Чоҳкани Кабирии зери чоҳ аст
Мардуми шарифи Тоҷикистон имрўзҳо шукрона аз соҳибистиқлолӣ, ободиву осоиштагии миллат мекунанд. Аммо як зумра душманони кишвар мехоҳанд мардумро бо роҳи фиребу найранг ба коми зулмат баранд. Ин гурўҳи ифротгароён сиёсати кунунии Ҷумҳурии Тоҷикистонро маҳкум намуда, мехоҳанд давлати мусулмонӣ барпо намоянд. Онҳо андеша доранд, ки бо созмон додани хилофати мусулмонӣ гўё охирати комилро ба даст меоранду ҷойгузинашон ҷаннат хоҳад шуд, вале фикри инро надоранд, ки чи қадар ҷавонмардону ҷавонзанҳоро гумроҳ намуда, ҳаёти онҳо ва наздиконашонро заҳролуд мегардонанд.
Мутаассифона ҷавонони бехабар аз дониши динӣ ва хурофотпараст ба доми фиреби гурўҳҳои тундрав дохил мешаванд. Аъзоёну пайравони чунин равияҳо даъват ба ҷиҳодро алайҳи кофирон кори муқаддас ва савоб ҳисоб мекунанд, ки ҳазорон ҳазор мардумонро ба коми фано кашидааст. Ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ-экстремистӣ ба худ қолаби дини мубини исломро гирифта, мехоҳанд ба нияти нопоку разили худ бирасанд. Исломшиносон ва рўҳониён борҳо таъкид намуданд, ки гурўҳҳои террористиву экстремистӣ ба дини мубини ислом ҳеҷ робитае надоранд. Мақсаду мароми аслии ин гуна ифротгароён танҳо ба даст овардани ҳукумату давлат мебошад. Чӣ қадаре, ки хоини миллати тоҷик Муҳиддин Кабирӣ ташкилот, иттиҳодия ё дигар равияву ҳаракатҳоро ташкил диҳад, ҳамаашон умри кўтоҳ доранду баста хоҳанд шуд, зеро дар урфият мегўянд, чоҳкан зери чоҳ мемонад.
Ин гурўҳи кўчаки нотавон бояд аз хотир набароранд, ки Тоҷикистони биҳиштосо яккаву танҳо нест ва қудрату тавоноии нобуд сохтани чунин равияҳову ҳизбу ҳаракатҳоро дорад. Тоифаи террористону экстремистон ба хотир дошта бошанд, ки давлати демократии Тоҷикистон таҷрибаи бойи мубориза бар зидди терроризмро дорад ва давлатҳои хориҷа ин сиёсати пешгирифтаи сарвари давлатро ҳамаҷониба тарафдориву дастгирӣ менамоянд.
Хушбахтона мардуми кишварамон аз ниятҳои нопоки чунин ташкилотҳо бохабар ҳастанду намегузоранд, ки чунин нохалафҳо ҳаёти осоиштаи халқро халалдор кунанд ва бар зидди чунин равияҳо дастҷамона мубориза бурда истодаанд. Мо ҳамватанон новобаста аз синну сол, касбу кор бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, якҷоя муҳофизу нигаҳдорандаи ин давлат бошем, токи ягон душман хоҳ аз дохил бошад, хоҳ аз берун ин кишвари биҳиштосои моро шикаст дода натавонад.
Каримов Р.А. – н.и.и., дотсенти
кафедраи хадамоти гумруки ДДҲБСТ