа, балки дар муҳити илмии кишвар низ ба он таваҷҷўҳи кам зоҳир мегардид. Баъди соҳибистиқлол гаштани Тоҷикистон аз ибтидои солҳои 90-уми қарни гузашта шавқу рағбат нисбати Нишон, Парчами давлатӣ ва Суруди миллӣ нафақат байни таърихшиносон, инчунин байни қишрҳои мухталифи ҷомеаи кишвар афзуд. Насли навраси кишварамон бештар ба таърихи рамзҳои сиёсӣ, давлатӣ ва миллиамон, ки гузаштаи давлат, мамлакат ва халқро ифода мекунанд, рў оварданд. Таваҷҷўх ба ин мавзўъ аҳамияти бузурги тарбиявӣ дорад, зеро туфайли омӯзиши маводҳо дар бораи рамзҳои давлатӣ ва аҳамияти муҳимтарин ҷузъиётҳои он, мо метавонем бо мероси бой ва нодири таърихии гузаштагонамон ошно шавем, беҳамто ва нотакрор будани кишвари азизамонро дарк намоем, эҳсосоти волои эҳтиром ва муҳаббатро нисбати Ватан ташаккул диҳем. Ин нуктаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин шарҳ додаанд: «Рамзҳои давлатӣ ҳастӣ ва ифтихори миллии мо буда, гувоҳи барҷастаи Истиқлолияти давлатӣ, таҷассумгари ифтихори миллӣ ва ору номуси ватандорӣ мебошанд».
Суруди миллӣ аз зумраи муқадддасоти мо тоҷикон буда, эҳёгари ҳисси хештаншиносии ҳар як фарди кишвар мебошад. Аз ин лиҳоз ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз сину сол, нажод, эътиқоди динӣ бояд дар бораи суруди миллӣ маълумот дошта бошад. Танинандоз гардидани суруди миллӣ ба дили кас илҳом мебахшад, шахсро ба сӯи фатҳи қуллаҳои нав ба нав ҳидоят менамояд, корнамоии бе мислу монандро тараннум мекунад. Суруди миллӣ 7 сентябри соли 1994 дар Иҷлосияи XIX Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст. Он ифодагари орзуву умед ва дархостҳои наҷиби халқ мебошад, ки имрӯз дар байни мардум маҳбубияти хоса касб кардааст.
Садо додани суруди миллӣ дар мавриди ба фаъолияти худ оғоз намудани иҷлосияҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаи худро аз суруди миллӣ оғоз намудани телевизион ва радиоҳои ҷумҳурӣ, сароида шудани суруди миллӣ ҳангоми сафари расмии сарвари давлат ба дигар давлатҳо, ҳангоми барафрохтани парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мусобиқаҳои байналмиллалӣ бо шарофати варзишгарони бонангу номуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахс рӯҳу илҳоми тоза мебахшад, оғози рузи навро бо ҳидояти нек шурӯъ менамояд. Мо аҳли устодон ва омӯзгорони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон иқдоми маорифчиёни Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшонро нисбати бо Суруди миллӣ оғози машғулиятҳои дарсиро пурра дастгирӣ менамоем.
Олимов Д.Р. – асистенти кафедраи
таърихи халқи тоҷики ДДҲБСТ