Дар ДДҲБСТ ба 350 нафар шунавандагони курсҳои тайёрӣ ва забономӯзӣ шаҳодатнома супорида шуд
20 майи соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон маросими супоридани шаҳодатномаҳо ба шунавандагони курсҳои тайёрӣ ҷиҳати омодагӣ ба имтиҳонҳои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва курсҳои забономӯзӣ баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ муовини ректор оид ба таълим, дотсент Мӯминзода Шероз Абдуҷаббор, котиби масъули комиссияи қабули донишгоҳ дар соли хониши 2024–2025, декани факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ, дотсент Дониш Майнусов, роҳбарияти шуъбаи тайёрӣ ва устодони курсҳо иштирок намуданд.
Мӯминзода Ш.А. дар суханронии худ аз таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф ва дастгирии ҷавонон ёдовар шуда, имкониятҳои мавҷуда дар донишгоҳро барои таҳсилу рушди касбӣ муаррифӣ намуд.
Мудири шуъбаи тайёрии донишгоҳ Ачилова Дилором оид ба фаъолияти курсҳои тайёрӣ ва забономӯзӣ маълумот дода, қайд кард, ки дар соли хониши 2024–2025 шумораи шунавандагон ба 350 нафар расид, ки нисбат ба соли гузашта 310 нафар зиёд аст. Шунавандагон аз рӯи панҷ кластер дарсҳоро аз фанҳои гуногун, аз ҷумла забону адабиёти тоҷик, таърих, ҳуқуқ, география, химия, физика, математика, биология ва забони англисӣ фаро гирифтанд.
Дар ҷараёни таълим усулҳои муосири омӯзиш ва воситаҳои техникии инноватсионӣ ба таври самаранок истифода шуда, дарсҳо бо усули амалӣ ва кор бо тестҳо баргузор гардиданд. Пас аз анҷоми ҳар мавзуъ, сатҳи донишу малакаи шунавандагон аз ҷониби устодон мавриди баҳогузорӣ қарор гирифт.
Дар интиҳои чорабинӣ ба ҳамаи 350 нафар шунавандагони курси тайёрӣ шаҳодатномаҳои хатм супорида шуданд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа